Вазифаи падару модар фарзандонашонро дар рӯҳияи баланди инсондӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтироми калонсолон, муносибати ғамхорона ба моликияти давлат тарбия кардан аст. Дар ин росто, модарро, пеш аз ҳама, донишҳои педагогӣ – психологӣ, маҳорату малакаҳо оид ба кори тарбияи фарзанд дар оила ва хусусиятҳои беҳтарини инсонӣ зарур аст. Ҳамаи чунин сифатҳо, албатта, дар оила ташаккул меёбанд. Дар ҳақиқат, оила дар ташаккули шахсият ва дар инкишофи ҷамъият нақши муҳим мебозад, зеро ҳаёти оилавӣ дар асоси ишқу муҳаббати пок, садоқат, иззату икроми ҳамдигар хушу хуррам мегардад.
Чунонки ниёгони мо зикр намудаанд, аввалин вазифаи падару модар интихоби номи неку зебо барои фарзанд мебошад. Баъд интихоби дояи хубе ва пас шурӯъ шавад ба адабдиҳию тарбияи ахлоқии ӯ. Мо медонем, ки афкори педагогии халқи тоҷик таърихи хеле қадима дорад. Дар он на фақат вазифаҳои волидайн дар тарбияи фарзанд, балки ҳурмати падару модар аз ҷониби фарзанд ва вазифаҳои фарзанд дар зиндагӣ низ таъкид ёфтааст. Дар эҷодиёти мутафаккирони тоҷик, аз ҷумла, Шайх Саъдӣ ақидаҳои пурмазмуни педагогӣ хеле зиёданд. Саъдӣ вазифаҳои падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд, дар навбати худ вазифаҳои фарзандро нисбат ба волидайн таъкид намудааст.
Ин адиби оламшумул таъкид кардааст, ки пеш аз ҳама, наврасону ҷавононро ба ҳурмат кардани падару модарон ва омӯзгорон одат кунондан лозим аст ва пас дар ин замина нисбат ба дигар одамон – камбағалон, пирон, афтодагон, беморон, ятимон ҳисси ҳурмат доштан ва шафқат карданро тарбия бояд кард.
Шайх Саъдӣ оид ба ҳурмату эҳтироми волидайн аз тарафи фарзанд таъкид намудааст, ки қадри падару модарро донистан аз беҳтарин фазилатҳо ва хиради фарзанд аст. Мутаассифона, баъзан бо сабабҳои ҳамдигарнофаҳмӣ баъзе оилаҳо аз ҳам пош мехӯранд ва ин омил ба рӯҳу равони фарзандон таъсири бад мерасонад. Бояд гуфт, ки дар минбаъда ташкил кардани оилаи нав кори одӣ нест. Ин раванди мураккаб буда, муаммоҳои худро дорад. То унс гирифтан бо узви нави чунин хонадонҳо вақти муайяне мегузарад ва ба ҳам омадани ақидаҳо низ вақти худро талаб менамояд. Баъзан носозиву нотифоқӣ низ дар оилаҳо дида мешавад. Ҳамаи ин дар навбати аввал ба тарбияи фарзандон, инчунин, ҳолати маънавии мардону занон, ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятии онҳо зарари манфӣ мерасонад. Дар баробари мактабу маориф ҷамъият низ ба ин ҳодисаҳо набояд бепарвоӣ зоҳир намояд. Зеро оилаи пойдор аз муҳимтарин пояҳои ҷамъият аст. Дар ин ҷода, мо, омӯзгорон ҳам бояд саҳм дошта бошем, дар тарбияи ахлоқии ҳам шогирдон ва ҳам волидони онҳо нақши муҳими худро гузорем.
Гулсара НУРМАТОВА,
Саломатхон АБДУҚОДИРОВА,
омӯзгорон аз шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр