Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи коллеҷи тиббии инноватсионии шаҳри Бохтар

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

24 март дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст бинои Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ намуданд. Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Саодат” дар заминаи бинои куҳнаи хонаи маишии “Саодат” таҷдиду навсозӣ шуда, ба иншооти таълимии тиббӣ табдил дода шуд. Бино наздики 30 сол боз дар ҳолати ногувор қарор дошт ва акнун бо саҳми фарзандони бонангу номуси оилаи Соҳибовҳо ҳамчун коллеҷи тиббии инноватсионӣ ба сокинони вилояти Хатлон хизмат хоҳад кард. Бинои коллеҷ аз рӯи як тарҳи муосир барқарор карда шуда, барои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бахши тандурустӣ пешбинӣ гардидаст. Иншоот аз 6 ошёна иборат буда, корҳои барқароркунӣ, ободонӣ аз ҷониби бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориёносохтмон”-и шаҳри Бохтар дар муҳлати бештар аз 2 моҳ ба сомон расонида шуд. Дар рӯзҳои истиқбол аз Наврӯзи байналмилалӣ коллеҷ аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун армуғони идонаи наврӯзӣ ба ҷавонони вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Зимни шиносоӣ аз шароити таълимии Коллеҷи тиббии инноватсионӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди корҳои ободонӣ ва сифати амалҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои тахассуси баланд вазифадор намуданд.

Президенти мамлакат барои чунин ҳиссагузорӣ дар беҳдошти сиҳатии омма ва татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаи Соҳибовҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Коллеҷи тиббии инноватсионӣ дар шаҳри Бохтар дорои маҷлисгоҳ, 65 синфхона, 10 ҳуҷраи маъмурӣ, утоқҳои алоҳида барои кафедраҳои стоматологӣ, момодоягӣ, технологияи информатсионӣ, китобхонаи электронӣ барои 1700 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.

Коллеҷ аз рӯи 6 ихтисоси миёнаи тиббӣ, аз ҷумла, кори ҳамширагӣ, табобати дандон, фармасевтӣ, момодоягӣ, табобати умумӣ ва тиббию ташхисӣ мутахассисони сатҳи баландро омода мекунад. Қабули довталабон ва кори мунтазами коллеҷи тиббӣ аз моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, таҳсилот тариқи шартномавӣ сурат мегирад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки барои омода кардани мутахассисони ҷавобгу ба меъёрҳои муосиртарин фазои илмомӯзӣ, озмоишгоҳҳои амалӣ, синфхонаи анатомия, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, фароҳам ва ҷиҳозонида шудааст.

Маҷлисгоҳи коллеҷ хеле зебову барҳаво буда, барои 140 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидаст. Дар маҷлисгоҳ ва ё толори лексионӣ тахтаи электронӣ ва дигар васоити таълимии электронӣ таъмин карда шудааст, ки донишҷӯён имкон доранд аз ҳама намуд аёнияти пешрафтаи тибби ҷаҳон бо истифода аз чунин технологияи муосир бархӯрдор гарданд. Ишора карда шуд, ки сифати таҳсилот бояд ба меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ карда шавад.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз гӯшаи гиёҳдармонӣ шинос шуда, дастур доданд, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ  истеҳсолоти маводи дорувориро ба донишҷӯён таълим диҳанд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш