Мирзо Наҷмиддинов - устоде, ки тамоми умрашонро дар мактаб, бо шогирдону ҳамкорон гузаронид, ҳарфаш аз китоб буду таълим, адабу тарбия, илму маориф.
Ӯ зодаи деҳаи Дубедаи ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод (соли 1951) буда, дар мактабҳои ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии деҳа ва ба номи Н. К. Крупская таҳсили илм карда, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ихтисоси физика-математика) дар мактаби №22 - и деҳа ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт. Чун кори хубу босамар дошт, аз соли 1975 масъулияти дигареро бар дӯшаш бор карданд: ҷонишини директор. Ин вазифа устодро дар роҳбарӣ комилтар гардонд, дар паҳн кардани таҷрибаи худу ҳамкорон ва тайёр кардани шогирдони сазовор ном баровард. Ин буд, ки соли 1984 ба вазифаи директор таъйин гардида, ҳабдаҳ сол дар ин вазифаи пурмасъулият хизмати халқу ватан кард. Заҳматҳои пурсамари устод Мирзо Наҷмиддинов бо як қатор ифтихорномаҳои Вазорати маориф, Грамотаи Совети вазирони ҷумҳурӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, мақомоти ноҳия, нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр шудаанд.
Бо шогирдон кор кардан, дар вуҷудашон ҳисси худшиносиву ватандӯстиро бедор намудан, кори душвор, масъулиятнок ва серташвиш аст. Дар баробари ин падари фарзандон будан, онҳоро соҳибмаълумот ва ба роҳи илм ҳидоят кардан аз вазифаҳое буд, ки устод Мирзо Наҷмиддинов дар давоми умри бобаракати худ сарбаландона иҷро намуд. Суҳбатҳои ширини устод Мирзо Наҷмиддинов ҳеҷ аз ёдам намеравад. Боре дар бораи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, рӯзҳои аввали корияш сухан гуфта, бо чашмони пурашк ба дунёи хотираҳо фурӯ рафт. Шукронаи сулҳу оромии кишварро карда, сипосгузории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён кард.
Устод Мирзо Наҷмиддинов аз оғоз то вопасин лаҳзаи ҳаёт (12.04.2017) барои рушди соҳаи илму маориф ва ободии диёри хеш талошҳои хастанопазир ва хизматҳои мондагор намуда, фарзандон ва шогирдонашро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кард. Имрӯз мардуми деҳа аз фаъолияти идомадиҳандагони роҳи падар хеле хушҳоланд ва ифтихор ҳам мекунанд. Охир, онҳо дар симои фарзандон устоди азизи худро мебинанд, дар амалашон кори он касро. Устод Мирзо Наҷмиддинов 8 фарзанди худро бо нони омӯзгорӣ бузург карда, соҳиби маълумоти олӣ гардонид. Бо итминону ифтихор метавон гуфт, ки фарзандони устоди некухисоли мо бо иродаи қавӣ идомадиҳандаи роҳи падар буда, саҳми шоистаи худро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоштаанду мегузоранд. Имрӯз писарони устоди зиндаёд дар риштаҳои гуногун илм таҳқиқот бурда, се нафарашон аллакай рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, соҳиби дараҷа ва унвонҳои илмӣ гардидаанд: Абдуғаффор - писари калонии устод соли 2019 диссертатсияи номзадияшро дар Шӯрои диссертатсионии КОА Федератсияи Россия дар риштаи илмҳои педагогӣ дифоъ намуда, ҳамчун дотсент баҳри пешрафти ватани азизамон, дар таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Абдусаттор дар пайравӣ ба бародари худ ва ҳидоятҳои падари зиндаёд рисолаи номзадияшро дар риштаи илмҳои иқтисодӣ соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ намуд. Абдураҳмон айни ҳол дар Бонки давлатии Тоҷикистон – “Амонатбонк” фаъолият намуда, инчунин, бо навиштани рисолаи номзадӣ машғул аст. Мехоҳад дар рушду тараққиёти иқтисодиёти мамлакат саҳмгузор бошад. Писари хурдии устод Асадулло рисолаи номзадияшро дар риштаи илмҳои табиӣ-риёзӣ соли 2017 дар хориҷи кишвар дифоъ намудааст. Шоистаи зикр аст, ки Асадулло аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28.08.2020) бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника қадрдонӣ гардид, ки ин ҳам самараи мактаби бузург ва орзуи деринаи устоди равоншод Мирзо Наҷмиддинов буд. Оре, устоди зиндаёд орзу дошт, ки фарзандон қуллаҳои баланди илмро фатҳ намуда, дар пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузоранд. Ин орзуи неки падар ҷомаи амал пӯшида, имрӯз ҳамаи фарзандон дар самтҳои гуногун баҳри ободии ватани азизамон фаъолият доранд ва ҳамчун мутахассиси сазовори замон бо маданияти баланд ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни ҷомеа шинохта мешаванд.
Устод ба омӯзгорони ҷавон ҳамеша таъкид мекард, ки ҳар яки мо бояд аз рӯйи виҷдон, бо масъулиятшиносӣ ба шогирдон дарс диҳем. Устод Мирзо Наҷмиддинов воқеан ҳам, ба касби омӯзгорӣ муҳаббати беандоза дошт. Агар умр вафо мекард, имсол устоди накуному бузурги мо - Мирзо Наҷмиддинов 70 - умин баҳори умри хешро дар иҳотаи фарзандону пайвандон ва шогирдон истиқбол мегирифт. Афсӯс, ки 4 сол қабл чанги бераҳми марг устоди нотакрори моро рабуд... Аммо чеҳраи нуронии устод, хотироту ҳарфҳои самимиву роҳнамоии падаронааш аз ёди мо, шогирдон нарафтааст...
Ёдатон гиромӣ ва хонаи охирататон обод бошад, устод!
Гуландом КАРИМОВА,
омӯзгори мактаби №22,
ноҳияи Файзобод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр