Нашрияи Омӯзгор

Қаламкаши умқнигару моҳиятбин

Сана: 2021-04-01        Дида шуд: 907        Шарҳ: 0

 

Маъмулан вақте  кас дар бораи шахси ба дил наздик, нафаре, ки қариб ҳар рӯз бо ӯ вомехӯриву муошират дорӣ, мехоҳад меҳрномае бигӯяд ва ё онро рӯйи коғаз орад, душворӣ мекашад. Дар ин маврид шахс беихтиёр ба суроғи ёду хотираҳо меравад, бо мавсуф бори аввал кай, дар куҷо вохӯрда буд ва онҳо дар чӣ заминае гуфтугӯ доштанд, чӣ ангезае боис шуда, ки бо ҳам тарҳу пайванди дӯстиву бародарӣ афканда, тайи солиёни зиёд онро бо садоқату фидокорӣ муроот мекунанд? 

Бояд бигӯям, ки исми нависанда, шоир ва рӯзноманигори муваффақ  Абдурауф Муродии шастсола сӣ сол боз бароям ошност. Тирамоҳи соли 1992, замоне ки ба нашрияи Вазорати маориф - маҷаллаи «Адаб» ба кор гузаштам, сараввал бо мақсади ошноӣ бо ҳадаф, мазмуну мундариҷа, сабку услуб ва равиши кори он шумораҳои то ин дам чопшудаи маҷалларо, ки ҳамагӣ 8 нусха буданд, мутолиа намуда, ба мушоҳида гирифтам, ки дар саҳифаҳои он тайи қариб ду сол асосан таълифоти адибону олимони маъруфу ватаниву соҳибунвони хориҷӣ ба табъ расида ва дар баробари онҳо мақолаҳои се нафар муаллими мактабҳои миёна – Ҳ.Амонуллоев (шаҳри Исфара), Ҷ.Саидзода (шаҳри Душанбе) ва А.Муродӣ (шаҳри Роғун) низ мунташир шудаанд. Он замон Абдурауф Муродӣ ба ҳайси ҷонишини директори мактаби миёнаи №5-и шаҳри Роғун фаъолият дошт ва нигоштааш «Имконияти забонамон фаровон аст» таҳти рубрикаи «Нуқтаи назар» (1992, №1, саҳ.70-71) манзури хонандагон гардида буд. Ин нигошта аз лиҳози ҳаҷм кӯтоҳ, вале аз ҷиҳати масъалагузорӣ ва нишон додани роҳҳои рафъи иддае аз нобасомониҳо дар забони тоҷикӣ хеле бамаврид буд. Муаллиф дар оғоз ба нақли аз қавли устод С.Айнӣ таъкид менамояд, ки дар истифода аз забони зиндаи халқ бояд ҳушёру мулоҳизакор бошем ва ҳар чизи ростомадаро насанҷидаву нафаҳмида ба қалам надиҳем. Вале мо – ворисони Айнӣ ин таъкиди ӯро гоҳе фаромӯш мекунем ва натиҷа ҳам ин шуда, ки ба ғалатҳои зиёде роҳ додем ва то андозае ба коҳиши ҳусну латофати забонамон мусоидат намудем. Ба андешаи А.Муродӣ, яке аз ин ғалатҳо дар истифодаву таълими ҷонишинҳои муайянӣ мушоҳида мешавад, ҳарчанд ки ин навъи ҷонишинҳо дар забонамон ангуштшуморанд: баъзе, ягон, фалон, кадом, чандин, якчанд, андак, чанде. Вале, ба мушоҳидаи муаллифи мақола, дар забони тоҷикӣ солҳост, ки ба сифати ҷонишинҳои номуайянӣ таркибҳои ким-кӣ, ким-чӣ, ким-чиҳо, ким-куҷо, ким-кадом, ким-чӣ тавр, ким-чӣ хел, ким-чӣ гуна роҳ ёфтаанд, ки манбаи онҳо шеваю лаҳҷаҳо (асосан лаҳҷаҳои шимоли кишвар)  буда, бо таъсири забони ӯзбекӣ пайдо шудаанд.

Абдурауф Муродӣ чун пажӯҳишгари жарфандеш бо истинод ба асарҳои илмии мавриди назар таъкид мекунад, ки ин гурӯҳи ҷонишинҳо ҳарчанд хусусияти гуфтугӯӣ доранд, мутаассифона, дар китобҳои дарсии макотиби миёна ва олӣ бе ягон тафриқае дар қатори ҷонишинҳои номуайянии асосӣ номбар ва тавзеҳ мешаванд ва ин боиси хеле паҳн гардидани гунаи ғалати онҳо гардидааст. Дар интиҳои мақола муаллиф ба хулосае омадааст, ки таркиби бойи луғавии забонамон имкон медиҳад, ки ба ҷойи ҷонишинҳои ким-кӣ, ким-чӣ, ким-куҷо, ким-кадом, ким-чӣ тавр, ким-чӣ хел мувофиқан ва мавридшиносона калимаву таркибҳои касе (кадом як кас), чизе (кадом як чиз), куҷое (кадом як ҷое), кадоме (кадом як), чӣ тавр як, чӣ хел якро истифода барем. Ҳамчунин ин пешниҳоди ӯ низ қобили пазироӣ мебошад: «имрӯз вақти он расида, ки ба хотири беҳдошти ғановату салосат ва тозагии забонамон, пеш аз ҳама, дар дастурҳои таълим ва китобҳои дарсӣ, аз ҷумла, дар боби ҷонишинҳои номуайянӣ ислоҳоти мувофиқ ворид карда, ҳамзамон саҳеҳияте аз ин нигоҳ ба забони матбуот дохил намудан айни муддао хоҳад буд».

Ҳамин тавр, ошноии нахустини мо бо Абдурауф Муродӣ ғоибона, тавассути ҳамин нигоштаи илмии ҳадафманди ӯ сурат гирифт. Бояд бигӯям, ки он замон дар нашрияҳои соҳаи маориф талабот хеле ҷиддӣ буд ва на ҳар омӯзгори мактаб ҷуръату ҷасорати ба идораи маҷалла пешниҳод намудани мақоларо дошт.

Бори аввал собиқ ҳамкорам дар ҳафтаномаи «Умед» шоир Баҳриддини Ҷӯё маро бо Абдурауф Муродӣ шинос намуд ва дар ин вохӯрӣ ба ҷуз саломи маъмулӣ байни мо тақрибан гуфтугӯе сурат нагирифт ва агар чунин иттифоқе афтода бошад ҳам, онро дар хотир надорам. Вале дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ пайваста мақолаву гузориш, ҳаҷвияву шеъру навулмасал ва нуктаву чакидаҳои Абдурауф Муродӣ чоп мешуданд ва албатта, онҳоро мутолиа накардан ғайриимкон буд.

Дар ин миён Абдурауф Муродӣ муддате зиндагӣ ба зодгоҳаш - шаҳри Панҷакентро ихтиёр кард ва дар ин шаҳри бостонӣ омӯзгор, мушовири шуъбаи маориф буд ва баъдан раёсати бахши Бунёди байналмилалии забони тоҷикиро ба уҳдааш вогузор намуданд. Ӯ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» талошҳои судманде ба харҷ дода, дар таъсиси нашрияҳои «Дайри муғон» ва «Сомониён» саҳми шоиста гузошт. Хушбахтона, ин нашрияҳо ба василаи дӯстони адабпарвар ба пойтахти кишвар ҳам мерасиданд ва мо тавассути онҳо аз таровидаи килки Абдурауф Муродӣ низ файзёб мешудем. Вале саодату ҳамкориву ҳамнишинии мо бо Абдурауф Муродӣ соли 2002, аз замоне оғоз ёфт, ки ӯ бо даъвати яке аз қаламкашони варзидаи матбуоти соҳаи маориф Самиюлло Сайфуллоев (равонаш шод бод!) дар ҳафтаномаи маъруфу маҳбуби аҳли илму адабу маорифи кишвар «Омӯзгор» ба сифати муовини сармуҳаррир ба кор оғоз намуд. Ӯ дар ин нашрия бо дасту дилу гарм ба фаъолият пардохт ва маҳз тавассути ранҷу талоши мудовим, дарки амиқи масъулият, худогоҳиву хештаншиносӣ тавонист ҳам дар ҷодаи адабиёт ва ҳам дар ҷодаи рӯзноманигорӣ комёб бишавад.

Бояд гуфт, ки Абдурауф Муродӣ дар доираҳои адабии кишвар, пеш аз ҳама, ба ҳайси адиби ҳаҷвнигор шинохта шудааст ва чанд сол пеш яке аз мухлисони осораш  Раҷаб Маликзода  ӯро «муҳраи аслии ҳаҷви муосир» номида буд. Агар холисона иқрор шавем, чунин баҳо аз воқеият сарчашма мегирад ва дар он ғулувву иштибоҳе ҷой надорад. Ҳаҷви Абдурауф Муродӣ ҳаҷви зӯракӣ не, ҳаҷвест зариф, ки аз нигоҳи ғоя, мавзӯъ, шаклу услуб ва шеваи баён пухтаву санҷида ва ҳадафманд аст, ҳар вожаву ҷумлаи он дақиқ, дар ҷойи худ омадааст. Кам гуфтану чун дурр гузида гуфтан аз вежагии аслии баёни ӯст.

Хонанда бо мутолиаи асарҳои Абдурауф Муродӣ аз қабили «Шукуфти ғунчаи лабҳо» (2006), «Анори дона-дона» (2005), «Чошнӣ (2009), қиссаи ҳаҷвии «Ману занам», «Пайкори мӯрон» (2018) бо ҷузъитарин воқеъияҳои зиндагии мо ошно мешавад ва ба ибораи дигар, онҳо як навъ ойинаи тамомнамои рӯзгори кунунии мо мебошанд. Дар маҷмӯаи «Пайкори мӯрон», ки нусхаи такмилёфтаи «Анори дона-дона» мебошад, ҳаҷву ҳазл, танзу киноя, нақизаву лутф...  ҳама дар нуктаҳо (як-ду ҷумла) ба силки тасвир кашида шудаанд. Мавзӯи онҳо ҳам гуногун аст: иқтисоду иҷтимоъ,  фарҳанг, сиёсат, адабиёт, масоили байналмилалӣ  ва даҳҳо иллату наҳси замони муосир, ки муаллиф ба мисли шикорчии моҳир онҳоро ба мушоҳида гирифта, бо омезиши тахайюлу ангезаи тафаккури инфиродӣ ба сифати моли асили адабиёт пешорӯи мо мегузорад. Он чи, ки ӯ мегӯяд, мо ҳам ҳамарӯза дар атрофу акнофи худ  мебинему шоҳидаш ҳастем, вале қудрату маҳорати нависанда ҳам дар он аст, ки ба он ҷомаи бадеият пӯшонида, бо каломи андак ба гунаи малеҳ, хонданӣ ва ангезанда бозгӯ менамояд. Ба ин нуктаҳо таваҷҷуҳ намуда, худ қазоват кунед:

Ғурури хурӯс яқин аз он аст, ки чандин зану бача дошта бошад ҳам, алимент намедиҳад.

***

Кулли адабиёти ҷаҳон пеши қассоб баробари мақоли «Гӯшт бе устухон намешавад» қадр надорад.

***

Халтаи гарони ордро озод бардошта бошад ҳам, ба гаронии нархи он тоб оварда натавонист.

***

Алифбои Брайл аслан на барои кӯрон, балки барои хасисон аст. Онҳо онро омӯхта, метавонанд бидуни истифодаи барқ дар торикӣ низ мутолиа кунанд.

***

Дигар ҳоҷати аз само ситора ҷустан нест: аз санъаткорон замини мо пурситора шуда.

***

Он қадар ба дурӯғгӯӣ моҳир шудаам, ки ҳатто гоҳе худам ҳам ба дурӯғҳоям бовар мекунам.

***

Аҷаб рушд ёфта илми тиб: саҳл монда, ки духтури гӯши чапу ростро алоҳида кунанд.

***

Дар фасли рамазон об дудила шуд: ташнагии мардумро шиканад ё рӯзаашонро?!

***

Дар мусобиқаи давидан ҷои аввалро хоҳам гирифт, агар ҳар гоҳ аз паси ман фарёд кунед: - Хушдоманат омад, хушдоманат омад!

***

Баробари сеяки тарсе, ки аз занат дорӣ, аз Худо тарсӣ, одами хуб мешавӣ.

Бояд гуфт, ки ҳаҷв дар баробари вежагиҳои адабии ин жанр аз нигоранда ҷуръату ҷасорати хоссаро тақозо дорад ва нафаре, ки аз ин неъмат бебаҳра аст, суханаш низ корагар намешавад. Аз ин рӯ ба гунаи возеҳ ҳамин ҷуръату ҷасорати ӯ дар нигоштаҳояш ошкор аст. Абдурауф Муродӣ ҳақиқатро мепарастаду ҳарчанд талх аст, ҳақиқатро мегӯяд ва  дар яке аз мусоҳибаҳояш ҳам барҳақ таъкид мекунад, ки «дар ҷомеаи мо эҳтиёткорӣ ба ҳадди ифрот расидааст». Ӯ набзи замонро хеле хуб дарк мекунад ва дар нигоштаҳояш иллатҳои ҷомеаро, ки пешорӯи мо қарор доранд, бо завқу маҳорати хоси худ  ба силки тасвир мекашад:

Беадолатӣ! Магар мансабдоре, ки бо 1500 сомонӣ маош дар 3-4 моҳ бӯстонсарои бошукӯҳ месозад, шоистаи вуруд ба китоби «Рекордҳои Гиннес» нест?!

***

Қонуншиканро бахшиданду ҳезумшиканро ба ҷавобгарӣ кашиданд.

***

Кумитаи андоз чоҳест, ки ба андохтан ҳеҷ пур намешавад.

***

Кодекси андозро барои санҷиш ба болои фил гузоштанд. Миёнаш шикаст.

***

Бисёр сарварон баъди аз мансаб рафтан намозхон мешаванд. Яқин, биҳишти гумкардаашонро меҷӯянд.

***

Сиёсат бо вожаи «ханда» кор надорад, вале бо вожаи «хандахариш» тавъам аст.

***

Чун истисмори одам аз тарафи одам барҳам хӯрда, истисмори одам аз тарафи силоҳ оғоз ёфт, сиёсатмадорон муқаррар карданд, ки ҷамъият ба зинаи сифатан нави тараққиёт баромадааст.

***

Барои коммунистҳо хар писанд аст: хуб кор мекунад, барои демократҳо гов: забонаш дароз.

***

Истеҳзо макунед ба Темури ланг. Ӯ зери ин қадар бори гарони гуноҳ ғайр аз лангидан чорае дигар надошт.

***

Зимистони Ватан сахт омада, дили баъзе ватандоронро нисбат ба он хеле хунук кард.

***

Мо фарзанди се форматсияи ҷамъиятием: карахтӣ, сарсахтӣ ва хушбахтӣ.

***

Аломати вергул бемор шуду вазифаи ӯро муваққатан ба зиммаи аломати хитоб вогузоштанд. Дар натиҷа одамони зиёде бегуноҳ кушта шуданд.

Абдурауф Муродӣ ба гунаи ҳазле, ки ҷавҳари он  аз воқеъият сарчашма мегирад, баъзан барои ҳалли муноқишоти шахсӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ руҷӯъ мекунад, ҳамчунин рафторҳои кӯдаконаи иддае аз шахсиятҳои сиёсии машҳуру номашҳурро ба боди интиқод мекашад, ки хеле бамаврид ва оқилонаанд:

Аз дафтари хотира:

Туро бинам, ба ёд орам

кашокашҳои деринро,

Ба он соне, ки чун бинад

Саакашвили Путинро.

***

Мисоле ба санъати ташбеҳ:

Чунонат ганда мебинам, ки

Буш атоми Эронро,

Чунонат дӯст медорам, ки

Моника Клинтонро.

***

Эрон ба Амрико:

-Моро на бим дар дил аст

Зи хашми ту, падарқусур!

Амрико ба Эрон:

-Шунида мон, ки мезанам

Ба химчаҳо тасар-тусур!

***

Даъвои Ҳиндустон: -Мо метавонем дар бораи мудҳиштарин фоҷеаҳои инсоният филм офарем, вале он ҳам ҳатман дусериягӣ ва пуррақсу тарона хоҳад буд.

***

Чин: -Мо барои эҳтиёткорон мол истеҳсол мекунем!

***

Ироқ: -Ҳар кӣ моро сияҳкор гӯяд, намеранҷем, зеро яқин, бо нафт сарукор доштанамонро дар назар дорад.

***

Ҳабашистон: - Рӯзамон сиёҳ мабод!

***

Бразилия: - Ҳар кӣ ба мо зарба занад, мо ба ӯ гол мезанем!

Абдурауф Муродӣ нисбат ба эҷодиёти  худ ва адабиёт шахси серталаб аст. Борҳо бо ӯ дар ин замина гуфтугӯ доштем ва мавсуф аз афзудани ба ном адибон  ва дар рафи мағозаҳои китоб пайдо шудани асарҳои зебову муҷалло, вале орӣ аз бадеият  ва завқкуш бисёр нигарон аст. Ба андешаи Абдурауф Муродӣ, афзудани китобҳои адабии орӣ аз навназариву навоварӣ  маънои қаноатманд гардонидани талаботи  мардумро надорад, балки онҳо сабаби завқкушӣ  ва осон гирифтани кори эҷодӣ мегарданд. Ӯ аз рухдоди ин ҳолат хуни дил мехӯрад ва боз килки сеҳрнигор ба кумакаш мешитобад ва ин дарду эҳсосашро дар қолаби ҳаҷв рӯйи коғаз меорад:

Ҳоло дар майдони адабиёти тоҷик аз ҳаводорон дида бозигарон бисёранд.

***

Муфтхӯртар аз адиб касе нест: як умр ҳаққи қаламро мехӯрад.

***

Аз хомӯшии баъзе нависандаҳо адабиёт бурд мекунад.

***

Шоире дар бораи демократия манзумаи сусту тӯлоние эҷод намуд. Ихтисоран чоп карданд. «Дар кишвари мо ҳанӯз ҳам демократияро бӯғӣ мекунанд», -хулоса баровард шоир.

***

Агар истеъдод доди Худост, ба нависандаи атеист кӣ истеъдод дода бошад?!

Яке аз асарҳои ҳаҷвии хубу хондании Абдурауф Муродӣ «Келиннома» (2005) аст, ки дар шакли манзум аз боби хусусиятҳои келинҳои деҳотиву шаҳриву хориҷӣ ҳикоят мекунад ва он чанде пеш тавассути барномаи «Ширу шакар»-и радиои «Озодӣ» пахш шуда, ҳаводорони зиёд пайдо кард.

Абдурауф Муродӣ дар таълифи нуктаҳои ба истилоҳ ҷиддӣ низ дасти тавоно дорад. Дар ин силк метавон аз маҷмӯаи «Атри гулбарг» (2018) ёдовар шуд, ки ба гунаи ширу шакар ҳам дар шакли назм ва ҳам наср иншо гардидааст. Аксари нуктаҳои ин маҷмӯа ба китоб ихтисос доранд, зеро муаллиф ба ин муъҷизаи беқиёс ҳанӯз аз айёми тифлӣ дил баставу меҳр варзида ва то умр боқист, онро гиромӣ хоҳад дошт. Ин муҳаббат барояш аз падар ба мерос монда ва ба ин маъниро дар яке аз фирқаҳояш ба қалам дода: «Падарам, ҳар субҳ як-ду саҳфа китоб мехонд. Чун аз пайи коре шитоб мекард, китоберо рӯи даст гирифта, осемасар як-ду варақ мезаду боэҳтиёт бозпас ба ҷояш мегузашт ва ба кораш мешитофт. Пайомади ин амали ӯ буд муҳаббати мо, фарзандонаш, ба китоб». Ба қавли Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад,  «китоби «Атри гулбарг» аз чашмандози васею амиқ ба ҳаводиси зиндагӣ ва бардоштҳои ҳакимонаи муаллиф аз онҳо башорат медиҳад».

Абдурауф Муродӣ барои бачаҳо низ эҷод мекунад ва маҷмӯаи «Як танӯр кулча»-и ӯ, ки шомили  12 ҳикояи гуногунмавзӯъ мебошад, хонандагонро ба ватандӯстию донишандӯзӣ, хушхулқиву талош ҳидоят менамояд. Бо  мутолиаи ин китоб толибилмон дарк мекунанд, ки нисбат ба атрофиён ва ҳодисаву рӯйдодҳои зиндагӣ бетафовут будан нашояд, зеро дар олам ҳеч чиз беҳикмат нест ва аз ҳар падидае метавон ҳикмате омӯхт. Қобили тазаккур аст, ки ин китоб соли 2012 соҳиби дипломи дараҷаи дуюми озмуни “Китоби соли Тоҷикистон” гардида буд. Сафарномаи «Биё, то қадри якдигар бидонем» натиҷаи боздиди Абдурауф Муродӣ аз кишвари бостониву пурсарвати Туркия ва зиёрати марқади Мавлонои Балхӣ, рисолаи илмии «Оинаи маориф» (бо ҳамммуаллифии Н.Нуралиев ва М.Рустамзода)  нигоҳи наву тозае ба таърихи бошарафи матбуоти соҳаи маориф, бахусус ҳафтаномаи Омӯзгор» мебошад.

Абдурауф Муродӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳар иқдомоти наҷибе, ки аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат дар ҷодаи гиромидошти муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, чеҳраҳои илмиву адабӣ ироа мешавад, сидқан ҷонибдорӣ намуда, мекӯшад, ки ба қадри имкону тавон дар амалӣ гардидани онҳо саҳмгузор бошад. Чун Абдурауф зодаи баҳор асту шефати зебоиву таровати ин фасли файзбори сол тасмими Созмони Милали Муттаҳидро дар мавриди ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврӯз (соли 2010) ба сифати иди пайванди инсон бо табиат, таҳкимбахши равобити ҳасанаи миллатҳои гуногун дар заминаи эҳтироми ҷонибайн ва ғояҳои сулҳу инсондӯстӣ бо хушнудии афзун пазируфт. Муҳимтарин коре, ки дар ин замина бо ҷаҳди ӯ ба сомон расид, таҳияи маҷмӯаи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Наврӯз - шиносномаи миллат» (-Душанбе: «Адиб», 2015, бо ҳамкории Фарҳоди Карим) мебошад.

Бояд гуфт, ки мавсуф бори аввал тавассути матбуот зарурати таҳия, танзим ва нашри «Донишномаи Наврӯз»-ро ба миён гузошт ва хушбахтона, ин пешниҳод аз ҷониби мақомоти олии кишвар ва аҳли илму адаб ҷонибдорӣ ёфт ва ҷилди сеюми асари муҳташами «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (2018) пурра ба Наврӯз ва ҷашнҳои дигари миллии мо бахшида шуд. Бо ибтикори ӯ нашри силсилаи китобҳо таҳти унвони «Китобхонаи «Омӯзгор» роҳандозӣ гардид ва дар ин замина ду китоби таҳиянамудаи ӯ низ роҷеъ ба Наврӯз ва асолати ин ҷашни бостонӣ мунташир шуданд. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи имсола (2021) маҷмӯаи  дубайтиҳои Абдурауф Муродӣ “Чак-чаки борон” ба дасти  хонандагон расид, ки бидуни шак, туҳфаи шоистае барои ҳаводорони осораш мебошад. Маъмулан, дар байни халқ масале машҳур аст: “ҳамакораро ҳама кораш нимкора”, вале он ба Абдурауф Муродӣ иртиботе надорад. Бале, ӯ марди пуркор, вале пухтакору санҷидагӯст, аз рисолати сухан ва масъулияти суханвар   огоҳии комил дорад. Аксари  адибони классикии форсу тоҷик ҳам дар назм ва ҳам дар наср дасти тавоно доштанд, вале дар адабиёти муосир афроде, ки дар як вақт дар назму наср муваффақ бошанд, ангуштшуморанд ва яке аз онҳо  Абдурауф Муродӣ мебошад.

Маҷмӯаҳои дигари бо завқу салиқаи хос гирдоварӣ, таҳрир ва танзимнамудаи Абдурауф Муродӣ аз қабили «Сайри маънӣ» (ба муносибати 600-солагии Мавлоно Ҷомӣ, 2015), «Шоире аз Сармаддеҳ» (Гуфтор дар бораи Баҳманёр, 2016) арзиши муҳими илмиву адабиро доро мебошанд. Китобҳое, ки ӯ аз боби рӯзгор, осор ва фаъолияти илмиву амалии донишмандони тоҷик Т.Атахонов, З.Шарифзода, С.Собирҷонов, Д.Уроқов ва дигарон таҳия намудааст, як навъ муҳаббатномаи ихлосро мемонанд, ки бо завқу салиқаи саршор ба зевари табъ ороста шудаанд.

Абдурауф Муродӣ имрӯз барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар унвонҳои ифтихории соҳаҳои маориф, матбуот ва фарҳангу адаби кишвар мебошад ва бовар дорем, ки дар ояндаи наздик ба дарёфти дигар ҷоизаҳои давлативу адабӣ низ мушарраф мегардад. Ӯ  нақшаву ниятҳои зиёди неку созанда дорад ва чун дар ҷодаи эҷод собитқадам аст, ҳар кореро, ки ба уҳда гирад, ҳатман ба мақсад мерасад. Чанд сол пеш рӯзноманигор Усмон Шокир навишта буд, ки дар солҳои донишҷӯӣ Абдурауф Муродиро ҳамсабақонаш ба иллати пурдониву пурхонӣ «профессори донишҷӯ» меномиданд. Устод Баҳром Сирус дар 67-солагӣ рисолаи номзадӣ ва дар 81-солагӣ рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Яке аз устодони донишгоҳии  худи Абдурауф Мирзо Аҳмадзода низ дар 73-солагӣ рисолаи докториро дифоъ намуд. Мо умед мекунем, ки мавсуф дар ҷодаи илм ҳам табъи салими худро месанҷад ва дар зудтарин фурсат рисолаҳои номзадиву докториро ҳимоя намуда, нияти неки устодону ҳамсабақони донишгоҳиашро амалӣ месозад. Барои уҳдаи кор ӯ донишу маърифати кофӣ, неруву тавони ақливу зеҳнӣ, фаросату шикебоӣ ва қобилияти фавқулодат дорад. Он рӯз дур нест, ки мо мегӯем: -Дуруд ба профессор Абдурауф Муродӣ!

Шодӣ ШОКИРЗОДА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш