Нашрияи Омӯзгор

Курсҳои омӯзишӣ дар Шуғнон

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои равнақу ривоҷи таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонони ВМКБ ва рушди тиҷорат дар шароити мавҷудаи вилоят як қатор корҳоро сомон дод.

Чанде пеш дар ноҳияи Шуғнон барои 26 нафар бонуи ҳунарманди ноҳия курси омӯзишии «Бизнеси худро равнақ деҳ - ояндаро ба нақша гир»-ро ба роҳ монд. Дар омӯзиш корҳои дастии бонувон ба маърази тамошо гузошта шуд. Бо саҳмгирии ДОМТ барои бонувони ҳунарманд аз тарафи сафорати ИМА таҷҳизот дастрас гардид.

Гулғунча Саидарабзода, муовини раиси ноҳия, ба директори ДОМТ дар вилоят Маҳбуба Қурбоналиева барои ташкили омӯзиш ва дастгирии бонувони ҳунарманди ноҳия изҳори сипос намуд.

 

 Ҷ.Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш