Барои он ки роҳбари синф дар тарбияи шогирдон дурри мақсуд ба даст биёрад, бояд бо падару модарони хонандагон ҳамкории зич дошта бошад.
Волидон низ пайваста бо роҳбари синф, муаллимони фаннӣ ва маъмурияти муассисаи таълимӣ алоқаро мустаҳкам нигаҳ доранд. Мутаассифона, баъзе аз волидон бемасъулиятию саҳлангорӣ мекунанд ва ин бемасъулиятӣ ба фарзандон бетаъсир намемонад. Ҳатто баъзе аз онҳо ба даъвати роҳбари синф эътибор надода, ба маҷлисҳои синфӣ ҳозир намешаванд.
Агар волидайн аз фарзанди хеш дар оянда умед дошта бошанд, ки ӯ донишманд, ҳунарманд, бофаросату накукор бошад, барои тарбияи ӯ бояд ҷиддан бикӯшанд.
Волидон дар муносибат бо фарзандон бояд ниҳоят боэҳтиёт бошанд, чунки як сухани бади таҳқиромез метавонад дили бачаро бишканад ва солҳо аз қалби ӯ берун нашавад ва инчунин, хислатҳои баде, чун бадбинӣ, нафрат дар ниҳоди ӯ парвариш ёбанд. Бахусус, нисбат ба фарзанди нек, фармонпазиранда ва боодоб падару модар бояд меҳрубон, дилсӯз ва боандеша бошанд.
Мо, устодон, хамеша дар тарбияи шогирдон ҷидду ҷаҳд ва кӯшишу талош намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, касбу ҳунар омӯхтан, одобу ахлоқи ҳамида доштан, бо ҳама сухани ширин гуфтан, меҳрубону дӯстдор будан, ватандӯст будан, бомасъулияту кӯшо будан даъват менамоем.
Ман ҳамчун роҳбари синф ба ин мақсад соатҳои тарбиявиро аз рӯи мавзӯъҳои гуногун, аз қабили”Сухан дониста гӯ», «Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам», «Ман кистам?», «Мо ва ҷомеа», «Модари меҳрубони ман», «Инсони комил кист?», «Дарахти дӯстӣ биншон», «Наврӯзи Аҷам» ва ғайра бо иштироки падару модарон доир менамоям. Дар охири соатҳои тарбиявӣ ба шогирдон супоришҳо медиҳам. Онҳо мавзӯи тарбиявии ояндаро навишта мегиранд ва тайёрӣ мебинанд. Иншо, лоиҳаи эҷодӣ низ менависанд. Маҷлиси падару модарон воситаи асосӣ барои алоқаи зич ва ҳамкории роҳбари синф бо падару модарон мебошад.
Хулоса, барои он ки падару модарон фарзандони солеҳу накукор, донишманду бофаросату ҳунармандро тарбия намуда, ба воя расонанд, бояд алоқаро ҳеҷ гоҳ аз дабистон, ки макони илму маърифат ва ҷойи басо муқаддас аст, накананд.
Мубарро ГУЛОНОВА,
китобдори мактаби №45-и
ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр