Нашрияи Омӯзгор

Дилбанди қалам

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар бо иштироки адиби шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Абдурауф Муродӣ дар мавзӯи «Дилбанди қалам ва сухан» маҳфили бошукӯҳ баргузор гардид.

Дар оғоз корманди китобхона Муҳаббат Юсуфӣ перомуни фаъолияти доманадору густурдаи адиб маълумот дода, эҷодиёти мавсуфро дар рушди адабиёту маорифи кишвар муассир арзёбӣ кард. Баъдан, хонандагони мактаби рақами 60-и шаҳри Душанбе аз эҷодиёти А. Муродӣ шеъру андарз қироат намуда, дар заминаи ҳаҷвияҳои мавсуф саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешниҳод карданд, ки басо ҷолиб буд. Маълум мегардад, ки хонандагони мактаби мазкур ба китобхонӣ шавқу рағбати беандоза доранд ва дар саҳначаҳо моҳирона нақшофарӣ карданд. 

Сипас, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шодӣ Раҷабзод перомуни нақши китоб дар рушу ташаккул ва ҷаҳонбинии наврасон суханронӣ кард ва панду андарзҳои Абдурауф Муродиро, ки дар китоби «Атри гулбарг» гирдоварӣ шудаанд, дар ин ҷода роҳнамои насли наврас арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, нависандагон Сафияи Носир, Латофат Азизова ва  ҳунарпеша Бароҳат Шукурова аз осори А. Муродӣ порчаву андарзҳо қироат карда, омӯзиши осори бадеиро дар ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас муҳим баҳогузорӣ карданд.

Дар охир А. Муродӣ аз эҷодиёти хеш чанд шеъру ҳаҷвия қироат намуда, ба ташкилкунандагони маҳфил ва хонандагони мактаби рақами 60-и пойтахт барои чунин барномаи рангину пурмуҳтавою муассир арзи сипос намуд.

Бояд гуфт, ки адиби маъруф Абдурауф Муродӣ  ҳам дар адабиёт, ҳам дар публитсистика, ҳам дар журналистика ва ҳам дар таҳқиқ мақолаву асарҳои мондагор таълиф намудаву дар рушди адабиёту маориф ва илми тоҷик хидмати шоиста кардааст.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш