Нашрияи Омӯзгор

Қоидаҳои имлоро меомӯзем ё меомӯзонем?

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

  Имло ва қонуну қоидаи  он дар илми забоншиносӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, донистан ва дарк кардани тамоми хусусиятҳои имло барои ҳар як забондон ва забоншинос ҳатмӣ мебошад. Аммо  дар баъзе мавридҳо дар қоидаҳои имло ба иштибоҳоте дучор мешавем, ки на омӯзгор ва на хонанда ба дарки дурусти он сарфаҳм намераванд.

Беҳтар мешуд, ки пеш аз қабули Қоидаи имло ва нашри китобу китобчаҳои алоҳида Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи онро дида баромада, мавриди муҳокимаи умум гузоранд, махсусан, омӯзгорони ботаҷриба ва фаъоли муассисаҳои миёна низ аз муҳокима сарфи назар карда нашаванд. Зеро унвон гузоштан ва ё ба истилоҳи дигар, қонуну қоида тасдиқ намудан дар имло чизи дигар ва ҳам он қонуну қоидаро ба хонандагон фаҳмонидан ва ё нишон додану омӯзондан дигар аст.

Масалан, нофаҳмии мо ва ифшои иштибоҳи мо дар қоидаи имло нахуст аз овози садоноки «Э» ва «Ӣ» ва духӯрагии қоидаҳои инҳо сурат мегирад. Дар қоидаи имлои забони тоҷикӣ имлои овози садоноки «Э» ва «Ӣ» - и дароз ба мавзӯъҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки мавриди баҳсу мунозираанд. Мо, омӯзгорон, баъзан онҳоро ба хонандагон дуруст фаҳмонда наметавонем. Дар бештари китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ оид ба гурӯҳи садонокҳо ва шумораи онҳо ташреҳи духӯра дода мешавад, ки омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён оид ба хулосаи он ба фикри муайян омада наметавонанд.

Олимони илми забоншиносӣ ва муаллифони китобҳои дарсӣ ҳангоми тақсимоти  гурӯҳбандӣ ва таснифи овозҳо дар он ақидаанд, ки дар «Алифбои забони тоҷикӣ» шаш овози садонок (аз онҳо сетояш устувор – о, ӯ, э ва сетояш ноустувор – а, и, у) мавҷуд мебошад.

Овози садоноки «Э»: 1. Овози «Э» тибқи қоида дар овози як қатор калимаҳои иқтибосӣ  навишта  мешавад: эзоҳ, эҳсон, экватор, эксковатор ва ғайра. 2. Дар овози чанд калимаи тоҷикӣ дар асоси имлои таърихӣ ҳарфи садоноки «Э» риоя мешавад: Эрон, Эраҷ, Эзид ва ғайра. 3. Ҳангоми калимасозӣ низ имлои ҳарфи «Э» риоя  мешавад: тозаэҷод, соҳибэҳсон, боэҳтиром, беэътино ва ғайра.

Дар имлои баъзе калимаҳо омадааст, ки дар байн ва анҷоми калима  ҷойи ҳарфи «Э» ҳарфи «Е» навишта мешавад. Масалан, себ, деҳа, шанбе. Овози «Э» худ ётбарсар аст, ду овоз (й +э) – ро ифода мекунад. Барои чӣ имлои навишти ҳарфи «Э» дар мобайн ва охири калима чунин омадааст? Пас, дар калимаҳои номбаршуда (себ, деҳа, шанбе) овози «Е»  чанд овозро  ифода  мекунад. Хуб мешуд, ки дар чунин калимаҳо танҳо овози «Е»-ро ётбарсар гӯем, дуруст аст. Чунки овози садоноки «Э» дар таснифи овозҳо ҳамчун садоноки устувор қабул шудааст.

Дар «Алифбои забони тоҷикӣ» «Ӣ» - и дароз дар қавс ишора шудааст : (ӣ – и дароз). Ӣ-и дароз ба кадом гурӯҳи овозҳо: садонокҳо ва ё ҳамсадоҳо шомил аст? Дар рӯзномаи «Омӯзгор» (дар мақолаи Асомиддин Асоев, мутахассиси шуъбаи таълими ФҶТИБКСМ – и шаҳри Бохтар) чунин омадааст: «Ӣ»-и дароз - ҳарф, пасванд ё …? Оид ба ин овоз ақида хеле муфассал баён шудааст:

Нақши «Ӣ»-и дароз ҳангоми калимасозӣ: 1. Дар таркиби калимаҳои  решагӣ: моҳӣ, тӯтӣ, шолӣ, олӣ, ҳавлӣ. 2. Ҳамчун пасванд бо исму сифат: некӣ, бадӣ, корӣ, даштӣ. 3. Ба вазифаҳои бандакҳои феълию хабарӣ: гуфтӣ, омадӣ, омӯзгорӣ. 4. Дар ҷонишинҳои саволӣ: кӣ? ва чӣ?

Дар баъзе калимаҳои якҳиҷоӣ ва дуҳиҷоӣ ҳарфи «И» - и задаро қабул карда, дароз талаффуз мешавад. Масалан: Ин, ид, ист, ишқ, исм, имрӯз, имшаб ва ғайра.  Пас, мо метавонем «Ӣ»-и  дарозро дар ин овозҳо гузорем. Бигзор, дар «Алифбои забони тоҷикӣ» 6-то нею 7-то садонок бошад.

Шаҳноза  МАНСУРӢ,

омӯзгори мактаби  №182,

ноҳияи  Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш