Нашрияи Омӯзгор

Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Дар бинои муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб дар асоси лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” семинари омӯзишӣ-амалӣ дар мавзӯи «Корҳои анҷомдодашуда дар доираи қисмати 2-и лоиҳа “Навсозии инфрасохтор дар муассисаҳои интихобшудаи ТТКТО”» бо иштироки рӯзноманигорони ТВТ, ТВК-и минтақаи Кӯлоб баргузор гашт. Дар кори семинар мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» Светлана Мамедова ва Фарзона Абдулқайсова ширкат доштанд. Светлана Мамедова гуфт: - Мақсад аз баргузории семинари имрӯза ин ба намояндагони ВАО-и минтақаи Кӯлоб муаррифӣ намудани корҳои ба анҷомрасонидашуда аз тарафи лоиҳаи“Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” мебошад. Сипас, корманди ташкилот Фарзона Абдулқайсова аз ҷумла, қайд намуд, ки: - Яке аз ҳадафҳои лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон навкунии заминаи моддӣ ва таълимӣ дар 29 муассисаи интихобшуда (21 литсей, 5 филиали маркази таълими калонсолон, 2 маркази касбомӯзӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён) ба ҳисоб рафта, аз рӯйи 17 касби интихобшуда таҳвили таҷҳизоти таълимии замонавӣ, ки барои ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ дар асоси салоҳият заруранд, ба нақша гирифта шуда буд. Лоиҳа, инчунин, барқарорсозии хобгоҳҳоро бо назардошти хусусиятҳои гендерӣ пешбинӣ намудааст, ки ба баланд бардоштани дастрасии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ ва омӯзиш барои занону духтарон, хусусан, аз ноҳияҳои дурдаст имкон медиҳад.

Дар умум, ҳаҷми корҳои таъмирии ҷараёндошта дар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 91 фисад иҷро гардида, дар ин муассисаҳо 112 синфхона, 68 устохона, 87 ҳуҷраи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои таъйиноташон гуногун, аз қабили маҷлисгоҳ, дафтари методӣ, толори тренингӣ, ошхона, ҳуҷраи ёрирасон, китобхона бо толори электронӣ ва толори варзишӣ таъмир карда шуданд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИДОВ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш