Нашрияи Омӯзгор

Маърифатманде зи мо рафт

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

(Дар сӯгвории Раҳматуллоҳи донишманд)

 Раҳматулло мисли бародарони бузургсолаш Абдулло, Абдуҷаббор ва Абдуғаффор вақтҳои фориғ аз кор худро ба ҳалқаи пирони рӯзгор мезад. Ҳаёти худро бе китоб тасаввур намекард...

Бародарони ташнаи илму маърифат аз даргоҳи  падар пасопеш озими шаҳри Душанбе шуданд.

Ҳамсафи ҷавонони толибилм, ҷигарбандони мӯйсафеди Абдулазизи Раҳмон имтиҳоноти қабулро муваффақона супорида, соҳиби дафтарчаи донишҷӯӣ гардиданд. Аз ин бахти баланд сари падар ба осмон мерасид. 

Раҳматулло Раҳмонзода, доктори илмҳои тиб, профессор, ноиби президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо таълифи асарҳои «Современное представление о клинико-генетической и молекулярной основе миодистрофии дюшенна» (Душанбе, 2001), «Асосҳои генетикаи  (вирсияти) тиббӣ ва амрози асабия» (дастури амалӣ бо ҳаммуаллифии А.М. Пӯлодов, Душанбе, 2002), «Амрози сорӣ ва сорӣ-гармбодии силсилаи аъсоб» (бо ҳаммуаллифии А.М. Пӯлодов, Душанбе, «Сурушан», 2002), «Асабшиносӣ» (бо ҳаммуаллифии А.М. Пӯлодов, Душанбе, «Полиграф Групп», 2011), «Алоим ва бемориҳои нейростоматологӣ» (бо ҳаммуаллифии Н. М. Наҷмиддинова, Душанбе, 2011), «Определение нейропсихологических функций при триходесматоксикозе» (бо ҳаммуаллифии М.Т. Ғаниева, М.О. Исрофилов (Душанбе, 2013), «Ҷадвалҳои маъмули асабшиносӣ» (Душанбе, 2013), «Цереброваскулярные заболевания, особенности клинической диагностики» (Душанбе, 2016), «Издивоҷи хунӣ ва оқибатҳои он» (Душанбе, 2016), «Основы медицинской генетики и нейрогередитарные заболевания» (Душанбе, 2017) ва «Никоҳи хешутаборӣ ва солимии оила» (Душанбе, 2017)… дар пешрафти илми асабшиносии тоҷик хидмати арзишманд кардааст.

Олими пурмаҳсули тоҷик Раҳматулло Раҳмонзода дар айни камолоти эҷодӣ моро падруд гуфт. Муболиға  намешавад, агар бигӯем, ки роҳи нотамоми донандагони соҳаи тибро ӯ идома мебахшид.

Солҳо мегузаранд, насли пешин ҷояшро ба пасовандон медиҳад. Тахассусмандони соҳаи тиб асарҳои бо заҳмат иншонамудаи Раҳматулло Раҳмонзодаро варақ гардондаву баҳраи бепоён бардошта, мавзӯоти илмияшонро пурра месозанд. Шояд нафаре пайдо шавад, ки аз рӯи фаъолияти илмии ин донишманди мумтоз рисолаи номзадӣ ё докторӣ ба дифоъ бирасонад.

Аҷали бераҳм дар 56-солагӣ шахсиятеро аз миёни мо рабуд, ки барои дигарон рӯзгори ибратбахш дошт. Ӯ зиндагиро бо шебу фарозаш бо камоли хирадмандӣ омӯхтаву дар муносибат бо атрофиён хоксор, чашмсер, ғамгусор, бекина, дардошнову таҳаммулпазир ва мардумписанд буд. 

Ниёиш мекунам, ки хонаи охирати дӯсти арҷмандамон пурнур бошаду ҷояш фирдавси барин.

 

Сипеҳри Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш