Омӯзиши матбуоти тоҷик, ки таърихи бештар аз 100-сола дорад, аз мавзӯъҳоест, ки аз муҳаққиқон пажӯҳишҳои фарогирро тақозо менамояд. Дар саҳифаҳои матбуоти тоҷик масъалаҳое мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд, ки ҳанӯз ҳам омӯхта нашудаву пажӯҳишҳо талаб мекунанд.
Дар ин замина донишмандону олимони тоҷик, аз ҷумла, И. Усмонов, Д. Давронов, А. Набавӣ, П. Гулмуродов, А. Азимов, М. Муродӣ ва ғайра пажӯҳишҳои судманд анҷом додаанд. Яке аз муҳаққиқони пурмаҳсул дар омӯзиши таърихи матбуоти тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ Аъзамҷон Азимов мебошад. Мавсуф, таърихи матбуоти тоҷик дар солҳои сиюмро таҳқиқ намуда, дар ин ҷода чандин асари пурарзиш таълиф намудааст. Ба наздикӣ китоби нави ӯ бо номи «Оинаи таърих» («Зеркало истории») бо забони русӣ нашр гардид. Ин маҷмӯа мақолаҳои муаллифро дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд, дар бар мегирад. Муаллиф ба масъалаҳои дарки рушди журналистикаи асри гузашта ҳамчун оинаи таърих ба баъзе мушкилот аз дидгоҳи назариявӣ ва амалӣ баҳогузорӣ мекунад.
Китоб аз ду боб иборат аст. Боби якуми он “Оинаи таърих” унвон дошта, фарогири мақолаҳои “Солгарди адибони солҳои 30-юми асри ХХ”, “Таълими кадрҳои журналистӣ ҳамчун омили рушди ҷомеа” ва “Нигоҳе ба матбуоти солҳои 30-юми асри ХХ тавассути призмаи журналистикаи таҳлилӣ” иборат мебошад, ки муаллиф бо дидгоҳи илмӣ ва таҳлилу баррасии фарогир раванди тайёр намудани кадрҳои журналистиро дар ин солҳо нишон додааст.
Боби дуюми китоб “Матбуот ва рушди телевизиону радио” номгузорӣ шуда, аз се мақола – “Мушкилоти ҷомеаи Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри ХХ дар саҳифаҳои маҷаллаи «Ал-Ислоҳ», “Рӯзномаи “Тараққӣ” ва рушди матбуоти миллӣ дар ибтидои асри ХХ” ва “Омилҳои пешрафти соҳаи телевизиону радио дар Тоҷикистони соҳибихтиёр: таҳлили таърихӣ ва амалӣ” таркиб ёфта, ҳар яке бо такя бо асарҳои илмӣ ва таҷрибаи амалӣ бозтоб шудааст.
Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои умдаи матбуот дар он замон тарбияи кадрҳои касбии журналистӣ буд ва ин вазифаро матбуоти ҳизбӣ-шӯравӣ бомуваффақият иҷро намуд ва барои журналистикаи ҷавони тоҷик кадрҳои ҳирфаиро тайёр кард. Дар ин кор нақши адибону публитсистон бузург мебошад.
Ба таъкиди профессор А. Азимов, “С. Айнӣ, бешубҳа, асосгузори журналистикаи тоҷик мебошад. Ҳама он чизе, ки ӯ дар солҳои 1920 ва 30 навиштаасту дар рӯзномаҳо чоп кардааст, дастраси хонандагон шудааст. С.Айнӣ таърихнигори фарҳанги мо ба ҳисоб меравад ва бо мақолаҳои пурмуҳтаво дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа саҳми босазо гузоштааст. Шумораи зиёди мақолаҳои ӯ бори аввал дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расидаанд, аммо на ҳамаи онҳо дар китоби «Ахгари Инқилоб» шомил шудаанд. Зимни пажӯҳиш мо мақолаҳои зиёди устодро муайян кардем ва дар маҷмӯаи алоҳида чоп намудем”.
Дар идома, ҳамчунин, рушди телевизион ва радиоро дар кишвар таҳлил намуда, барномаҳои онро баҳогузорӣ намудааст, ки метавон аз таҳлилҳои устод баҳри боз ҳам рангин пешниҳод намудани барномаҳо истифода кард.
Дар китоби мазкур муаллиф кӯшиш намудааст, ки бо такя бо асарҳои илмӣ ва таҳлилу баррасиҳои фарогир матбуоти солҳои сиюми асри гузашта ва рушди телевизиону радиоро дар кишвар мавриди пажӯҳиши амиқ қарор диҳад.
Маҷмӯаи “Оинаи таърих” барои донишҷӯён, магистрантон, докторантони соҳаи журналистика ва кормандони ВАО муфид мебошад.
Н. ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр