Нашрияи Омӯзгор

Дахли каму харҷи зиёд бар зарари мост

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Замони бозаргонӣ талаботи хоси худро дорад, ки аз муҳимтарин талаботи он фаҳмиши иқтисодӣ доштани ҳар шахс аст. Ин масъала дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистони мо басе нигаронкунанда буд, чун тафаккури мардум ҷанбаи гуманитарӣ дошт ва таваҷҷуҳ ба фанҳои риёзӣ назаррас набуд.

Хушбахтона, замони истиқлол ин камбуди замони Шӯравиро ислоҳ кард ва пеш аз ҳама, барои заминагузории фаҳмиши иқтисодии ҷомеа таълими фанҳои махсусро дар мактабҳои миёна ҷорӣ кард, ҳамзамон, ташкили ихтисосҳои нав ба навро дар ин самт дар макотиби олӣ роҳандозӣ намуд. Имрӯз дар мактабҳои миёна китоби дарсии махсус (“Асосҳои иқтисодиёт”) таълим дода мешавад, ки бовар дорем, бо омӯзиши он натиҷаи дилхоҳро ба даст оварда метавонем. Агар соли 1990 танҳо як ихтисос - молия ва қарз дар донишгоҳҳо омӯзонда мешуд, соли 2019 чанд ихтисоси дигар илова шуд: фаъолияти бонкдорӣ, андоз ва андозбандӣ, фаъолияти гумрукӣ, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, маркетинги кори бонкӣ, системаҳои автоматикунонии бонкӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ дар бонкҳо, танзими ҳуқуқии молия ва қарз, суғурта ва ғайра.

 Дар ин ҳол зарурати таълифу чопи дастурҳои методӣ барои омӯзгорону омӯзандагон ба миён омад. Аз ҷониби донишмандони кишвар барои донишгоҳҳо дастурҳои зиёди таълимӣ бо забонҳои русиву тоҷикӣ ба табъ расидаанд, ки хушҳолкунанда аст. Чунин як дастур бо номи “Маърифати молиявӣ” аз ҷониби донишмандони соҳаи иқтисод Шодибек Қодиров ва Б.Ҷӯраев (зери таҳрири доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Л. Ҳ. Саидмуродов) дастраси хонандагон гашт.  Он ҳамчун дастури омӯзишӣ барои наврасон, ҷавонон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кулли онҳое, ки ба донистани донишҳои молиявӣ майл ва эҳтиёҷ доранд, тавсия мегардад.

Тавре дар сарсухани китоб омадааст: “Маърифати молиявӣ барои ҳама қишри ҷомеа зарур буда, ташаккули он яке аз шартҳои асосии татбиқи принсипҳои иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии таҳияи китоби мазкур низ баланд бардоштани маърифати молиявии ҳама қишрҳои аҳолӣ: кӯдакону наврасон, ҷавонон, калонсолон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.”

Бубинем, ки чӣ чиз муаллифонро водор кард, то ба ин мавзӯъ даст зананд? Дар посухи ин суол муаллифон тибқи натиҷаҳои тадқиқоти Ширкати байналхалқии молиявӣ (IFC) як қатор зарурати иҷтимоиро пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла, таъкид кардаанд, ки аз се ду ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон аз хизматҳои молиявӣ, хусусан, суратҳисобҳо, қарзҳо ва пасандозҳо истифода намебаранд. Инро дар мисоли дилхоҳ корхона ё маҳалла мушоҳида кардан мумкин аст. 90% шаҳрвандон дар бораи хидматгузориҳои бонкӣ чизе намедонанд, аз нисф бештари пурсидашудагон маблағҳои молиявиашонро захира намекунанд. Тавре болотар ишора шуд, аз надоштани фаҳмиши иқтисодӣ 40% аҳолӣ даромадҳояшонро беҳуда сарф карда, ҳамеша ба қарз рӯ ба рӯ мешаванд. Дуруст аст, ки 42% аҳолӣ аз ин нигоҳ худро саводнок мешуморанд, аммо аз нисф зиёд ба аз худ кардани маърифати молиявӣ эҳтиёҷ доранд.

Дар тавзеҳи ин масъала муаллифон атрофи пайдоиши пул, нақшу шаклҳои он, технологияи истифода ва интиқоли пул, роҳҳои ҳифз ва афзоиши он, фарқи пасандоз аз амонат, роҳҳои қарзгирӣ, фоизи қарз, суғурта, бюҷети давлат ва оила, асъори рақамӣ, қаллобии молиявӣ, аҳроми молиявӣ, маркетинги шабакавӣ, соҳибкорӣ ва оғози он иттилооти ҷолиб овардаанд, ки якояк бо забони сода, фаҳмо ва маънирас ифода ёфтаанд. Мавзӯи аввалин ҳам бо номи ҷолиб пешниҳод гаштааст: “Пул чӣ тавр ба вуҷуд омадааст?”

Чунин номгузорӣ як ҷанбаи хуби кори муаллифон аст, зеро маҳз ҳамин амал теъдоди хонандагони китобро меафзояд. Дар ин бахш муаллифон дар бораи таърихи пайдоиши пул, шакл ва интиқол, инчунин, роҳҳои аз худ кардан ва сарфи мақсадноки он маълумот пешниҳод кардаанд.

Як фарқияти китоби мазкур дар он аст, ки дар он баъзе истилоҳ ва мавзӯъҳои то ҳол дар адабиёти тоҷикии соҳавӣ диданашуда ҷой гирифтаанд. Дар китоб мисолҳои ҳаётӣ тавассути инфографикаҳо оварда шудаанд, ки ҳар шахси хоҳишманд метавонад аз онҳо амалан истифода барад ва фоида ба даст орад. Чунончи, барои шарҳи мавзӯи “Пулҳои электронӣ” муаллифон нақлеро меоранд бо номи “Азизҷон чӣ тавр дар интернет пул кор мекунад?” Танҳо сарлавҳаро дидану ба забон овардан кофист, ки диққати ҳар хонанда ба мавзӯъ ҷалб шавад.

Фарқияти дигари китоб дар он аст, ки дар поёни ҳар мавзӯъ барои осонфаҳм кардан ва ҷалби таваҷҷуҳи хонанда дар чорчӯбаи махсус иттилои наву аҷиб таҳти унвонҳои “Таваҷҷуҳ”, “Маълумотҳои ҷолиб”, “Бояд дар хотир дошт!” манзури хонандагон мегардад. Барои мисол, дар шарҳи мавзӯи “Одамон чӣ гуна метавонанд қарз бигиранд? фоизи қарз чист?” чунин таъкид шудааст:

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ҳаёти иқтисодии мардум солҳои охир боиси нигаронӣ гаштааст, қаллобист. Ин масъала ҳам аз назари муаллифон дур намондааст. Дар шарҳи ин мавзӯъ омадааст, ки қаллобии молиявӣ як ҳодисаи маъмул дар зиндагии ҳаррӯза ба ҳисоб меравад. Ҳама вақт нафароне ёфт мешаванд, ки мехоҳанд аз боварии дигарон истифода намуда, даромади муфт ба даст оваранд. Агар ба зиндагии рӯзмарра нигарем, чунин ҳодисаву воқеаҳо дар ҳар қадам ба чашм мерасанд. Муаллифон барои ба доми фиреб наафтидани хонандагон дар бораи шаклҳои зоҳиршавии қаллобии молиявӣ ва омилҳои коҳиш додани он маълумоти фасеҳ додаанд.

Дар ҳар маврид эҳтиёт ва зиракиро ба кор бурдан шарти асосист. Вале агар кас маърифати молиявӣ надошта бошад, гумон аст, ки ин ду омилро ба кор бурда тавонад.

Аз масъалаҳои муҳимми замони иқтисоди бозаргонӣ соҳибкорист. Ин амал бисёриҳоро зуд ба худ ҷалб мекунад, вале мушоҳида мешавад, ки на ҳар кас муваффақ шуда метавонад. Муаллифон барои муваффақ шудан иброз доштаанд, ки пеш аз ҳама, таҳияи нақшаи соҳибкорӣ (тиҷорат-нақша) зарур аст. Дар ҳоле ки дар кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ тибқи қонунгузорӣ набояд ягон мақомот монеъгӣ намояд, нафари шавқманд маҳз бо доштани нақшаи хос (бизнес-план) метавонад суд ба даст орад. Барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар замони имрӯза шаклҳои гуногун мавҷуданд, ҳатто маркетинги шабакавӣ. Муаллифон бо пешниҳоди сарлавҳаи ҷолиби “Фаъолияти соҳибкорӣ: чӣ тавр ва аз чӣ бояд оғоз намуд?” дар бораи бурду бохти ин самт ва роҳҳои расидан ба ҳадаф далелҳои муҳим овардаанд. Яъне, танҳо хоҳиш омили муваффақ шудан ба ҳадаф нест, амал дар асоси нақша муҳим аст.

Ба ин тариқа, муаллифон дар китоб атрофи 19 мавзӯъ донишҳоеро ба хонандагон пешниҳод кардаанд, ки метавонанд барои баланд бардоштани маърифати молиявии ҳар коромӯз мусоидат намоянд. Ногуфта намонад, ки китоб ба теъдоди 500 нусха чоп шудааст, ки ин дар шароити имрӯза нокифоя аст. Хуб мешуд, ки чопи такрории он бо иловаҳои тоза ва теъдоди бештар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба назар гирифта шавад. Маслиҳати мо ба муаллифон ин аст, ки дар чопи оянда барои тавзеҳи ҳар мавзӯъ ва тасдиқи назари худ мисолҳои ҳаётӣ пешниҳод намоянд.

 

Саида НАБИЗОДА,

сармуҳаррири маҷаллаи

“Маорифи Тоҷикистон”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш