Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар деҳаи Заргар

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ аз 1 бино бо ду қисми  4-ошёна ва 23 синфхонаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар ду баст, иборат аст.

Мавриди зикр аст, ки солҳои дароз фарзандони сокинони деҳаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Обшорон ва қисман Заргар барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии рақами 9 ва рақами 10, ки аз ин деҳаҳо дар масофаи зиёда аз 4-5 км дур ҷойгир мебошанд, мерафтанд ва ин ҳолат бо сабаби дер мондан ба дарс барои гирифтани таҳсилоти босифат монеа эҷод мекард. Ҳамчунин, дурии мактаб барои кӯдакони ин деҳаҳо хавфи калон дошта, боиси садамаҳо бо иштироки хонандагон мегардид. Мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, утоқҳои кории омӯзгорон мавҷуд буда, ҳамчунин дар саҳни он майдончаҳои футбол, волейбол ва баскетбол, боғи дарахтони мевадиҳанда, бунёд шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзиши касбу ҳунар ба хонандагон ва амалисозии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар муассиса синфхонаи муҷаҳҳази таълими меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаи мазкур бо таҷҳизоти барқии зарурӣ барои пухтупази анвои ғизоӣ, дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва барои писарон дастгоҳу асбобҳои махсуси ҳунарҳои мардумии қадима ва муосир таъмин аст.

Ҳавлии муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо шинонидани майса, гулҳо, дарахтони ороишиву сояафкан оро дода шудааст.

Баъди ифтитоҳи мактаби нав дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш