Нашрияи Омӯзгор

Шоҳмот - варзиши ақл

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон даври сеюми (минтақавӣ) олимпиадаи шоҳмот баргузор гардид, ки дар он 32 хонанда аз 14 мактаби шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар иштирок карданд.

Ба гуфти сарҳаками олимпиада Шоҳназар Забиров бозии шоҳмот барои наврасон хеле муфид буда, барои ҳамчун шахсият ташаккул ёфтани онҳо мусоидат менамояд.

 Дар мусобиқа шоҳмотбозони навраси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Бохтару Левакант, ноҳияҳои Вахшу Кушониён, Хуросон ва Дӯстӣ маҳорати баланд нишон доданд. Дар фарҷом, 6 хонанда ғолиби олимпиада дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии он роҳхат гирифтанд.

Аъзам БОБОЕВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш