Нашрияи Омӯзгор

Саводнокии иттилоотиву коммуникативӣ

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари машваратӣ дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотию коммуникативӣ дар пешрафти таълим” баргузор гардид. Дар он директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии Вазорати маориф ва илм Киромуддин Назаров, муовини ректори ДДҲБСТ оид ба корҳои таълимӣ Ҳаким Ғаюров, намояндагони донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар ширкат варзиданд.

Киромуддин Назаров қайд кард, ки рушди илму техника дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳарчи бештар ба саводнокии иттилоотиву коммуникативӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ бояд шавад.

Сипас, декани факултаи математикаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Дилшод Музаффаров дар мавзӯи “Аз таҷрибаи ташкил ва истифодабарии шабакаҳои нейронӣ”, сармутахассиси бахши технологияи иттилоотӣ ва инноватсионии ДДҲБСТ Маҳкамҷон Ҳасанов зери унвони “Автоматикунонии раванди фаъолияти кормандони китобхонаи илмӣ тариқи барномаи “Картотекаи электронӣ”, омӯзгори кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ Аълохон Бобозода дар мавзӯи “Истифодабарии тахтаи электронӣ дар раванди дарс” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш