(Хулосаи муҳтавои шеърҳои ба нашрия воридгардида)
Ба идораи ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар радифи мақолаю матолиб ва маводи методӣ, илмӣ-назариявӣ ва тавсифу ситоиши заҳматҳои омӯзгорон аз ҷониби муаллифон, ҳамкорони нашрия шеъру ғазал ва таронаю ҳикоёт низ ворид мегарданд, ки беҳтаринҳояшон таҳрир ва ба чоп тавсия карда мешаванд.
Устодону омӯзгорон аз шаҳру навоҳии кишвар шеърҳои худро дар васфи зиндагии ободу тинҷи мардум, тасвири меҳнати садоқатмандонаи одамони касбу пешаҳои гуногун ва бузургию шаҳомати Тоҷикистони соҳибистиқлол эҷод карда, саъйи бар он менамоянд, ки сухани тозае гӯянд. Вале ин ҳадаф на ҳамеша ба эшон даст медиҳад ва омӯзгорони азизи мо аз чаҳорчӯбаю қолаби маълуми шеъргӯйӣ, ки ғолибан ба суханҳои умумию дилбазан ва обшуста, ки ба хонанда чизе намедиҳад, асос ёфтааст, берун намебароянд. Дигар ин ки муаллифон ба таври зарурӣ аз рисолати шеъру шоирӣ, аркони сухан, қоидаҳои вазну қофия ва радиф иттилоъ надоранд.
Дар шеъри омӯзгори мактаби №20-и ноҳияи Айнӣ Абдурашид Аловиддинов – «Ташреҳи муқаддасоти миллӣ» мавзӯъ нав ва ифодаи фикр тозаю бикр нест. Суханҳои маъмул дар либоси шеър, ки низ ба таҳрир сахт ниёз дорад, баён карда шудаанд. Бемантиқӣ ва парешонгӯӣ дар шеърҳои омӯзгори «ЛКСК»-и шаҳри Сарбанд Раҳматуллоҳи Исматӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла:
Аз бахти бадам бисёр
дилам месӯзад,
Чун мавҷи гули сигор (?)
дилам месӯзад.
… Ин бахт маро
навиштаи Яздон аст,
Чун нафаси аждаҳор
(?) дилам месӯзад…
Васфияҳои мавсуф дар хусуси модар ва бузургии ӯ, хидмати мардумро ба ҷо овардан ва истифодаи самараноки об суханҳои маъмулиянд. Дар ин порчаҳои назмӣ низ қавоиду қонунияти назм риоя нагардидааст. Мантиқ ва баёни фикр хароб аст. Шеъри Идибеги Майдонӣ, корманди бахши фарҳанги шаҳри Роғун – «Гӯем садҳо офарин» шиору суханҳои сарироҳие беш нест. Порчаи шеърӣ аз ҷиҳати вазну қофия сахт мелангад. Шеъри дигари муаллиф – «Шукри ваҳдат мекунем» низ аз суханҳои умумӣ иборат аст. Дар ин шеър байтҳои бемантиқ хеле зиёд ба чашм мерасанд. Таваҷҷуҳ кунед:
Кохи Нур (?) дар деҳи
ман чун бахти моӣ,
Сарзамини деҳи ман
беҳамтост (?)
Сурудаҳои омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52-и шаҳри Ваҳдат Саидалӣ Набот аз ташбеҳоти маъмул таркиб ёфтаанд. Омӯзгори мазкур агар дар вақти иншои шеър таркибу ибораҳо ва образҳои тозаву ҷолибро ҷустуҷӯ, дарёфт ва истифода намояд, бешубҳа, навиштаҳояш такомул ёфта, нафосату назокат пайдо мекунанд. Ашъори омӯзгори мактаби №38-и ноҳияи Сино Мавзуна Қӯқаншоева то ҳадде равон суруда шудааст, вале онҳо ҳанӯз таҳрирталабанд. Шеъри омӯзгори мактаби №12 аз ноҳияи Деваштич Аслонбой Рӯзибоев «Ёди модар» аз гуфтори мавҳум, дур аз мантиқ ва ибораҳои муғлақу норавшан иборат гардидааст. «Илҳоми тар», «шабоҳун задании ёдат ба ёдам, «қаноати ханда бишкаст», «ба ғори жарф пинҳонӣ, ту модар» ва амсоли ин бори маънӣ намекашанд. Ҳомид Вайдуллоев (мутаассифона, нишонии муаллиф сабт нагардидааст), шеърҳои худро бо номҳои «Гул» ва «Исрофи кори камхарид» ба идораи нашрия ирсол намудааст, ки хусусияти панду насиҳатӣ доранд, вале ин сурудаҳо низ аз суханҳои маълум иборат буда, андеша бикр надоранд. Омӯзгор А.Дӯстов аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳанӯз аз умумигӯйӣ раҳо нашудааст.
Дар хатми навиштаи худ ба муаллифоне, ки ба эҷоди шеъру ғазал машғул мешаванд, таъкид карда гуфтанӣ ҳастем, ки шеър сухани одии тараннумӣ набуда, он бояд самимона, пероста бо образу ташбеҳот ва саноеи бадеӣ, дар заминаи мушоҳидаҳои хоси шоирона гуфта шавад. Дар ҳар сурат, аҳли қалами нашрияи «Омӯзгор» ба устодону омӯзгорони азиз, ки чакидаҳои хомаи худро ба мо мефиристанд, изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар ҷодаи эҷод комёбиҳо хоҳонанд.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр