Нашрияи Омӯзгор

Хидмати шоиста дорад бар Ватан

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Ҳар омӯзгори варзидаву ҳунарманд, ки софдилона меҳнат мекунад ва донишу таҷрибаи хешро дар амал татбиқ менамояд, дар ҷомеа зуд мавқеи худро дармеёбаду сазовори обрӯю эҳтиром ва эътирофи умум мегардад.

Ҷомии бузургвор фармудааст:

Чу касби илм кардӣ, дар

амал кӯш,

Ки илми бе амал борест

дар дӯш.

Аҳтам Исмоилов аз зумраи омӯзгорони муваффақ буда, дар натиҷаи заҳмати пайваста, худомӯзӣ ва серталабӣ нисбат ба худ, ҳамбаста ба ҳисси баланди масъулиятмандӣ ва дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудани шогирдон шарафманду маҳбуби ҳамагон гардидааст.

Ӯ соли 1959 дар деҳаи зебоманзари Тошбулоқ (Сангчашмаи ҳозира)-и Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз рӯзгор, ки худ забардасттарин омӯзгор аст, сабақ омӯхта, зебопарасту фазилатоин ба камол расидааст.

Аҳтам Исмоилов пас аз хатми мактаби №20-и шаҳри Ҳисор ба факултаи математикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ дохил шуда, онро соли 1981 бо ихтисоси омӯзгори математика хатм менамояд. Фаъолияти меҳнатиашро дар деҳаи Сангчашма – мактаби №20 оғоз намуда, баъдан ба сифати муовини директор оид ба корҳои таълимии муассисаи мазкур фаъолият мекунад. А.Исмоилов дарсро муҳимтарин ҷанбаи фаъолияти ҳар омӯзгор медонад. Дарсҳояш пурмазмуну шавқовар буда, дар онҳо аз асбобҳои аёнию воситаҳои техникӣ ва усулҳои нави таълим васеъ истифода мебарад. Шогирдонаш ба зудӣ ба фанни риёзӣ рағбат пайдо намуда, дарсҳоро хуб аз худ мекунанд ва савияи донишашон пайваста боло меравад. Шогирдони устод дар маҳфилу машғулиятҳои беруназсинфӣ, инчунин, олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва дар корҳои ҷамъиятӣ низ иштироки фаъолона доранд.

Қобилияту истеъдоди баланди устодро ба инобат гирифта, солҳои 2000-2015 дар деҳа иҷрои вазифаи раиси маҳаллаи Сангчашмаро ба зиммааш вогузоштанд. Дар муддати роҳбарии устод дар маҳалла корҳои ободонӣ ва созандагӣ авҷ гирифтанд.

Дар сохтмони муассисаи таълимии нав, маркази савдо ва майдони варзишии деҳаи Сангчашма саҳми ӯ бениҳоят калон аст.

А.Исмоилов як даъват вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор, се даъват вакили маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Алмосӣ интихоб шудааст.

Ҳамчун роҳбари иттиҳодияи методии омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзии муассиса низ устод хеле фаъол аст ва мунтазам кӯшиш дорад, ки бо муаллимон ҳамкориашро вусъат бахшад, маслиҳату машварат намояд ва муваффақияту комёбии онҳоро бештар тарғибу таблиғ созад.

Корҳои устод бонизоманд. Ӯ вақтро сарвати бебаҳо медонаду аз он самаранок истифода мебарад. Ҳарчанд серкор аст, пайваста ба худомӯзӣ ва корҳои эҷодӣ машғул мешавад ва ҳамзамон ба сифати вакили маҷлиси вакилони ҷамоат вазифаи раиси комиссия оид ба маориф, фарҳанг ва тандурустиро сарбаландона иҷро мекунад, дар иҷрои қарору нишондодҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан, дар татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва табиӣ саҳмгузор мебошад.

Хизматҳои А.Исмоилов бо ифтихорномаҳо, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Соли гузашта хизматҳои бардавому бенуқсони устод Аҳтам Исмоилов бо мукофоти олии Ватан - медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардид.

 

Ҳайдар МУРОДОВ,

омӯзгори мактаби №20-и

шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш