Нашрияи Омӯзгор

Монеаҳо бартарафшавандаанд

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 декаб-ри соли 2019) қайд гардида буд: “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шаклу моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”. Ба хотири боз ҳам бештар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар кишвар Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд.

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2021 низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ин тавр қайд намуданд: “Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табии ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шавад”.

Барои фаъолони татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол ба 15 нафар супорида мешавад.

Инак, дар асоси пешниҳоду дастурҳои Пешвои миллат бо ҳар роҳу усул сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро дар муассисаҳои таълимии кишвар ба талаботи замон мувофиқ гардонидан зарур мебошад.

Дар ҳақиқат, имрӯзҳо сатҳи дониши хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, махсусан, аз фанни физика дар сатҳи паст қарор дорад.

Ба ин омилҳои зиёде вобаста мебошад.

Яке аз омилҳои асосии паст будани сатҳи дониши хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дониши пухтаю мукаммал надоштани аксар омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба шумор меравад.

Барои ислоҳи ин камбудӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои омӯзгорон семинарҳои илмию методии сатҳи баланд ташкил намудан ва дар курсҳои такмили ихтисос таҳсили онҳоро ба роҳ мондан лозим аст.

Сифати тайёр кардани омӯзгорони ояндаи фанҳои табиатшиносӣ ва риёзиро дар факултаҳои педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштан лозим аст. Инчунин, доир ба мавзӯъҳои душворфаҳми фанҳои мазкур дар маҷаллаву нашрияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои илмию методӣ чоп карда, дастурҳои таълимию методӣ нашр намудан ба манфиати кор аст.

Дар саноатикунонии мамлакат фанҳои табиатшиносию дақиқ саҳми арзанда доранд ва махсусан, нақши фанни физика хеле калон мебошад. Маҳз ба воситаи фанни физика инсон дар назди ҳодисаҳои фавқулода оҷиз намонда, онҳоро меомӯзад, қонунҳояшро муқаррар менамояд ва ба манфиати худ истифода мебарад. Техникаи муосир ба татбиқи қонунҳои физика асоснок шудааст. Физика аз муҳимтарин риштаи илмҳои табиатшиносӣ ба шумор меравад ва сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳоро маънидод намуда, робитаи байни онҳоро муқаррар менамояд.

Ҳоло аксарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо асбобҳои замонавии физикӣ таъмин нестанд ва ин ба сифати таълими физика таъсири манфӣ мерасонад.

Фанҳои табиатшиносӣ фанҳои таҷрибавӣ ба шумор мераванд ва нагузаронидани таҷрибаҳо аз фанҳои табиатшиносӣ сифати таълими онҳоро паст мекунад ва ин боиси коста гаштани сатҳи дониши хонандагон мегардад. Барои бартараф гардидани ин норасоӣ дар шаҳри Душанбе ташкил намудани мағозаи фурӯши асбобу лавозимот ва дастгоҳҳои таҷрибавӣ доир ба таълими фанҳои табиатшиносӣ зарур мебошад.

Яке аз роҳҳои амалӣ кардани ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар шабакаҳои телевизионӣ студияи таълимӣ ташкил карда, дар он дарсҳои намунавии омӯзгорону устодони пешқадами ҷумҳуриро барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, техникаву технологияи муосир намоиш додан мебошад. Роҳи дигари баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бартарӣ додан ба ихтисосҳои вобаста ба ин фанҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ ба шумор меравад. Таҷрибаи ҳарсолаи қабули хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ нишон дода истодааст, ки ба ихтисосҳои зикргардида нақшаи қабули довталабон иҷро намегардад.

Таълими фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз омӯзгорони ин фанҳо заҳмати ниҳоят зиёд талаб менамояд. Аммо ба ивази чунин заҳмати пурмашаққат ин омӯзгорон маоши кофӣ намегиранд. Баланд бардоштани маоши омӯзгорони фанҳои дақиқ зарур мебошад.

Омили дигаре, ки ба баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносию риёзӣ таъсири назаррас мегузорад, барномаҳои таълимӣ ба шумор мераванд. Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф талаб менамояд, ки мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ аз фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ такмил дода, ба талаботи замон мувофиқ гардонда шавад.

Имрӯзҳо аз фанни физика барномаи таълимии мукаммали аз таҳлилу муҳокимаи методистони варзида гузашта мавҷуд нест. Бояд асоси мазмуни мундариҷаи барномаи таълимро аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ муносибати босалоҳият дар таълим ташкил намояд.

Таҷриба дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нишон медиҳад, ки донишҷӯёни соли аввал ба маҳфумҳои асосии фанҳои табиатшиносию риёзӣ, аз ҷумла, фанни физика дуруст сарфаҳм намераванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таълими мавзӯъҳо аз ин фанҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълими фанҳо, аз ҷумла, таълими фанҳои табиатшиносию риёзӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дастурҳои методӣ бо номи “Раҳнамо ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” дар асоси муносибатҳои босалоҳият дар таълим дастраси омӯзгорон гардонда шудааст. Вақти он расидааст, ки омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзӣ аз ин дастурҳои методӣ самарабахш истифода баранд.

Дар фанҳои табиатшиносию риёзӣ мавзӯъҳои душворфаҳм хеле зиёд мебошад. Барои баланд бардоштани сифати таълими ин фанҳо коркарди методии мавзӯъҳои душворфаҳм хеле зарур мебошанд.

Барои коркарди методии мавзӯъҳои душворфаҳми фанни физика методистони таҷрибадору варзида лозиманд. Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи чунин методистони баландпоя ангуштшуморанд.

Бинобар ин, дар ҷумҳурӣ зарурияти ташкил намудани мактаби илмӣ-методии тайёр намудани методистони фанҳои табиатшиносию риёзӣ ба миён омадааст.

Ҳамин тариқ, барои талаботи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифро пурра иҷро кардан баланд бардоштани сифати тайёркунии омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзӣ омили асосӣ ва хеле муҳим ба шумор меравад.

Ҳамид МАҶИДОВ,

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии байналхалқӣ,  доктори илмҳои техникӣ, профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш