Дар ҷараёни таълиму тарбия робитаи байни фанҳо масъалаи муҳим буда, мавриди таҳқиқу баррасии олимону мутахассисон ва омӯзгорони зиёде қарор гирифтааст.
Дар таълими босамари фанҳо ба назар гирифтану риоя намудани робитаи байни илмҳо ва мавзӯъҳо, воқеан ҳам, муҳим буда, боиси амиқтару бештар азхуд гардидани мавзӯъ мешавад. Ҳангоми омӯзиши фанни таърих низ ин масъала бағоят муҳим аст. Ин фан бо илмҳои зиёде робитаи бевосита дорад. Масалан, дар ҳамбастагӣ ва такя ба фанҳои забону адабиёт, табиатшиносию ҷуғрофия, биологияву физика… таълим додани таърих ва бисёр мавзӯъҳои он дарсро мукаммал, ҳадафгир ва фаҳмою пурдалел мекунад, ҷаҳонбинии хонандагонро вусъат мебахшад. Фанни таърих бо археология (бостоншиносӣ) алоқаи қавию доимӣ дорад. Ҳатто бидуни ба эътибор гирифтани даствардҳои илмии археология таълими шоистаи таърих имконнопазир аст. Аслан, археология як қисмати илми таърих маҳсуб мешуд, вале он тадриҷан инкишофу тараққӣ ёфт, шохаҳо пайдо кард, ба дастовардҳои зиёде мушарраф гашт, пурмуҳтаво шуд ва метавон гуфт, ки имрӯз ба илми мустақил табдил ёфтааст, вале ҳамоно чун як манбаи мададгору такмилбахши илми таърих боқӣ мондааст. Вобаста ба ин, мехоҳем сухане чанд дар бораи археология, ки имрӯз дар доираҳои илмӣ бо номи бостоншиносӣ низ маъмул гаштааст, изҳор намоем.
Археология илме дониста шудааст, ки таърихи ҷамъияти инсониро дар заминаи бозёфтҳои моддӣ, ковишҳо меомӯзад.
Усули асосии омӯзишу таҳқиқи ёдгориҳои археологӣ ҳафриёт аст. Чунонки сарчашмаҳо тавсиф мебахшанд, археология асбобу афзор ва маҳсулоти истеҳсолӣ (иморат, силоҳ, зарф, масолеҳи ороишию зинатдиҳӣ, осори санъат), бозёфтҳои алоҳида ва маҷмӯи ҳодисаҳо, хосиятҳо ё чизҳои алоҳида таҳқиқшуда (маҳаллаҳо, хазинаҳо, қабристонҳои қадим, устохонаҳо, конҳо…)-ро ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ ба даст омадаанд, мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Археология, инчунин, ба таҳқиқи ҷасади одамони қадим, ҳайвонот ва боқимондаҳои растаниҳо, ки омӯзишашон ба ошкорсозии хусусиёт ва тарзи зиндагӣ дар замонҳои қадим мусоидат мекунад, машғул аст. Мавзӯи омӯзиши археология ва таърих дар як асос мушобеҳ мебошад: ҳар ду илм ба омӯзиши гузаштаҳо машғуланд.
Дар Тоҷикистон корҳои археологӣ пас аз ҳамроҳ шудан ба Россия оғоз ёфтааст. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар ҷумҳурии мо, хусусан, баъди таъсиси Экспедитсияи археологии Тоҷикистон (соли 1946) ба маҷрои махсус дохил шуд. Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон марҳилаи нави ковишҳои археологӣ ибтидо ёфт.
Ҳоло дар мавзеъҳои гуногуни ҳудуди Истаравшан, Панҷакент, Кӯлоб, Фархор, Ҳисор, Восеъ, Қубодиён, Дарвоз… бостоншиносон бомуваффақият корҳои ҳафриётиро давом медиҳанд. Ҳафриёти Саразм, Ҳулбук, Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин, Шугнов, Тутқавул, Қайроққум, Аҷинатеппа, Чилҳуҷра, Бунҷикат, Тошгузар… диққати археологҳои ҷаҳонро ҷалб бинмудааст…
Бозёфтҳову комёбиҳои илми археология фанни таърихро низ муҳтавои бештар мебахшанд ва ба ҳалли бисёри масоили умдаи замон мусоидат мекунанд.
Ёрмурод Аслиддинов,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби №30-и ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр