Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгори хуб - ба ҳама маҳбуб

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Дар бораи одамони нек, онҳое, ки дилсӯзи халқу миллатанд ва ба ҳар васила мекӯшанд, то ба қадри имкону тавон хидмати мардум бикунанд ва дар ҷомеа ҷойгоҳи сазовори худро дарёбанд, навиштан гуворову нишотбахт аст.

Кас мекӯшад, ки ба ин қабил ашхоси шарафманд бо забони қалам арзи сипос намояд ва барояшон таманниёти нек иброз дорад. Борҳо таъкид шуда, ки омӯзгорон накукортарин инсонҳоянд, хирадманду маърифатгустаранд ва имрӯзи ҷомеаро саодатмандонаю ҷодаҳои фардои кишварро мунаввар месозанд. Пешвои  муаззами миллатамон омӯзгориро барҳақ «муқаддастарин пешаи рӯи олам» ва омӯзгоронро «сарвати бузурги миллат» номидаанд. Донишманди барҷастаи аҳди бостон Арасту фармудааст: «Омӯзгорон аз волидон афзалтаранд; волидон ба мо ҳаёт мебахшанд, омӯзгорони имрӯз - фардои саодатбор». Аз ин муқаддима маро ҳадаф сухане чанд дар бораи як омӯзгори шоиста, бохираду меҳрубон - Саломат Нуралиева гуфтан аст. Бо ӯ соле қабл шинос шудам ва аз  муносибати гарму самимию суханони хирадмандонааш зуд дарк кардам, ки омӯзгорест арзандаву зебанда ба пешаи пуршарафи хеш. Бо чунин омӯзгорон шиносоӣ доштану риштаи дӯстиву муошират пайвастан барои ҳар кас ифтихор аст.

Саломат Нуралиева ҳамагӣ даҳ сол собиқаи омӯзгорӣ дорад, вале як устоди соҳибтаҷрибаву варзидаро мемонад. Дарсҳояш бо шогирдон ҳамеша дар сатҳи баланд баргузор мешаванд, хеле ҷолибу шавқбахшу рангинанд. Дар ҷараёни дарсҳояш ҳам аз китобҳои ранга, ҳам аз бозию суратҳо, ҳам аз воситаҳои техникӣ ва ҳам аз методҳои гуногун васеъ ва мавридшиносона истифода мебарад. Чун дар синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд (имсол дар синфи 1), «забони кӯдакон»-ро хуб омӯхтааст, бо ҳар як шогирдаш зуд забон меёбад, самимона, дилчаспу гуворо сухан мегӯяд. Ба он назар аст, ки омӯзгорӣ аз тамоми касбҳои олам бештар омӯзиши ҳамешагиро тақозо дорад. Аз ин рӯ, худ мунтазам ба омӯзишу такмили ихтисос машғул аст. Шеъру афсонаву чистонҳои зиёде медонад ва аз онҳо дар машғулиятҳояш бо шогирдон васеъ истифода мебарад.

Хурдтаракон муносибати самимӣ, сухани ширин ва ҳазлу шӯхиро меписанданд ва аз якрангию ҷиддият зуд хаста мешаванд. Ин нуктаро муаллима Саломат Нуралиева хуб медонад ва дар муоширати ҳамарӯза бо хонандагони хурдсол мудом дар мадди назар дорад. «Агар омӯзгор асосҳои пешаашро хуб донад, касбашро, шогирдонашро самимона дӯст дорад ва ҳаргиз қатъи худомӯзӣ накунад, ҳатман муваффақ хоҳад шуд»,-мегӯяд ин омӯзгори соҳибистеъдод.

Саломат Нуралиева худ дастпарвари Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода мебошад ва ду факултаи ин боргоҳи олии маърифатро хатм карда, соҳиби ихтисосҳои тарҷумон (аз забонҳои русию фаронсавӣ) ва омӯзгорӣ синфҳои ибтидоӣ гардидааст. То таъсиси литсейи рақами 3 барои хонандагон болаёқат дар шаҳри Душанбе дар чанд таълимгоҳи пойтахт машғули фаъолият буд. Соли гузашта аз тариқи озмун барои идомаи фаъолият ба литсейи тозатаъсиси мазкур ба кор гузашту ҳоло ин ҷо ба хонандагони синфи 1 дарс мегӯяд. Омӯзгорест ҳам писандидаи волидону ҳам роҳбарияти литсейу ҳам шогирдон.

Ман  қаноатманд аз онам, ки як набераи дӯстрӯякам- Муҳаммадҷон Бадалов шогирди ин муаллимаи варзида аст. Ҳамчунин, қаноатманд аз онам, ки дар литсей барои таҳсилу фароғати хонандагон тамоми шароит фароҳам оварда шудаасту ин таълимгоҳ ҳамеша тозаю озода буда, бо навтарин таҷҳизоти техникии таълим таъмин мебошад. Ҳайати омӯзгоронаш ҳама фаъолу соҳибтаҷрибаанд. Сарвари литсей Рафоат Қувватова қобилияти баланди роҳбарӣ дорад ва ташкилотчии хуб  асту маслиҳатгару дастгири омӯзгорону ғамхору раҳнамои хонандагон.

Таманнои онро дорем, ки сафи чунин омӯзгорону роҳбарон дар пойтахти ҷумҳурии азизамон ҳар чӣ бештар бошад.

Фотима Ҳоҷиева,

омӯзгори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илми фалсафа


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш