Нашрияи Омӯзгор

Норасоии оҳан дар организм

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Миқдори умумии оҳан дар хуни одами калонсол тақрибан 3-4 граммро ташкил медиҳад, ки он, ба масал, барои омодасозии ду мехи хурд кифоя аст. Ҳангоми камшавии оҳан дар организми инсон норасоии он нисбат ба меъёр рух медиҳад. Зимни норасоии оҳан одам зиёд хаста шуда,  ин ҳолат ба пайдошавии дарди сар, хирашавии табъ боис мегардад. Аз давраҳои қадим дастурамалҳои гуногуни доруҳо барои рафъи норасоии оҳан маълум буданд. Соли 1783 дар як нашрияи хориҷӣ - «Маҷаллаи иқтисодӣ» навишта шуда буд, ки дар баъзеи ҳолатҳо худи оҳан доруи хеле хуберо мемонад. Он ба навъи  майдаи оҳан бевосита  бо қанд омехта шуда, ба нафъи инсон истифода мегардад. Дар ҳамин мақола, инчунин, дар бораи дигар намуди  доруҳо, чун «Барфи оҳанин», «Оби оҳанин», «Шарбати пӯлодин» (шарбати турши ангурӣ, ки бо майдаҳои оҳан омода месозанд) гуфта шудааст. Миқдори  умумии оҳан дар ҷисм аз маҳсулоти ҳайвонот ва сабзавот вобастагӣ дорад. Миқдори зиёди оҳанро бояд занҳои ҳомила истифода баранд, то ки тифли оянда дуруст афзоиш ёбад.

Кам будани оҳан дар организм боиси вайроншавии қобилияти ҳазми хӯрок дар алоқамандӣ бо бемориҳои меъдаю рӯда мешавад. Баъзе бемориҳои сироятӣ метавонанд ба азнавътақсимшавии оҳан дар организм оварда расонанд, лекин норасоии ҷиддӣ дар ин ҳолатҳо мушоҳида намешавад.

Массаи умумии  оҳан дар мардҳои калонсол тақрибан 4,5 грамм ва дар занҳо тақрибан 3-4 граммро ташкил медиҳад. Массаи асосии (тақрибан 75%) оҳан дар гемоглобин 2-2,5-3 граммро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз гемоглобин дар эротроситҳо миқдори бениҳоят ками оҳан дар таркиби ҳуҷайраи дохили хун мавҷуд аст.

Ҳолатҳои норасоии оҳан метавонад зимни истеъмоли дарозмуддати ғизои дорои миқдори нокифояи оҳан пайдо шаванд. Зарурати истеъмоли дурударози хӯроки якхела дар мавриди риояи парҳезҳо аз ҳисоби беморӣ дар як қатор ҳолатҳо метавонад сабаби норасоии оҳан дар организм шавад. Ҳатто, зимни мавҷудияти миқдори зиёди оҳан дар ғизо ҳам ҷаббиши он дар организм метавонад нокифоя бошад ва талаботи онро қонеъ нагардонад. Оҳан метавонад танҳо дар шакли иони fe3+ ҷаббида шавад ва ҷабидашавии он хеле оҳиста гузашта, аз бисёр омилҳои мураккаб вобастагӣ дорад. Танҳо як қисми ночизи оҳани дар маҳсулот вуҷуддошта аз бар карда мешавад. Аз ҳама беҳтар оҳан аз гӯшт ва аз ҳама душвортар аз хӯрокҳои донагӣ ба организм ҷаббида мешавад. Шир миқдори бениҳоят ками оҳан дорад.

Муҳаммадҷон Муминов,

омӯзгори химияи

литсейи ДССХ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш