Нашрияи Омӯзгор

Даст ба дасти ҳам бидиҳем

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Тарбия дар баробари таълиму омӯзиш аз омилҳои калидӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба шумор рафта, омӯзгорон (роҳбарони синф) вазифадоранд, ки дар тарбияи хештаншиносӣ ва эҳсоси волои ватандӯстии хонандагон нақши судманду муассир гузоранд. Омӯзгор дар машғулиятҳои тарбиявӣ, ҷамъомадҳои умумимактабӣ бо иштироки падару модарони хонандагон ва чорабиниҳои гуногуни беруназсинфӣ метавонад дар тарбияи шогирдон саҳм гузорад. Ҳамчун роҳбари синф вай бояд зуд-зуд ба хонаи волидони хонандагон рафта, дар хусуси рафтору кирдор ва ахлоқи онҳо суҳбат анҷом дода, барои пешгирӣ намудани фарзандони эшон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб ва ҷиноӣ саъйю талош намояд. Ҳамчунин, роҳбари синф дар ҷамъомадҳои мактабӣ ва ҷаласаҳои синфӣ  волидони хонандагонеро, ки дониши суст дошта, фаъолияташон назаррас нест, даъват намуда, ҷиҳати дарсазхудкунӣ ва фароҳам овардани шароити хуби омӯзиш ба фарзандон бо онҳо суҳбат кунад. Яке аз паҳлуҳои самарабахши кори роҳбари синф, таҳлилу тавзеҳи бобҳову моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба шумор меравад. Зеро қисме аз волидон масъулиятро аз дӯши худ соқит карда, ба тарбияи фарзандон бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Дигар аз масъалаи муҳим, ки дар тарбияи хонандагон нақши бузург мебозад, ба мутолиаи осори бадеӣ ҷалб гардидани онҳо мебошад, ки мутаассифона, на дар ҳамаи оилаҳо ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Ҳол он ки падару модарон, бо нашри густурдаи асарҳои адибони тоҷик ва ҷаҳон имконоят доранд, ки ин осорро аз мағозаю фурӯшгоҳҳо харида, фарзандонашонро талқину таъкид намоянд, ки ҳар чӣ бештар китоб мутолиа кунанд. Мутолиаи осори бадеӣ инсонро тарбия карда, доираю фаҳмишу ҷаҳонбинии ӯро комил месозад.

Умуман, тарбияи мукаммали  шогирдон аз маҳорату санъати роҳбарии омӯзгор ва маъмурияти мактаб вобастагии зич дорад.

Мавлуда Қодирова,

мураббияи ширхоргоҳи №4-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш