Нашрияи Омӯзгор

Дар роҳи мубориза бар зидди коррупсия бетараф набошем

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 771        Шарҳ: 0

 

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, сатҳи эътимоди шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар таърихи тамаддуни ҷаҳон якчанд ҳазорсоларо дар бар мегирад. Агар ба таърихи муборизаи давлат ба муқобили коррупсия назар афканем, ба чунин хулоса омада метавонем, ки ҳанӯз дар замони пайдоиши нахустдавлатҳои қадим, ҳалли ин масъала ба яке аз муаммо табдил ёфта буд. Мутахассисони замони муосир муайян намудаанд, ки коррупсия дар ҳамаи давлатҳо, новобаста аз шакли идоракунӣ, вазъи сиёсӣ, шакли моликият ва низоми мафкуравӣ ҷой дорад.

Бо иқдоми Созмони Милали Муттаҳид санаи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи давлати Мексика ҳамоиши баландпояи сиёсӣ бо ширкати намояндагони зиёда аз сад давлати ҷаҳон баргузор гардид. Дар конфронс Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия таҳия гардид, ки кулли намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ҷиҳати тарафдорӣ ба Конвенсия имзои худро гузоштанд.

 Аз он рӯз инҷониб, 9 декабр чун “Рӯзи муборизаи байналмилалӣ бар зидди коррупсия” дар ақсои олам эълон гардида, он ҳамасола бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

Зарурати эълом доштани паймони мазкур дар сатҳи байналмилалӣ далели он буд, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон амалҳои коррупсионӣ ба авҷи аълояш расида, ҳолати ташвишовар ва нигаронкунанда дошт. Ин доғи рӯз торафт дар тамоми давлатҳои ҷаҳони муосир вусъат ёфта, барои амният ва суботи ҷомеаи мутамаддин таҳдиди ҷиддиро ба вуҷуд оварда, ба раванди ниҳодҳои демократӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва адолати иҷтимоӣ монеаи бузургеро пеш оварда буд. Дар як вақт ҳамқадами пешрафти ҷомеа амалҳои коррупсионӣ аз масъалаи минтақавӣ берун баромада, ба ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз қабили ҷиноятҳои терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баробар гашта, хатари ҷиддии умумиҷаҳониро дар пай дошт.

Ҷиҳати вусъат бахшидан баҳри мубориза бар зидди коррупсия ва дастгирии ҳамаҷонибаи Конвенсияи СММ аз моҳи январи соли 2007 мақоми махсусгардонидашуда Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуда, он фаъолияти пурсамари худро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда истодааст.

Ташкил ёфтани ин мақомот гардиши куллӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсияро ба миён оварда, то инҷониб якчанд санади меъёрии ҳуқуқии мутобиқ ба талаботи конвенсияҳои байналмилалиро қабул ва дар амал татбиқ намуд. Илова бар ин, 26 январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва 30 августи соли 2013 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардида, иҷроиши талаботи Стратегияҳои мазкур ба таври дахлдор таъйин гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар Стратегияҳои мазкур ба таври мушаххас ва мукаммал тамоми ҷабҳаҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои нави пешгирии амалҳои коррупсионӣ дарҷ гардидааст.

Решаҳои коррупсия дар

таърихи инсоният

Агар баъд аз сохтори ҷамоати ибтидоӣ ба сохти давлатдориву давлатсозӣ назар кунем, ба хулосае мерасем, ки ришва як амали номатлуби ҷамъият буда, решаҳои таърихӣ доштааст. Пораву тамаъҷӯӣ ва фасодкорӣ ҳанӯз баробари ташаккулёбии давлатҳои аввалини таърихӣ зуҳур карда, бештар дар бобати харидани мақомоти судӣ, соҳиб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва пайдо кардани баъзе муносибатҳои дӯстона бо арбобони давлатӣ дар осори таърихӣ ба чашм мерасанд.

Дар таъриху таърихнигорӣ истилоҳи коррупсия дар кам ҷой ба чашм расад ҳам, аммо ишораҳои бештар ҳанӯз дар ҳазораи сеюми пеш аз милод дар Чини қадим, Ҳиндустон, Мисри қадим дар рӯи гилтахтаҳо ва сангҳо навишта шуда будааст.

Истилоҳи коррупсия дар аввалин адабиёти ҳуқуқӣ ва динии Юнони қадим, Мисри қадим, Ҳинд ва Чини қадим ва дигар тамаддунҳои қадимтарини дунё ба чашм мерасад. Масалан, дар китоби «Тарбияномаи Геракл ба писараш Мерикар» омадааст: «Агар хоҳӣ, ки ба тамоми халқ сухани ту коргар бошад, кӯшиш намо, ки аз мансабдорони империя ягон зарраи даромад дарёфт накунӣ, зеро забони ту дар ҳузури онҳо кӯтоҳ ва ҳамаи умури давлатдории ту фано меёбад».

Дар умум бояд гуфт, ки коррупсия ин хурдашавии пояи ҳокимият аст, ҳамон тавре ки  занг оҳанро фарсуда менамояд, коррупсия низ дастгоҳи давлатро хароб намуда, устувории ахлоқи ҷомеа ва бовариро ба он коста мегардонад ва ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ соҳаҳои асосии ҳаётан муҳимми шаҳрвандонро фаро гирифта, ба шуурнокии ахлоқӣ ва ҳуқуқии онҳо ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз ҷиноятҳои ошкоргардидаи характери коррупсионидошта дар баъзе аз ташкилоту муассисаҳои давлатӣ  ва ғайридавлатӣ аз нокифоя будани донишу малака, муносибату муоширати  шахсони мансабдор  ба вуқӯъ мепайвандад. Чунончи, файласуфи Чини қадим Мотс Зӣ дар яке аз асарҳояш ёдовар шудааст. «Беэҳтиромӣ нисбат ба хирад ва ашхоси бехирадро мансаб додан боиси бенизомӣ ва рух додани фалокат дар ҷомеа мегардад».

Дар замони ҳахоманишиҳо, ки салтанаташ то Камбуҷа доман густурда буд, як қозӣ бар ивази пул ҳукми ноодилона содир намуд. Сипас, бо фармони Шоҳ Дориюш пӯсти он қозиро канда, ба курсии кориаш рӯйпӯш карданд.

Шоҳ Дориюш ба писари он қозӣ дастур дод, ки ба ҷои падараш қозӣ шавад ва ба курсии рӯйпӯши пӯсти падараш биншинад ва доимо ба хотир дошта бошад, ки ҳар нафари ришвахорро оқибати кор чунин аст.

Дар давлатдории дунявӣ аввалин санад ё худ қонуни махсусе, ки дар таърихномаҳо ба назар мерасад, ин қонун «Дар бораи шаробхорӣ ва манфиатҷӯйиву тамаъкорӣ» аст ва он дар асри ХIII қабул шудааст. Дар аҳди Ивани III агар ба ҷиноятҳои доду гирифти ришва ҳукмҳои сахти адои ҷазо дар маҳбасхонаҳо пешбинӣ шуда бошад, дар аҳди набераи ӯ, ки бо тахаллуси Иван Грозний маъруф аст, барои ришвахорон ҳукми қатлро татбиқ мекард.

Додани пора дар муҳокимаҳои судӣ дар шариати ислом ҳаром шуморида шуда, ба маънои додани пора ба қозӣ ҳангоми муҳокимаро дорад. Аз рӯйи таълимоти дини Ислом ҳар нафаре, ки даст ба порагирӣ мезанад, бо ҳукми шариат аз Худованд рӯй тофтану шак овардану маънии томи бехудоиро дорад.

Дар адабиёти форсу тоҷик низ дар бобати ришва танқидҳои зиёде ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар осори бузургони адабиёти форсу тоҷик, амсоли Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Унсурӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва дигарҳо дар бобати ришваю фасодкорӣ андешаҳои зиёдеро вохӯрдан мумкин аст.

Дар Паёмҳои ҳамасолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ ба ҳамагон таъкид карда, решакан намудани ин вабои ҷомеаро қарзи шаҳрвандӣ медонад.

Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

Фаъолияти давлат дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия (сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ) дар шароити ҳозира ба самти мустақили сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин, тибқи талаботи тавсияҳои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои комплексии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, боз ҳам такмил додани сиёсати ягонаи зиддикоррупсионии давлатӣ, зарурати муттаҳид ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ, Парламент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баҳри муайянсозии вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар раванди пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, таҳдидҳои амнияти миллии иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо дар ин самт бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати Шӯрои мазкур роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  шомил  мебошанд.

Агар мо ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем, бешубҳа, мушкилоти мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ бартараф ва зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди кишварамон таъмин мегардад.

Мастона АЗИЗЗОДА,

нозири шуъбаи муқовимат

ба коррупсияи раёсати агентӣ

дар шаҳри Душанбе,

капитани адлия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш