Нашрияи Омӯзгор

Дашти Поён соҳиби майдончаи фароғатӣ гардид

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

Ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Хоруғ, дастгирии шарикони рушд, Федератсияи футболи Тоҷикистону одамони эҳсонкор дар шаҳри Хоруғ 9 майдончаи фароғатию истироҳатӣ ба истифода дода шуда, бунёди 3 майдончаи дигар ба нақша гирифта шудааст.

Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҳаллаи Дашти Поёни шаҳри Хоруғ боз як майдончаи фароғатӣ барои кӯдакон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Он бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр бунёд гардида, дар он шароити хуби бозӣ баҳри фароғати кӯдакон муҳайё гардидааст. Дар бунёди он соҳибкори маҳаллӣ Гуланор Одилбекова саҳмгузор аст.

Дар расми ифтитоҳи ин майдонча раиси вилоят Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер иштирок ва суханронӣ карданд.

Муборизаи «Об» ва «Оташ»

 

Ҳамасола бо ибтикори Хадамоти оташнишонӣ дар муассисаҳои томактабии вилоят озмуни «Калидчаи заррин» гузаронда мешавад. Дастаи «Об» ва «Оташ»-и кӯдакистони № 1-и шаҳри Хоруғ барои соҳиб шудан ба «Калидчаи зарин» оид ба адои одитарин амалҳо роҷеъ ба роҳ надодан ба сӯхтор ва риояи қоидаҳои пешгирии он мусобиқа намуданд. Мавзӯи озмун дар худ роҳҳои наҷотдиҳӣ аз сӯхтор, фурӯ нишондани аланга, саволу ҷавоб дар ин мавзӯъ, қироати шеър ва расмкаширо дар худ таҷассум мекард.

Иштирокчиёни озмун аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти оташнишонии вилоят соҳиби туҳфаҳо шуданд.

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш