Дониш чароғест, ки роҳи одамонро равшан месозад. Инсон ба василаи илму дониш ҳар гуна мушкилро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд.
Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфтааст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд.
Илм дастоварди бузурги фарҳанги инсонӣ мебошад. Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба илм вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки илм чунин самти фаъолияти инсон мебошад, ки вазифаи он коркард ва мураттаб гардонидани донишҳои объективӣ оид ба воқеият ва тарзи махсуси дарёфти донишҳост. Илмро низоми ягона, ҳамбаста ва рушдкунандаи донишҳо оид ба олами атроф ва қонунҳои инкишофи он ба вуҷуд меоварад. Вале илм на танҳо унсури муҳимтарини фарҳанг ва шакли олии донишҳои инсонӣ, балки нишондиҳандаи асосии фарҳанги миллӣ ва кафолати рушди бемайлони давлат низ мебошад.
Илм ба инсон имконият медиҳад, ки соҳибистеъдод гардад, хубу бади ҳаётро омӯзад, маърифати баландро соҳиб бигардаду комилҳуқуқ бошад. Маҳз омӯзиши илму маърифат пойдевори бузурги ҳаёти каси соҳибмаърифат шуда метавонад. Омӯхтани илму маърифат мунаввар кардани фардои ҳаёт аст. Агар касе илму дониши омӯхтаашро дар ҳаёт амалӣ гардонад, ӯ касест бузургдил, ки ҳаётро омӯхтаву мулоҳизакор, соҳибилму соҳибдавлат аст, соҳибиззату соҳибкамол ва намунаи ибрати ҳамагон аст. Аммо шахсе, ки аз илму дониш бохабар нест ва низ намекӯшад, ки соҳибилм бошад, оқибат аз кирдори ношоистаи худ пушаймон мегардад. Лекин умр барои инсон ҳамагӣ як бор дода мешаваду шахсе, ки онро пайи омӯхтани амали носавобе сарф мегардонад, хатои бузурге содир мекунад. Танҳо ва танҳо донишу илм бояд омӯхту амал намуд, то ҳаёт хубу бамавриду бо номи нек гузарад. Камолиддин Биноӣ фармудааст:
Зи дониш шавад кори гетӣ ба
соз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
Омӯхтан бо амал судманд аст. Яъне дониши назарӣ ҳамон вақт комил аст, агар бо амал созгор гардад:
Кори беилм бору бар надҳад,
Тухми бе мағз бас самар надҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба илм ва моҳияти он чунин таъкид намуданд: «Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд». Имрӯз мо гуфта метавонем, ки илм дар ҷомеаи муосир дар бисёр соҳаҳо ва умуман, ҳаёти инсон нақши муҳим дорад. Сатҳи рушди илм яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди ҷомеа буда, инчунин, нишондиҳандаи рушди муосири давлат мебошад. Дар замони муосир, некуҳволии кишварҳо бевосита аз вазъи соҳаи илми онҳо вобаста аст.
Дар марҳилаи ҳозираи рушди илм сохти иҷтимоии ҷомеаро тағйир медиҳад. Илм бевосита тавассути таълим ба инсон таъсир мерасонад. Илм, ки ба раванди таълим ва тағйирёбии сохтори таълим таъсири бевосита мерасонад, ба ҳамаи ҷузъҳои он: мақсад, вазифа, принсип, шаклу усулҳо, воситаҳо ва натиҷаҳо дахл дорад. Ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ низ ба шарофати системаи таълим ба амал меояд, ки он дар ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад.
Абдулқодири Бедил ба омӯхтани дониш баҳои баланд дода, гуфтааст:
Фалакро ҳамчу нақши по кунӣ
паст,
Вале гар донише нагзорӣ аз даст.
Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонист. Чунки инсон ба воситаи илм ба мартабаҳои баланд мерасад. Пешрафту тараққиёти ҷамъият низ ба илм вобастагӣ дорад.
Дилноза КАРИМОВА,
ходими калони илмии
Осорхонаи маорифи АТТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр