Нашрияи Омӯзгор

Чу шеъри Рӯдакӣ зебост!

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

Бисёр муҳим аст, ки шогирдони мо аз хурдӣ дар рӯҳияи муҳаббат ва эҳтиром нисбат ба забони модарӣ тарбият ёбанд. Забони модарӣ муҳимтарин сарвати миллат аст ва аз он ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад. Эҳтиром ба забони модарӣ маънои эҳтиром ба миллату Ватан, падару модарро дорад. Забони модариро бояд аз хурдӣ амиқу дақиқ омӯхт. Барои ин, пеш аз ҳама, мактаб масъул аст. Омӯзиши забони модарӣ дар таълимгоҳ танҳо ба фанҳои забони модарӣ ва хониш (дар синфҳои ибтидоӣ) набояд маҳдуд шавад. Барои он ки шогирдони мо забони модариро дуруст омӯзанду нутқи равону шевою беғалат дошта бошанд, бояд зимни таълими ҳар фан (математика, табиатшиносӣ, суруду расм, тарбияи ҷисмонӣ…) ба саҳеҳу фаҳмою бесакта будани сухан диққат дод. Ҳар фан луғатномаи худ, истилоҳоти худро дорад ва омӯзиши онҳо захираи луғавии хонандагонро такмил мебахшад. Зимни дарсҳо аз фанҳои гуногун ташкил  намудани лаҳзаҳои луғатгӯӣ, хониши порчаҳои шеърӣ, зарбулмасалу мақолгӯӣ… ба такмили сухандонии шогирдон ва тақвияти муҳаббати онҳо ба забони модарӣ мусоидат хоҳад кард. Ҷои баҳс нест, ки дарси забони тоҷикӣ дар масъалаи забономӯзию суханварии хонандагон нақши асосӣ дорад. Ҳангоми баргузории дарсҳо аз ин фан бояд ба нутқи шифоҳию хаттии шогирдон диққати ҳамешагӣ дода шавад. Хонандагон бояд луғатҳои омӯхтаашонро дар суханронию  ҷумланависиашон истифода карда тавонанд. Ба онҳо оид ба аҳамияти луғатдонӣ, таърихи баромади баъзе калимаҳо, чанде аз санъатҳои суханварӣ, қоидаҳои умдатарини талаффуз маълумот бояд дод. Таъкид бояд кард, ки забони тоҷикӣ таърихи хеле қадим дорад ва яке аз забонҳои паҳншудатарини олам аст. Забони тоҷикӣ лаҳни шевою гуворо дорад ва аз ин рӯ, онро забони шеър ҳам гуфтаанд. Дарвоқеъ, ба ифодаи шоир, забони тоҷикӣ аз нигоҳи тавонмандӣ ва хушоҳангӣ беназиру ҷаҳонгир аст:

Чу шеъри Рӯдакӣ зебост,

Чу мусиқӣ фараҳафзост.

Дар олам аз ҳама ширин

Забони модарии мост!

Ба хонандагон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» маълумот бояд дод. Бисёр хуб мешавад, ки онҳо дар бораи зарурати қабули ин қонун, муҳтавои нуктаҳои асосии он ва мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлол дониши муайян дошта бошанд. Дар ҷумҳурии мо ҳамасола 5 октябр чун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад ва ба ин муносибат дар тамоми мамлакат, махсусан, дар таълимгоҳҳо чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди забони тоҷикӣ  ва риояи мавқеи волои он мунтазам тадбирҷӯӣ мекунанд. Дар китоби дуҷилдаи Сарвари кишвар «Забони миллат-ҳастии миллат» муҳаббат ва эҳтиром ба забони тоҷикӣ дар сатҳи баланд таҷассум ёфтааст…

Шогирдони мо аз забони тоҷикӣ бояд ифтихор дошта бошанд ва ҳамеша баҳри поку беолоиш нигоҳ доштани он бикӯшанд ва бо садоқату муҳаббат иброз доранд:

Забони модариё, дорамат дӯст,

Ба ту пайвастаам чун нохуну пӯст.

Азиза Раҳимова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №80-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш