Нашрияи Омӯзгор

Волидон бояд намуна бошанд

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Яке аз  омилҳои мустаҳкамшавии оила фарзанд мебошад. Мақсади асосии барпо намудани оила ҳам таъмин намудани ояндаи насли солим аст. Барои ин ҷомеа ва оила вазифадор аст,  ки кӯдакро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.

 Чӣ тарз ба воя расидани фарзанд, пеш аз ҳама, ба падару модар вобастагӣ дорад. Падару модар ба фарзанд бояд намуна бошанд.

Агар кӯдак дар оила дуруст тарбия гирифта бошад, дар муассиса таълиму тарбия самарабахш мегардад. Оила сарчашмаи маънавият, муҳит ва омили тарбияи мафкуравӣ мебошад. Барои такмил ва сайқал додани тарбияи маънавӣ оила, ҷомеа ва муассисаи таълимӣ нақши муҳим мебозанд.

Волидайн дар тарбияи фарзанд бо муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ намоянд, аз вазъи фарзандони худ дар таълимгоҳҳо воқиф шаванд, бо тамоми воситаҳои зарурии таълим таъмин намоянд, шароити муносибро барои таълиму тарбия, инкишофи қобилияти онҳо фароҳам оранд, ба муассиса рафтан ё нарафтани онҳоро таҳти назорат гиранд ва кӯдакони худро баъди дарс ба машғулиятҳои манфиатовар роҳнамоӣ намоянд.

Яке аз ҳадафҳои асосии  давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дастгирии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандии онҳо мебошад. Озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат» дар ин самт нақши бориз доранд.

М. Юнусова,

директори мактаби №103-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш