Нашрияи Омӯзгор

Дастури судманд

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ маҷмӯаи мақолоти илмӣ-методӣ таҳти унвони “Пайванди пажӯҳиш” бо пешгуфтори пурмуҳтавои раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода рӯи чоп омад. Мавсуф дар пешгуфтор аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба соҳаи илм ва маориф изҳори қаноатмандӣ намуда,  “Пайванди пажӯҳиш”-ро хизмати арзанда ва ҳадяи мондагор барои аҳли илму маорифи мамлакат дониста,  чунин таъкид намудааст: “Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, махсусан, дастгирию камолоти шахсияти илмию инсонии олимону муҳаққиқони ҷавон ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд”.

Мураттибони маҷмӯаи мақолот - устодони коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ Абдуаҳад Шарипов ва Муллоохун Сафарзода нигоштаҳои фароҳамомадаи аҳли таҳқиқро дар бахшҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, методикаи таълим, биология, иқтисодиёт, таърих ва сиёсат тасниф намуда, мақолаҳои мубрами доир ба масъалаҳои фавқуззикрро ҷой додаанд.

 Бояд гуфт, ки дар маҷмӯаи “Пайванди пажӯҳиш” масъалаҳои мубрами илмҳои ҷомеашиносӣ ва табиӣ таҷассум ёфтаанд. Маҷмӯаи мазкур дар ҳаҷми  140 саҳифа тариқи нашриёти “Ношир” дар шаҳри Хуҷанд интишор гардидааст.

 

Фирдавс АҲМАДЗОДА,

мудири шуъбаи илм ва  истеҳсолоти коллеҷи

омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш