Нашрияи Омӯзгор

“Ориёна” ба фаъолият шурӯъ кард

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази ноҳияи Ёвон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”- Акбар Асадулло дар давоми 1,5 сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.

Кӯдакистон аз ду бинои 2 ва 3 ошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон - аз ҷумла тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Кӯдакистони хусусии “Ориёна” дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шуда, дар он 315 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои машғулиятҳо ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулони боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Масоҳати умумии кӯдакистон 7 ҳазору 477 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз он 1 ҳазору 632 метри мураббаъро биноҳо ташкил менамоянд.

Утоқҳои машғулиятгузаронӣ бо шиору овезаҳои ифодагари муҳаббату самимият нисбат ба Ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудааст, ки хоси дунёи кӯдакон мебошад. Ҳангоми шиносоӣ ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон, барои машғулияти онҳо ҳамаи 15 синфхона бо муосиртарин асбобу аёният ҷиҳозонад.

Маврид ба ёдоварист, ки айни замон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо беш аз 1 ҳазору 200 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.

Сокинони ноҳия ва омӯзгорон кӯдакистони мазкурро беҳтарин туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароити мавҷуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш