Нашрияи Омӯзгор

Методҳои гуногуни хониш ва дарки маънӣ

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 873        Шарҳ: 0

 

Шарти асосии дуруст хондану навиштан таҳлили овозию ҳарфист. Барои таҳлили овозӣ- ҳарфӣ калимаҳоро аз нутқи мураттаб (пай дар пай) ҷудо намудан зарур аст. Таҳлили овозӣ мад кашида талаффуз кардани овозҳои алоҳидаи калима мебошад. Танҳо баъди буррою баланд талаффуз кардани  овозҳою дуруст шинохтани ҳарф ба хониш сар мекунем. Воҳид ё ченаки хурдтарини хониш ҳиҷо аст. Хониши буррову дурусти кӯдак барои дарки маънии матн нишондоди хуб шуда метавонад. Хониши дуруст. Чаро ин навъи хониш дар ҷойи аввал гузошта шудааст? Ибтидои ҳамаи фаъолиятҳои шогирдон аз хондан шурӯъ мешавад ва ҳадафи асосӣ ин аст, ки хониш аз ҳар ҷиҳат дуруст бошад. Зинаҳои хониши дуруст инҳоянд:

• машқҳои тақлиди овоз;

• таҳлили овозӣ;

• талаффузи дурусти овозҳо;

• хониши равони ҳиҷоӣ;

• хониши равони калима.

Агар талаффузи овозҳо ва хондани онҳо дар калимаҳо дуруст ва пай дар пай ба роҳ монда шавад, хонандагон дуруст хонданро ёд мегиранд. Барои ба ин мақсад ноил шудан фаъолиятҳои гуногун, аз ҷумла, бозиҳоро истифода бурдан лозим аст.

Хониши равон. Баъди равнақ додани хониши дуруст бояд кӯшиш намуд, ки шогирдон матнро равон бихонанд, зеро хониши равон барои фаҳмидани маъно нақши асосиро мебозад. Барои инкишофи хониши равон дар баробари пайваста хондан, шарҳи калимаҳои душвор пеш аз хондан хеле муҳим аст. Чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки хонандагон бо ин калима чанд маротиба вохӯрда шинос шаванд. Усули дигар хониши хомӯшона мебошад. Хониши хомӯшона як камбудӣ дорад: дурустии онро  муаллим назорат карда наметавонад. Аз ин рӯ, пеш аз хониши хомӯшона муаллим ягон вазифа ё савол мегузорад ва хонандагон ҳангоми хондан ба ин савол ҷавоб меҷӯянд.

Хониши бошуурона. Мақсади асосии хониши дуруст ва равон дар он аст, ки он бо хониши бошууронаи хонандагон мусоидат менамояд. Хониши бошуурона вақте муяссар мегардад, ки маънои ҳар як луғати матн, алоқа ва муносибати калимаҳо дар ҷумла, муносибати фикр дар матнҳои комил фаҳмидаву дарк карда шавад.

Хониш бо мақсади дарки маънӣ қобилияти фаҳмидан, шарҳ додан ва истифодаи маълумотест, ки аз матн бармеояд.

Навъи якуми хониш бо мақсади дарки маънии хониши дақиқназарона ва мақсаднок аст. Ҳадафи ин навъи хониш қобилияти фаҳмидан ва ба ёд овардани маълумоти матн аст.

Навъи дуюми хониш бо мақсади дарки маънӣ дедуктивӣ номида мешавад. Дар дарки хониши дедуктивӣ дар бораи мазмуни матн, сабаб ва таъсири воқеа дар таркиби матн, пешгӯйии воқеа, маълумот дар бораи қаҳрамонон ва идеяи асосие, ки дар матн ифода гардидааст, хонандагон хулоса мебароранд. Ин маълумот ба маълумоти хониши якум монанд нест, зеро он маълумот дар матн нест. Намунаи дарки дедуктивӣ чунин аст:

Шукрона мушеро дид, ки аз гурба мегурехт. Муш барои худ  паноҳгоҳ меҷӯяд. Гурбаи чолок ӯро таъқиб мекард. Нохост Шукрона хурсандона дод зад. Ба фикри шумо, чаро Шукрона фарёд зад? Чӣ ҳодиса рӯй дод?

Агар хонанда ин порчаро хонда ҷавоб гӯяд, ки «Муш ба сӯрохие даромада, аз марг наҷот ёфт», пас, ин навъи хониш дарки дедуктивӣ ҳисоб меёбад.

Навъи сеюми хониш хониши дарки баҳогузорӣ мебошад. Дарки баҳогузорӣ ин аст, ки хонандагон мазмуни матнро ба воситаи муқоиса бо ҳаёти воқеӣ баҳогузорӣ мекунанд. Дар навъи дарки баҳогузорӣ хонанда бояд худро дар ҷойи қаҳрамон гузорад ва шарҳ диҳад, ки дар ҳамон ҳолат чӣ кор хоҳад кард. Ин матнро бо матни дигар бояд муқоиса ва  фарқи ҳодисаҳои матнро муайян кунад.

 

Гулдона Алламуродова,

 омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №4-и ноҳияи Данғара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш