Нашрияи Омӯзгор

Таълимгоҳи навбунёд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

7 апрел дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои наву замонавии таълимгоҳи мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкорони боҳиммату ватандӯст Розиқов Абдухалил, Розиқов Абдуҷалил, Азимов Ҷӯрабой, Ҷӯраев Муродҷон, Азимов Олим, Иброҳимов Нозимҷон, Эгамқулов Мақсудҷон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво, утоқҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози давлат иборат мебошад ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дар таҳхонаи бино кабинетҳои таълимии дӯзандагӣ, челонгарӣ, пазандагӣ ва маҳфилҳои рассомиву омӯзиши дигар ҳунарҳо ташкил гардида, наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб карда шудаанд. Дар саҳни муассиса ошхонаи барҳаво барои 120 нафар хонанда ва майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст.

Бо дарназардошти супоришҳои Президенти мамлакат ҷиҳати самаранок истифода намудани замини ёрирасон дар масоҳати 0,5 га боғи интенсивӣ бунёд гардидааст.

Собиқ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров солҳои 1930-юм сохта шуда, бо зиёд шудани нуфузи аҳолӣ талабот ба мактаби нав ба миён омада буд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо омӯзгорон ва хонандагон омӯзиши босамари фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро таъкид карда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя мерасад.

Бунёди бинои наву замонавии муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳоти Ҳайдар Усмонов туҳфаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

 

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш