Нашрияи Омӯзгор

Нависандаи ормонӣ

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 835        Шарҳ: 0

 

Дар даврони Шӯравӣ ҳар як заводу фабрика дар назди худ клуби фарҳангӣ дошт, ки китобхона ҷузъи асосии он ба ҳисоб мерафт.  Хонаи мо ба клуби фарҳангии заводи консервабарорӣ наздик буд ва ман узви фаъоли ин китобхона будам.

Мунтазам аз он ҷо китобҳои бадеӣ гирифта, ду – се рӯз пас бармегардонидам ва асарҳои дигарро мегирифтам. Хушбахтона, дар давраҳои мактабхонии мо гурӯҳи шоиру нависандагон ҳаргоҳ ба ноҳияҳои дурдаст сафари эҷодӣ менамуданд. Банда дар ин вохӯриҳо ҳамчун навқалам  иштирок ва шеър қироат намуда, китобҳои адибонро бо соядаст туҳфа мегирифтам. Дар ин вохӯриҳо ҳатман Сотим Улуғзодаро меҷустам, мутаассифона, ӯ дар ягон вохӯрӣ иштирок надошт. Боре аз шоири шинохта Лоиқ Шералӣ пурсидам, ки чаро устод Улуғзода намеоянд? Бо ханда ҷавоб доданд:

-Ба Душанбе, ки хонданӣ рафтӣ, баъд бо он кас шинос мекунем. Бинобар ин, баъзе адибонро бевосита ва баъзеи онҳоро ғоибона мешинохтам. Азбаски нависандаи писандидаи  ман Сотим Улуғзода буд, ӯро чун шахсияти ҷиддӣ, сиёсатмадор, донишманд, шуҷоъ, ҳақиқатҷӯву ростгӯ тасаввур мекардам.

Дар воқеъ, кӯдакии ман бо мутолиаи қиссаҳои «Ёрони боҳиммат»,  «Субҳи ҷавонии мо», романҳои  «Навобод», «Ривояти суғдӣ», «Достонҳои Шоҳнома» ва «Фирдавсӣ» - и Сотим Улуғзода гузаштааст. То ки ҷузъиёти асар дар хотирам монанд, онҳоро гаштаву баргашта мехондам. Мехостам ба қаҳрамонҳои мусбии китоб монанд бошам, аз ин рӯ, дар хислату рафтор ба онҳо тақлид мекардам. Романи «Фирдавсӣ» тамоми паҳлуҳои зиндагии ин шоири ҷаҳониро фаро гирифтааст. Худи Ҳаким  Фирдавсиро бошад,  Сотим Улуғзода ба сифати шоири ҳақҷӯ, ростгӯ, ватандӯст, додхоҳ ва олиҳиммат тасвир кардааст. Асар саропо мавзӯи ватанпарастиву хештаншиносиро дар бар мегирад. Образҳои Восеи паҳлавону диловар, Виркани қаҳрамону шуҷоъ, Ҳаким Фирдавсии хирадманду бузург  ва амсоли онҳо дар хотираи  кӯдакиам таъсири амиқ гузошта, дар раванди минбаъдаи  таълиму тарбияи ман, ки дар синни  кӯдакӣ аз падару модар ятим монда будам, таъсири мусбат гузоштанд. Дар вақти танҳоӣ дӯсту ғамбарори ман китобҳои бадеӣ буданд. Ҳолатҳое буданд, ки саргарми китобхонӣ кори ба зимма доштаамро сари вақт иҷро карда натавониста, аз калонсолони хонавода сарзаниш мешунидам.

Одаму одамгарӣ, меҳру-бониву хоксорӣ, поктинативу ростқавлӣ, таҳаммулпазириву пуртоқатӣ, хоксориву фурӯтанӣ, ҳақҷӯию адолатпешагӣ, сидқу вафо, самимияту меҳрубонӣ ва амсоли инҳо хислатҳоеанд, ки саропо  асарҳои нависандаи зиндаёд Сотим Улуғзодаро фаро гирифтаанд.

 Сотим Улуғзода яке аз шахсиятҳои  равшанфикр  ва нуктасанҷ буд. Ӯ қалами бурро ва зеҳни дурбинона дошт. Садоқат ба Ватан, ободкорию созандагӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ асоси эҷодиёти нависандаро дарбар мегирад. Ин хислатҳои ҳамидаи инсониро муаллиф  чи дар назария ва чи дар амалия исбот намудааст. Ӯ дар рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб шуда,  то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият менамояд.

Ҳар як шохаи эҷодиёти устод Улуғзода ба масъалаҳои муҳими ҳаёт бахшида шудааст. Пас аз гузаштани солҳои зиёд ман бовар дорам, ки мавзӯи эҷодиёташ ҳамоно нав ва замонавӣ мемонад. Масалан,  дар асари «Навобод» масъалаи ободкорӣ ва созандагӣ мавқеи асосӣ дорад, ки ба солҳои 30-юми асри гузашта бахшида шуда буд. Ва имрӯз низ ин мавзӯъ масъалаи мубрами рӯз аст. Дастури раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Шаҳрамонро ба шаҳри сабз табдил медиҳем», барои ободкориву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи хубе фароҳам овард. Решаи мафҳуми ватандӯстӣ аз дӯст доштани падару модар, бибию бобо ва аҳли оилаи худ, хонаи худ, кӯчаи худ ва маҳалли зисти худ ибтидо мегирад. Ободӣ бошад, аз худи инсон, аз ботину сиришташ оғоз мешавад. То сиришт обод нагардад, диёр обод намешавад. Раиси шаҳри Душанбе барои шукуфоии пойтахти азизамон камари ҳиммат баста, дар 4 соли роҳбарӣ шаҳрро ба шаҳри афсонавӣ табдил додааст. Ба қадри ин неъматҳои моддӣ расидан ва онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ доштан лозим аст. Аз ин рӯ, мо, омӯзгорон, бояд ташвиқу тарғибгари маданият, фарҳанг, илму дониш, ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон, таҳаммулпазир нисбат ба хурдсолон бошем. Ба ҷавонон хубу бадро фаҳмонем. Аз нофаҳмӣ ва каммутолиагӣ баъзе ҷавонони имрӯза ба дигар ҳизбу ҳаракатҳо гаравида истодаанд. Пайравӣ ба дигар фарҳанг либосҳои ғайри миллӣ бештар шудааст. Агар мо хонандагонро ба мутолиаи  асарҳои Сотим Улуғзода тарғиб намоем, бешубҳа, оянда насли худогоҳу худшинос, ватанпарвару шукргузор, шуҷову далер ва қаҳрамону нотарс, зираку тавоно, хоксору сабур, пуртоқату меҳнатдӯст ва хулоса, инсони шоистаи таҳсинро тарбия карда метавонем…

Ҳамин тавр, нависандаеро, ки  орзуи дидорашро доштам, нодида мондам. Агар ӯ дар Тоҷикистони пеш аз истиқлол  муҳити ороми эҷодӣ медошт, дар арсаи адабиёт асарҳои оламшумулу бешуморе ба майдони адабиёт меовард. Дар бораи тараққиёти Тоҷикистони ҷавон, сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун, нақби Шаршар, Истиқлолу Шаҳристон, роҳи Қулма-Қароқурум, роҳи сеошёнаи мошингард, иншооти бузурги фарҳангӣ ва боғҳои истироҳатӣ ҷилд - ҷилд китоб менавишт ва дар дили мардум ниҳоли ваҳдату дӯстӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, шукргузорӣ  ва вафодориро сабзонида метавонист. Зеро  Улуғзода, дар ҳақиқат, вафодори ин Ватан буд.

 

Бибиҷон Эгамбердиева,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №92,

шаҳри Душанбе,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш