Нашрияи Омӯзгор

Мирзо Турсунзода: «Зулфиябону, ман Мирзо! Ассалому алайкум!»

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 863        Шарҳ: 0

 

Мирзо Турсунзода ва Зулфия. Ин мавзӯъ доманадор аст. Зеро он на танҳо ба адабиёт ва сиёсат алоқаманд аст, балки дар таърихи муносибатҳои ду халқи бузург муайянкунандаи мавқеи шахс ва адабиёт низ мебошад.

Тошканд ва дар ин радиф Ӯзбекистон  барои шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода  беҳад  азизу  боқадр буд. Чаро? Барои он ки ӯ  дар Дорулфунуни тоҷикии Тошканд таҳсил кардааст.

Устод Мирзо Турсунзода Тошкандро дӯст медошт. Барои  ҳамин аз сафари Тошканд  ҳамеша бо илҳоми тоза, неруи эҷодии нав, бо мамнуният ва хушнудӣ, моломоли ҳиссиёти пурҷӯш ба Ватани худ–Тоҷикистон бармегашт. Дар навбати худ сафари ӯ ба Тошканди адибпарвар дили мухлисони шеърпарвари ӯзбекистониро ба завқ меовард, меҳрашонро ба адабиёти  тоҷик афзун менамуд.

Турсунзода дар Тошканд  кушодашавии  Дорулфунуни муаллимони тоҷикро дар таърихи  фарҳанги Тоҷикистон саҳифаи наву тоза меҳисобид. Дӯстони тошкандии Мирзо Турсунзода дар навбати аввал, ҳамсолони ӯ бо фарҳанг ва адабиёт сару  кор доштанд. Шоири ҷавон баъди таҳсил дар Тошканд, ки ба ватани худ баргашта буд, дӯстони солҳои мактабии  худро фаромӯш накард, онҳоро зуд-зуд ёд мекард.

Аз ин рӯ, вақти сафари Тошканд дӯстони қаламкаши тоҷикистонии худро ҳамроҳ ба он ҷо мебурд,  ки бо дӯстони наздики ӯзбекистонӣ  шинос шаванд, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд.  Бо ҳамин роҳ риштаҳои дӯстии адибони ду халқ рӯз аз рӯз мустаҳкам мегардид. Қадрдонии Мирзо Турсунзода бо шоиру нависандагони ӯзбек – Зулфия, Ҳамид Олимҷон, Ғафур Ғулом, Шароф  Рашидов,  Ойбек, Абдулло Қаҳҳор, Уйғун, Собир Абдулло, Сергей Бородин, Ҳамид Ғулом, Асқад Мухтор ва дигарон намунаи олии дӯстии адабии ду халқ – тоҷику ӯзбек маҳсуб меёбад.

Акнун ба мавзӯи дӯстии Турсунзода бо шоира Зулфия бармегардем.

Мирзо Турсунзода шоира Зулфияро дӯст медошт. Барои абрӯи қаламаш не, барои қадду қоматаш не, балки барои шеъри пурмуҳтаво, суханҳои ба дил наздикаш барои ба боварии  мардум сазовор буданаш дӯст медошт. Барои истеъдоди нодир, барои қалами муъҷизакор, барои  назми шевою рангинаш дӯст медошт.

Беҳтар мебуд дӯстии байни Шоири халқии Ӯзбекистон Зулфия ва шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзодаро аз забони ҳамсари ӯ Сабоҳат-апа бишнавем.

– Шоираи машҳур апаи Зулфия меҳмони олиқадр ва арзандаи хонаи мо буд,– ба хотир меорад Сабоҳат. - Дар давоми умрам бисёр бонувони унвондор ва беунвонро дидаам. Вале Зулфия барин зани хоксор,  аз ҳар ҷиҳат порсову солиҳа кам ёфт мешавад. Ӯ фазилати ба худ хос  дошт. Вақте ки ҳамсараш, шоири шинохтаи ӯзбек Ҳамид Олимҷон ба таври фоҷиавӣ аз олам  чашм пӯшид, Зулфия 29- сола буд.  Чароғи бахти оиларо, ки ҳамсараш фурӯзон карда буд, Зулфия хомӯш накард, ба ёди ӯ зиндагиро пеш бурд, эҷод кард. Барои ҳамин нисбат ба Зулфия на фақатТурсунзода,  балки ман низ ҳурмат ва эҳтироми бепоён доштам.

Дуруст аст, ки Турсунзода ин шоираи баркамолро «зеби замона Зулфиябону», «маликаи нафосат дар шакли  шеър»   гӯён  таъриф мекард ва  ин таърифу таҳсин  заррае сохта набуд.  «Аслаш  дар ин дунёи равшан азоби ҷудоӣ, ҳиҷрон дар сари ҳама  ҳаст.  Вале Зулфия барин ғаму андуҳҳоро бо матонат маҳв мекардагӣ, аз ормонҳо орзуҳои зинда офаридагӣ, бо кӯҳ барин сабру  бардошташ  ба рамзи садоқат ва вафо табдил ёфтагӣ занон каманд, хеле каманд»,-мегуфт Мирзо Турсунзода.

Барои ҳамин Зулфияро хеле эҳтиром мекард, барои дили нозуки шоиронаи ӯро бардоштан зуд-зуд ба Тошканд занг мезад, аҳвол мепурсид. Шеърҳои нави тару тозаи худро мехонд. Зулфия бо шеърҳои самимонаю пурмазмун, феълу атвори ҳамидааш, дили нозуку андешаҳои расояш дар ҳаёти  Мирзо Турсунзода ҷойгоҳи хосса дошт ва як ҷузъи олами маънавии ӯ гашта буд. Аз ҳамин хотир, Турсунзода дар бораи Зулфия шеъри ҷолибе низ гуфтааст:

Духтари ӯзбек, моро гӯш кун!

Дигаронро андаке хомӯш кун.

Гӯш кун!

Гапҳои  мо беҳуда нест,

Ин садоҳои  дили осуда нест.

Шавқи ту моро ба илҳон оварад.

Рӯ ба сӯи Ӯзбекистон оварад.

То сухан чун қомати мавзун шавад,

Дар сари ҳар мисрае дил хун шавад.

Кошкӣ, табъи равон медоштам,

Рӯдакиқудрат забон медоштам.

Менавиштам ҳусну алтофи туро,

Рӯи некуву дили софи туро...»

Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷикро, ки  соли 1968 дар Ӯзбекистон гузашта буд, ёд дорам. Ҳамон рӯзҳо Зулфиябону маро бо ҳамсарам ба хонааш таклиф намуд.

- Зане, ки бо марди шоир барин хаёлпараст ва  нозук  умр ба сар мебарад, бешубҳа, иродааш бояд мустаҳкам бошад, -гуфт  Зулфия ба сӯи  ҳамсарам нигоҳ карда. - Сабоҳатхонро ҳар қадар таъриф кунед, меарзад, Мирзо! Сабоҳат ҳам дар ҳусн, ҳам дар одоб зебо. Барои хушрафтор буданаш  аз рӯзҳои аввал  ба ӯ тан дода будам.

Турсунзода ба нимшӯхии Зулфия бо шӯхӣ ҷавоб гардонд:

– Ман достони «Ҷони ширин»-ро ба ҳамсарам бахшида навишта будам. Бинед, ки ӯро тамоми Тоҷикистон хонда истодааст…

Ман нисбат ба Турсунзода рашк  накардаам. Зеро ба муҳаббати ӯ,  ба садоқати ӯ сахт боварӣ доштам. Дар оила боварӣ устувор бошад, ба рашк ҷой намемондааст. Ба Мирзо ошиқ шудагиҳо ҳазорто бошад ҳам, ӯ фақат маро дӯст медошт, ба сӯи  ман шитоб мекард. Ана ин сатрҳои шоирро нишонаи эътироф-иқрор меҳисобам:

Бе ту дидам гарчи зебо духтарон,

Бе ту бишнидам суруди ошиқон,

Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам,

Бе ту гоҳо булбули  гӯё шудам,

Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,

Бе ту дар маҷлис фишурдам дасти зан,

Лек дар пеши назар рӯи ту буд,

Ҷилваҳои чашму абруи ту буд...

Ба суханҳои Сабоҳат-апа лавҳаи мазкур,  ки худи Зулфия нақл кардааст, ҷавобгӯ шуда метавонад.

– Ин воқеа дар ёдам набуд, Фотеҳ Ниёзӣ хотиррасон намуд, – менависад Зулфия дар ёддоштҳои худ дар бораи Турсунзода.

–  Ҳавопаймое,   ки аз Душанбе  ба Маскав парвоз мекард дар  Тошканд фурӯд омадааст. Парвози ҳавопаймо муваққатан мавқуф гузошта шудааст. Як вақт телефон ҷарангос зад. Гӯшакро бардорам, овози Мирзо Турсунзода:

– Зулфиябону, ман Мирзо! Ассалому алайкум!

– Ваалайкум ассалом!—Аз куҷо пурсида истодаед? Аз Тошканд?

– Дар дарвозаи фурудгоҳ ягон кас пешвоз мегирад,- гӯён истодаем!

– Дар Тошканд дарвоза бисёр шумо дар назди кадом дарвоза қарор доред?

–   Дар «дарвозаи осмон». Ҳозир ба хонаи Шумо меравем.

– Чӣ хел мешавад? Соат як шуда истодааст. Ҳама дар хоб!

– Хоб рафта бошанд, майлаш, шаб ба хайр. Халқи шоир ҳамеша бедор. Мо,  ки бедор ҳастем, шумо низ бояд хоб накунед, азизам!

– Ҳамроҳатон ҳаст-мӣ?

– Ҳа, ҳамааш мусофирҳои ба шумо шинос – ман, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҷалол Икромӣ…

Дар як лаҳза меҳмонон расида омаданд.

Дар хона сабзӣ набудааст, дар хонаи ҳамсоя чароғро дида давида баромадам. Аҳволро фаҳмондам.

–Гӯштатонро бароварда диҳеду аз пайи меҳмонҳо шавед. Тайёр шавад, Сабоҳатро ҷеғ мезанам.

Даро-баро  карда истодагӣ хоҳарҳоямон духтарони қадрас буданд. Ба зудӣ ба онҳо  аз тоҷикон домод  ёфт шуд. Дар ҳамин ҷо  нақша кашиданд.Аз боло моҳ нур мепошид. Дар ҳавлӣ, дар  зери  хавозаи  токе, ки ҳамсарам,  раҳматӣ Ҳамид Олимҷон  бо дасти худ шинонда буд, дар атрофи мизи пурнозу неъмат нишастанд. Тӯйро  дар тирамоҳ гузоштанд. Шеърхонӣ ба охир расид. Субҳ медамид. Меҳмонҳо ба майдони ҳавоӣ   мешитобиданд.  Маро суроғ карда омадани шоири бузурги тоҷик нишонаи дӯстӣ буд.

Дар ёддоштҳои адиби шинохтаи тоҷик Кароматуллои Мирзо низ дар бораи дӯстии ду шоири бузург – Турсунзода ва Зулфия суханҳои самимӣ  гуфта шудааст.

– 23 апрели соли 1981 ба ман мушарраф гардид, ки бо  яке аз дӯстони наздики халқамон ва адабиётамон шоираи  машҳури ӯзбек Зулфия вохӯрам,– менависад Кароматуллои Мирзо.  – Вақте дар бораи Мирзо Турсунзода сухан кушодам, дар чашмони шоира ашк ҷорӣ шуд. Баъди вафоти Мирзо Турсунзода аз байн чор сол  гузашта бошад ҳам, шоира барои дӯсти азизаш гиря мекард, аз марги бемаҳал, ки риштаи ҳаёти  шоири бузургро кандааст,  афсӯс мехӯрд. Барои аз байни мо  рафтани паҳлавони назми тоҷик  месӯхт, ғаму андуҳаш беандоза буд…

Оре, Турсунзода Зулфияро беандоза дӯст медошт, Зулфия низ  ба шоири маҳбуби худ Мирзо Турсунзода меҳр баста буд. Дар замири ин дӯстие,  ки дар асоси ҳурмат ва эҳтиром бунёд гардидааст, дӯстии ду халқ - тоҷику ӯзбек  ҳувайдо буд. Риштаҳои ин дӯстӣ дар давраи ҳамсари Зулфия - шоири маъруфи ӯзбек Ҳамид Олимҷон зинда будан мустаҳкам гардида буд.

Вақте ки Зулфияро ба анҷумани дуюми Иттифоқи нависандагони    Тоҷикистон даъват карданд, ҳанӯз баъди  вафоти ҳамсараш аз байн вақти бисёр нагузашта буд. Вале ба ин нигоҳ накарда ӯ таклифи Мирзо Турсунзодаро рад карда натавонист. Чанд рӯз савори мошину  поезд хаста  шуда, хунук хӯрда бошад ҳам, ба Душанбе омад. Ҳамон рӯзҳо толоре, ки адибони тоҷик ҷамъ омада буданд,  хунук буд. Хунукӣ ба Зулфия бисёртар таъсир расонда буд, ки  зуд-зуд  месулфид. Дар минбар Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарон.

-Турсунзода аз ман  чашмашро намеканд, нороҳат шуданамро  аз таҳти дил ҳис карда меистод, -ба хотир меорад Зулфия дар ёддоштҳои  дар  бораи Мирзо Турсунзода навиштааш. - Инро бинед, ки Турсунзода Клавдия Улуғзодаро ба назди ман фиристода будааст. Баъдтар  фаҳмидам, ки Мирзо Турсунзода аз саломатии ман дар ташвиш шуда, доруи сулфа дода, маро ба ягон  ҷои гармтар  бурданро илтимос кардааст.

Баъди анҷуман дар қатори якчанд нафар адиб ман низ ба Боми ҷаҳон - Помир рафтанӣ шудам. Вале Мирзо Турсунзода ғами маро хӯрда, дафъаи дигар меравем гуфта, аз роҳам гардонд. Ин хислати ӯ аз соҳиби қалби бузург буданаш дарак дода  меистод.

Зулфия  дар хотираҳои дигари худ меорад:

-Соли 1949. Адибони Шӯравӣ дар Москав ҷамъ омада буданд. Аз Осиёи Миёна ман ва Мирзо Турсунзода низ ба ин ҷамъомад таклиф шуда будем. Рӯзе, як гурӯҳ дӯстони руси  Мирзо Турсунзода ӯро  ба сайри ҷангалзор таклиф намуданд. Турсунзода  маро низ ба ин саёҳат таклиф намуд.

Як манзараи аҷибро, ки ҳангоми сайри  ҷангал рӯй дод, хотиррасон карданиям. Дар назди полиззор, аз  пеши духтарону занҳо  гузашта истода будем. Онҳо  аз полиз тарбуз чида, ба мошин бор мекарданд. Ман ба тарбузҳои  хурду калон назар афкандам. Тарбузҳои  ало-було ҳавасамро овард. Дилам об шуд. «Пурсам,   медода  бошанд?» - гуфтам ба Турсунзода.

Ба Зулфия гӯем, ҳатман медиҳанд. Гардед, ба наздашон меравем. Ин Зулфияи мо, мегӯям. Чеҳраи устод равшантар гашт, бо як табассуми ба худ хос ба ман нигоҳ карду боз номамро ба забон гирифт.

Мо  бо дӯстони  руси Турсунзода ба полиз наздик шудем. Дӯстони устод  ба ман ва  Турсунзода ишора намуда: -Шоираи ӯзбек ва шоири тоҷик  мегуфтанд. Баъд дар бораи Турсунзода сухан рафт. Яке аз онҳо дасташро ба китфи Турсунзода гузошта, ба таърифу ситоиш оғоз кард. «Аз авлоди Хайёму Сино, Саъдиву Ҳофизи бузург аст ӯ». Баъд шеъри Турсунзодаро, ки  ба забони русӣ чоп шуда буд, бо овози баланд ба ҳозирин хонда дод. Занҳои  рус баробар хомӯш шуда монданд. Ҳамон дӯсти Мирзо Турсунзода боз суханашро давом дода, дар бораи ба Ҳиндустон сафар кардану «Қиссаи Ҳиндустон» ном  як силсилаи шеърҳои Мирзо Турсунзода гуфт. Ана ҳамин шиносоӣ  иҷро шудани хоҳиши маро осон гардонд. Ҳама мафтуни шоири тоҷик шуда буданд...

 

  Сулаймон ЭРМАТОВ,

узви Иттифоқи

нависандагони Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш