Нашрияи Омӯзгор

Заминабахши рушди шахсият

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар соҳаи маориф раванди рушду такмил бомуваффақият идома дорад. Такмили соҳаи таълиму тарбия вазифаҳои муҳимеро чун баланд бардоштани сифати омӯзиш, таъмини фарогирии муҳтавои бештари ҳар як фан, беҳтар кардани тарбияи ватандӯстию худогоҳии миллӣ, тарбияи меҳнатию эстетикӣ ва монанди инҳоро ба миён гузоштааст. Дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи маориф дар қатори омилҳои дигар аз мероси педагогии донишмандони барҷастаи соҳа эҷодкорона истифода бурдан гарави комёбиҳост. Дар вақти истифодаи ин мерос бояд шароити таърихӣ, замони зиндагии донишманд, вазъи сиёсиро дар мадди назар дошт. Маълум, ки ақидаҳои педагогии яке аз олимони барҷастаи соҳаи педагогика А.С.Макаренко барои бомуваффақият такмил додани сатҳу сифати таълиму тарбия дар тамоми замонҳо мададгори омӯзгорон аст. Чунонки муҳаққиқони соҳа таъкид кардаанд, ин педагоги варзида дар соҳаи хеш аз замон пеш гузашта буд. Ақидаҳои педагогии А.С.Макаренко замина бар ғояҳои башардӯстӣ доранд ва ҳамеша таъкид бар он менамоянд, ки инсон бояд ба таври шоиста зиндагӣ кунад, хирадманд ва хушбахт бошад. Таъкид мешавад, ки эҳтиром нисбат ба шахсияти тарбиятгиранда бояд дар меҳвари фаъолияти омӯзгор қарор дошта бошад. Олими номвар А.С.Макаренко навиштааст: «Масоили марбут ба шахсиятро бо ҳамон шарте муваффақона ҳал кардан мумкин аст, ки агар дар ботини ҳар як одам – инсони тарбиятгиранда шахсияти ояндаро бубинем. Агар шахсият фақат дар симои гурӯҳи одамони муайян дида шавад, он гоҳ тарбият бобарор нахоҳад буд».

А.С.Макаренко боварии қатъӣ дошт, ки дар умқи дили ҳар як кӯдак хоҳиши бачаи хуб, бачаи чобуку ҳамадон будан ниҳон аст, ҳар яке аз онҳо ҳиссиёти худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва комёбиро доранд. Фақат омӯзгор бояд ин хислатҳоро дар онҳо дарёбад, дарк кунад ва вусъат бахшад.

Гуфтаҳои зерини ин педагоги барҷаста бо фаъолияти амалию назариявии ӯ иртиботи қавӣ доранд: «Нисбат ба одам ҳар қадар талабот зиёдтар бошад, ҳамон қадар зиёдтар эҳтиром ҳам ба шахсияти ӯ лозим аст».

Олими номвар аз омӯзгорон даъват мекард, ки ба ботини шогирдонашон дақиқ нигаранд. Дар онҳо хусусиятҳои хубро дарёбанду такомул бахшанд, майлу рағбат ба истеъдодашонро ҳаматарафа омӯхта, барои равнақбахшиашон тадбирҳои муассир биандешанд. А.С.Макаренко таъкид мекунад, ки омӯзгор бояд бо кӯдакон дӯсти самимӣ бошад. Бо онҳо муносибати гарму самимона ба роҳ монад, омӯзгор бояд шогирдонро эҳтиром кунад, нисбат ба онҳо ғамхору дилсӯз бошад. Ба таъкиди ӯ, ба мактаб на фақат талабаҳое меоянд, ки ба омӯзиш машғул мешаванд, балки онҳо шахсиятҳои ояндаанд. Ҳар як кӯдак ба таълимгоҳ бо шавқу ҳавас, орзуҳои зиёд ва ҳиссиёти нек ворид мешавад. Омӯзгор инро бояд хуб донад ва ба истиқболи шогирдон шитобад. Дар шогирдон ҳисси беҷуръатию тарс ва нобоварӣ нисбат ба худро тавассути усулҳои таълиму тарбия барҳам бояд дод. Дар ин сурат, ба комёбӣ ноил шудан мумкин аст.

А.С.Макаренко нисбат ба омӯзгорон ва шахсияти онҳо як силсила талаботро муқаррар кардааст, ки асоси онҳо риояи муоширати педагогӣ мебошад. Ӯ омӯзгоронро ба мунтазам омӯхтан, махсусан, аз навгониҳои илми педагогика пайваста бархӯрдор будан даъват менамояд ва вобаста ба ин, аз ҷумла, таъкид менамояд: «Омӯзгор бояд қобилияти созмондиҳӣ дошта бошад, ҳазлу шӯхӣ кунад, хурсандӣ намояд ва дар ҳама гуна ҳолат худро ҳамчун шахсияти варзидаю бохирад нишон диҳад. Омӯзгор бояд тарзе рафтор кунад, ки ҳар як қадамаш ва ҳар як амалаш манбаи тарбия бошад».

Дар ҷараёни таълиму тарбия аз ақоиди педагогии донишмандони дигар, ҳамчунин, мутафаккирони барҷастаи тоҷик истифода бурдан яке аз омилҳои асосии таъмингари комёбиҳои омӯзгорон мебошад.

 

 Фазолатхон СОЛИЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш