Нашрияи Омӯзгор

Соҳибмактаб

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Омӯзгор дар замири насли наврас арзишҳои умумибашарӣ ва ҳисси бовариро нисбат ба халқу Ватан ташаккул медиҳад. Омӯзгорро муҳандиси рӯҳи инсон номидаанд. Омӯзгоре ба хонандагон ҳамкорӣ карда метавонад, ки дорои ахлоқи воло ва фарҳанги баланд бошад.

Яке аз омӯзгорони соҳибтаҷрибаю варзида, донандаи хуби фанҳои дақиқ Исмоилҷон Одилҷонов мебошад.  Номбурда хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1986 оғоз намудааст.

Аз соли 1986 то ҳол дар мактаби №78-и ноҳияи Фирдавсӣ аз фанни математика дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба хонандагон таълим медиҳад. Муаллим бо хизматҳои арзандаю содиқонааш дар байни ҳамкасбон, хонандагон ва волидони онҳо соҳиби обрӯю эътибори баланд гардидааст.

Исмоилҷон Одилҷонов шахси ҳалиму ширинсухан буда, шогирдонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, дӯстӣ ва илмомӯзӣ тарбия менамояд. Ӯ таҷрибаи кории 35-сола дорад.

Донишазхудкунии шогирд ба таҷрибаю ҷаҳонбинии омӯзгор вобаста аст. Муаллим И. Одилҷонов дорои таҷрибаи баланди омӯзгорӣ мебошад. Ӯ дар баробари ба шогирдонаш сабақ омӯзондан, онҳоро чун фарзандони азизи худ дӯст медорад.

Соҳиби лаҳни буррою дилнишин, гӯшнавоз ва хотирмон мебошад. Мавсуф ҳамчунин, чорабиниҳои идонаи мактабиро бо маҳорати баланд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ мегузаронад.

Муаллим ҳамзамон, роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои математикаю физика ва технологияи муассисаро ба уҳда дорад. Ӯ ба омӯзгорони ҷавон дар пешбурди масоили методӣ ва таҳияю истифодаи ҳуҷҷатҳо кумак мерасонад.

Натиҷаи ҳамин заҳматҳои муаллим  аст, ки шогирдонаш дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Қайд кардан ба маврид аст, ки шогирдони муаллим  ҳамасола, баъди хатми муассиса ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он бомуваффақият дохил гардида, соҳиби номи донишҷӯ мешаванд. Иддае аз онҳо дар соҳаҳои гуногуни мамлакат содиқона хизмат карда истодаанд.

Хизматҳои шоистаи муаллим дар таълиму тарбияи  насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

Мо, ҳамкорон, ба устоди соҳибмактаб, Исмоилҷон Одилҷонов фатҳи қуллаҳои баланди илмро орзу менамоем.

Ойбӣ Ҷумъаева,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №78,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш