Нашрияи Омӯзгор

Дастгирӣ

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз ҷониби сокинони ноҳия, шарикони рушд ва муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла, сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ равнақи тоза гирифтааст. Алҳол болопӯш кардан ва сохтмони чор синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Намадгут ва корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии деҳаи Дашт идома дорад. Муҳоҷирони меҳнатӣ барои болопӯш кардани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 19, 5 ҳазор сомонӣ кӯмак расониданд. Барои Марказҳои рушди барвақтии кӯдаки ҳудуди ноҳия аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 32280 сомонӣ маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ дастрас карда шуд. Ҳамзамон, аз тарафи ДОМ барои панҷарабандӣ, сохтмони ҳоҷатхонаҳо ва таъмини дастуру маводи таълимӣ маблағҳои муайян ҷудо гардиданд.

- Заминаи моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти ҳудуди ноҳия сол аз сол мустаҳкам мегардад, - мегӯяд мудири маорифи ноҳия Шамс Муборакшоев. - Ба ҳолати имрӯза дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 365 адад компютер, 83 принтер, 27 тахтаи электронӣ, 29 телевизор, 68 сканер, 41 проектор, 24 генератор, 74 ноутбук, 93 трансформатор ва 12 камераи мушоҳидавӣ мавриди истифода қарор доранд.

Бунёдкорӣ

Ба бунёд кардани майдончаҳои варзишӣ ва таъмиру азнавсозии толорҳои варзишии таълимгоҳҳои ноҳияи Роштқалъа диққати махсус дода мешавад.

Толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба маблағи 16836 сомонӣ бо лавозимоти варзишӣ таъмин гардид. Бо дастгирии ин вазорат барои таъмири толори варзишии мактаби №22 ба маблағи 40000 сомонӣ масолеҳи сохтмон ва барои гузаронидани хати оби нӯшокии мактаби №6 маблағи 3600 сомонӣ, таъмири бинои куҳнаи мактаби №10 ба маблағи 34000 сомонӣ маводи сохтмонӣ ва барои муассисаи таълимии №34 12 адад миз, 24 адад курсӣ ва барои мактаби №4 5 тонна семент ва 147 тунука дастрас карда шуд.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, барои сохтмону таъмири варзишгоҳу майдончаҳои наздимактабӣ, толорҳо ва таълимгоҳҳои дигари ноҳия низ кумаки молию масолеҳи сохтмонӣ расондааст.

 

 Ҷ. Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш