Нашрияи Омӯзгор

Дидор пас аз 52 сол

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Аз замоне ки 22 нафар факултаи таърихи Институти педагогии ба номи Т.Г Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод С. Айнӣ)-ро  бо тахассуси омӯзгори таърих хатм карданд, 52 сол сипарӣ гардид. Аз 13 нафаре, ки имрӯз дар қайди ҳаётанд, 8 нафар  ба хотири гиромидошти рӯҳи ҳамкурсони реҳлаткарда дар шаҳри Душанбе даври ҳам омадаанд. Ҳоло синну соли ҳар кадоме   аз ҳафтод болост, вале болидарӯҳу зиндадил ба назар мерасанд.  

Хотираҳои зиёде пеши рӯи ин собиқадорону машъалбардорони соҳаи маорифи кишвар аст. Аксари онҳо собиқаи сӣ-чилсолаи педагогӣ дошта, даҳҳо ва садҳо шогирдро тарбия карда, ба камол расондаанд. Аз миёни ин пирони хирад чанд нафаре солҳои зиёд дар корҳои ҳизбиву давлатӣ   фаъолияти шоиста анҷом додаанд.

– Ман қариб чил сол дар ноҳияи Данғара аз омӯзгори одӣ то ба сарварии мактаб расидам, ҳоло синну солам ба ҳаштод наздик мешавад,– мегӯяд пирамарди барнодил Ғулом Халилов. – Хурсандам, ки имрӯз дар ҳалқаи ҳамкурсони собиқам қарор дорам. Аз ҳамкурси азизам Муртазоҷон Бурҳонов хеле миннатдорам, ки моро дар шаҳри Душанбе, дар ҳавлии худаш ҷамъ овард.

Бурҳон Салмонов,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш