Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши таҷрибаи омӯзгорони фаъол

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 848        Шарҳ: 0

 

Барои маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, хусусан, директорони муассиса омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ яке аз вазифаҳои асосист. Таҷрибаи пешқадами педагогӣ мафҳумест, ки дар худ ҷустуҷӯ, эҷодкорӣ ва навовариро таҷассум мекунад. Ин гуна таҷрибаро омӯхта, таҳлил намуда, паҳн кардан зарур аст.

Дар мактаб ҳангоми иштирок дар дарсҳо мо муайян менамоем, ки дар фаъолияти ин ё он омӯзгор нишондиҳандаи баланди дониши хонандагон дида мешавад. Аз ин рӯ, роҳҳои муваффақ гардидан ба нишондиҳандаҳо омӯхта мешавад. Омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам фаъолияти яквақта нест, доимист. Вақте ки ба омӯзиши таҷрибаи пешқадам машғул шудем, муайян мекунем, ки дар фаъолияти омӯзгор нишондиҳандаи зерин дида мешаванд:

• Дониши хуб, пешравиҳо дар тарбия (муҳим баҳо нест, камоли истеъдод ва устувории дониш аст). Маданияти баланде, ки ба омӯзгор хос мебошад:

• Ҳамаи хонандагон дарсҳоро аз худ мекунанд;

• Устувор ва асосманд будани муваффақиятҳо дар ҷараёни таълиму тарбия;

• Самарабахшии таҷрибаи пешқадам муайян мешавад (дараҷаи саводнокии хонандагон, дараҷаи тарбиятдидагии хонандагон, инкишофи шахсии хонандагон, навоварии устувору бардавоми таҷрибаи пешқадам);

• Маҳаки асосии таҷрибаи хуб натиҷа аст;

• Гуфтугӯ дар бораи таҷрибаи пешқадам боварибахш ва ҷалбкунанда нест, агар нишон дода нашавад, ки хонандагон ба чӣ тариқ пайваста инкишоф меёбанд;

• Вақте муайян намудем, ки дар фаъолияти омӯзгор чунин пешравиҳо дида мешавад, шурӯъ менамоем ба таҳлил ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам.

Таҷрибаи пешқадамро дар Шӯрои омӯзгорӣ, маҷлиси иттиҳодияҳои методӣ муҳокима карда, дар ин замина қарор қабул карда мешавад. Барои паҳн кардани таҷрибаи пешқадам онро дар амал нишон додан лозим аст: (дар дарсҳои кушод, семинарҳо…) омӯзгоре, ки таҷрибааш омӯхта мешавад, аз фаъолияташ суханронӣ мекунад. Баромадҳо, нақшаҳо, тезисҳо, дарсҳои телевизионии омӯзгор ба ҳам оварда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, усулҳои паҳн намудани таҷрибаи пешқадам инҳоянд:

1.1.Омӯзиши фаъолияти омӯзгор, мушоҳида, муоина, таҳқиқи бардавоми кори омӯзгор, иштирок ба дарсҳо ва чорабиниҳои беруназсинфии омӯзгор.

а) Ба таҷрибаи пешқадам аз муайян кардани сифати дониш, дараҷаи тарбиятдидагӣ ва пешравии фаъолияти хонандагон бояд баҳо дод.

б) Муайян кардани методу усули идоракунӣ ва ташкили қобилияти идрок, дониш дар фаъолияти хонандагон, ки бо ёрии таҷрибаи пешқадам ба даст омадааст.

в) муайян бояд кард, ки сарбории хонандагон аз ҳад зиёд набошад.

г) муайян бояд кард, ки дар таҷрибаи пешқадам унсурҳои навоварӣ ҳаст.

1.2. Муайян бояд кард, ки таҷрибаи пешқадами омӯхташаванда ва паҳн намудани он ба шартҳои баҳогузорӣ ба таҷрибаи пешқадам мувофиқат мекунад.

ҳамчунин, ҷамъоварӣ намудани тезисҳо, нақшаҳо ва баромадҳо;

дар дохили муассиса ташкил намудани гӯшаи таҷрибаи пешқадам;

ҳуҷҷатҳои таҷрибаи пешқадамро ба кабинети методӣ пешниҳод кардан.

Таҷрибаи пешқадам бояд дар заминаҳои зер татбиқ шавад:

1. Дараҷаи амалӣ (қайди таҷрибаи педагогӣ, исботи бартарии таҷриба ва зарурати истифодаи васеи он)

2. Дарсҳои кушод (нишон додани шакл ва усулҳои кор).

3. Ҳисоботи эҷодӣ (нишон додани натиҷаи кор).

4. Конфронс ва намоишҳо (нишон додани системаи кор).

5. Дараҷаи методӣ (идея, таҷриба, навгониҳои омӯзгорӣ).

6. Дастнависҳо, кинофилмҳо.

7. Дараҷаи илмӣ (таҳлили назариявии таҷриба).

Меъёрҳои муайянкунандаи таҷрибаи пешқадами педагогиро мутахассисони соҳа чунин муқаррар кардаанд:

Бисёр муҳим будан, мувофиқат ба дастовардҳои илмӣ, самарабахш будан, дараҷаи саводнокии хонандагон, дараҷаи тарбиятгирандагии хонандагон, инкишофи шахсии хонандагон, мукаммалгардонии дараҷаи методӣ ва идоракунӣ, навоварӣ, устуворӣ, бардавомӣ (натиҷаи баланди хониш, тарбия ва  инкишофёбии хонандагон), шароити муносиб, ояндадор (имконияти истифодабарии таҷриба дар амал).

Барои ҷамъбасти таҷрибаи пешқадам асноди зерин бояд таҳия шаванд:

1. Қарори Шӯрои педагогӣ дар бораи омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ.

2. Тавсифномаи истеҳсолӣ ва ҷамъиятии кори омӯзгоре, ки таҷрибааш омӯхта мешавад.

3. Тадқиқоти илмӣ - методии корҳои ба анҷом расонидашуда ва баҳои самарабахши онҳо.

4. Омӯзгоре, ки таҷрибаи пешқадамаш омӯхта мешавад, баромадҳояшро дар Шӯрои омӯзгорӣ, семинарҳо ва конфронсҳои илмӣ ҷамъоварӣ ва пешниҳод менамояд.

5. Омӯхтани корҳои эҷодии омӯзгор дар бораи мукаммалгардонии  усулҳои таълиму тарбия.

6. Маводи кабинети фаннӣ, намунаи нақшаи дарсҳо, корҳои хонандагон, чопи мақолаҳо дар бораи таҷрибаи корӣ дар нашрияҳои соҳавӣ.

7. Ҳисоботи эҷодӣ (нишон додани натиҷаи кор).

8. Дар дохили муассиса ташкил намудани гӯшаи таҷрибаи пешқадам.

9. Ҳуҷҷатҳои таҷрибаи пешқадамро ороиши хуб дода, ба кабинети методӣ пешниҳод кардан лозим аст.

 

Азизбек Боронов,

директори мактаби №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш