Ҷавоб ба мақолаи ҳафтаномаи «Омӯзгор» таҳти унвони
«Ба доди омӯзгорони ҷавон кӣ мерасад?» (№24, аз 14 июни соли 2018)
Мақолаи мазкур бо иштироки муовини раиси ноҳияи Деваштич Б. ғиёсиддинзода, мудири шуъбаи маориф 3.Иброҳимов, раиси ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ X. Атамов ва кормандони соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҳамасола ҷиҳати таъмин намудани омӯзгорони ҷавони мактабҳои олиро аз тариқи буҷавӣ хатмкарда бо ҷойҳои корӣ чораҳои зарурӣ андешида, баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006 таҳти № 197 «Оид ба имтиёзҳои омӯзгорони ҷавон» кӯшиш менамояд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода ва омӯзгорони ҷавонро дастгирӣ намояд. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 453 нафар мутахассиси ҷавон фаъолият доранд, ки аз онҳо 180 нафар ба андозаи 10% иловапулӣ мегиранд. 6 нафар омӯзгори ҷавон дар соли хониши 2017-2018 ба маблағи 6000 сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифтанд. 9 нафар омӯзгори ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар соли хониши 2018-2019 ба шуъбаи маориф бо ариза муроҷиат намуданд, ки рӯйхати онҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар соли хониши 2016-2017 6 нафар омӯзгори ҷавон бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд. Дар давоми шашмоҳаи соли ҷорӣ 5 нафар ба шуъба барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд, ки ин муроҷиатҳо дарҳол баррасӣ гардида, ба унвони раисони ҷамоатҳо мактуб ирсол гардид.
Омӯзгори мактаби №29-и деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ Норбоев Сироҷиддин 28 апрели соли 2017 ба унвони мудири шуъба барои кумак намудан баҳри гирифтани қитъаи замин бо ариза муроҷиат карда буд. Ин муроҷиат дарҳол баррасӣ гардида, 1 майи соли 2017 ба унвони раиси Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич таҳти №494 мактуб бо замимаи аризаи мазкур ирсол карда шуд. Аз маълумотномаи раиси ҷамоат, ки ба унвони шуъбаи маориф аз 3.07.2018 таҳти №199 ирсол гардидааст, маълум шуд, ки дар ҳақиқат, мавсуф дар асоси қарори раиси ноҳия аз 07.06.2016 таҳти № 344 дар давоми солҳои 2014-2018 ҳамчун эҳтиёҷманд эътироф гардидааст. Мутаассифона, мувофиқи маълумоти раиси ҷамоат дар деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ айни ҳол фонди қитъаи замини наздиҳавлигӣ вуҷуд надорад ва дар ҳолати пайдо гардидани имконият эҳтиёҷманд Норбоев Сироҷиддин бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва шуъбаи маориф минбаъд низ дар самти дастгирӣ намудани омӯзгорони ҷавон ва таъмин намудани онҳо бо имтиёзҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.
Б.Ғиёсиддинзода,
муовини раиси ноҳия,
З.Иброҳимов,
мудири шуъбаи маориф,
Д.Ағолиқова,
мушовир оид ба кадрҳои
шуъбаи маориф
Иловакунӣ
Иловакунии фикр