Нашрияи Омӯзгор

Сохтмони мактабҳои русӣ оғоз меёбад

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

16-уми марти соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм ҷаласаи онлайнии гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки аз ҷониби Федератсияи Россия роҳандозӣ мегардад, баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода, роҳбари самти сохтмон дар Тоҷикистон (Бунёди Авруосиёии пойдорӣ ва рушд) И.Горбенко, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода иштирок карданд.  Дар рафти ҳамоиш иштирокдорон, асосан, вобаста ба оғози корҳои лоиҳакашию сохтмонии 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ мубодилаи афкор намуда, таъкид доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода таҳия ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳоро ҳарчи зудтар ба роҳ монанд ва ҷиҳати дар муҳлати кӯтоҳтарин бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва оғоз намудани корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Азиза Бодурова


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш