Нашрияи Омӯзгор

Тарғиби фарҳанги бегона норавост

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Имрӯзҳо аъзову пайравони ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ва дигар гурӯҳҳои динӣ-экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба муҳимияти пӯшидани сатру ҳиҷоб аз ҷониби занҳои Тоҷикистон ҳар гуна маълумотҳои бардурӯғу ифротиро паҳн карда истодаанд. Маликушшуаро Баҳор вақте ки дар Эрони подшоҳӣ масъалаи ҳиҷоб доғ шуда буд, иброз дошт, он чи ки марбут ба шарму ҳаё аст, дар чашм аст. Ҳазор сатру ҳиҷоб пӯшонӣ, то вақте ки ботини инсон музайян ба ахлоқи одии одамӣ набошад, наметавонад монеи фасоди ахлоқӣ ва фисқу фуҷур шавад.  Ба гуфтае, асоси ҳар сухан тобиши ботинӣ дорад. Зоҳирпарастӣ ва ҷилванамоии мазҳабӣ ҳеҷ умумият на бо Ислом дорад ва на бо раванди шахсиятсозӣ. Занҳои кӯҳистони тоҷик ҳиҷоб намепӯшанд ва рӯймоле, ки бо худ мегиранд, онҳоро аз ҳама чиз  ҳимоя мекунад. Ҳоло ҳам ба Хатлону Зарафшон  биравӣ, хусусан, ба деҳоти онҳо модари тоҷик бо сару либоси миллӣ ва дар сар докаи сафед шуморо пешвоз мегиранд ва чизе нест, ки аз ин воҳима шавад.

Сиёҳпӯшӣ хислати мардуми давлатҳои Шарқи Миёна  аст ва паҳн кардани он иснод ба фарҳангу суннати қадимии миллист. Дар кулли  осорхонаҳои  шаҳрҳои ҷумҳурӣ намунаи либоси занона ба намоиш гузошта мешавад ва он ҷо ба он маъное, ки ифротиҳои ғарбнишин мехоҳанд, нишона аз сатру ҳиҷоби ифротӣ нест. Занҳои тоҷик ҳам дар лаҳзаҳои сангинтарин ба либоси миллӣ арҷ мегузоштанд. Ҳамин аст, дар кишварҳое, ки аксари сокинонашон мусулмонанд, монанди Тунис, Шри-Ланка, Босния ва Ҳерзоговин пӯшидани ҳиҷоб манъ карда шуда, мувофиқи қонун ҷазо низ пешбинӣ гардидааст. Ҳатто дар баъзеи ин давлатҳо барои пӯшидани ҳиҷоб ба миқдори калон ҷарима татбиқ мешавад. 

Ҳамасола ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсону озодиҳои динӣ вобаста ба сатру ҳиҷоб гузоришҳо пешниҳод мекунанд. Бояд зикр кард, ки дар ин маврид на ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти имрӯзаи занҳои тоҷик ба инобат гирифта мешавад. Ҳоло ҳаминҳо, ки дар хонаводаашон бо миниюбкаву шортӣ мегарданд, ҳиҷоб тавсия медиҳанд. Аҷабо, касоне ки биниашон лойолуд аст, ба дигарон мегӯянд, ки абрӯятон хам аст.  Ҳамин тариқ, гузоришҳо дар бораи динситезӣ, ки аз ҷониби наҳзат ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ доман мезанад, як ҳадаф доранд: халалдор сохтани сулҳу субот дар Тоҷикистон, амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари дунявист ва дар он мақоми мусулмону насоро ва дигар динҳо яксон аст. Пас, амалу афкори ин ифротиҳо дар зеҳни мардуми сарбаланди Тоҷикистон бояд ҷойгоҳ надошта бошад.

Кайхусрави Субҳонзод,

 ходими илмии АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш