Нашрияи Омӯзгор

Муносибати босалоҳият - замина барои инкишофи нутқ

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Ҷорӣ гардидани усули муносибати салоҳиятнок ба таълим дар синфҳои ибтидоӣ такони бузургест ба раванди донишазхудкунии хонандагон ва рушди зеҳнии онҳо. Азбаски меҳварсози дарсҳо дар ин низом хонанда ба шумор меравад, вай имкониятҳои зиёдеро доро мебошад, ки тавассути онҳо фикри худро доир ба ину он ашё, мавҷудоти гирду атроф, муҳит ва зиндагӣ баён месозад.

Бояд зикр намуд, ки дар усули мазкур алоқамандии байни фанҳо нақши барҷаста дошта, хонанда дар бораи таърифи қоидаҳои грамматикӣ мулоҳизаҳои худро баён намуда, ҳамзамон, хусусиятҳои биологии  ашёро дар заминаи суолгузории мантиқии «Чаро ин тавр? Сабаб чист?» пешкаши омӯзгор ва ҳамсинфонаш мегардонад. Таври мисол, хонандагон ҷумлае тартиб медиҳанд:

Баргҳои дарахтон оҳиста-оҳиста зард шуда, ба замин мерехтанд.

Дар ин ҷумла сухан дар хусуси дарахту баргҳои зарди он меравад. Хонанда суол мегузорад, ки дар табиат чанд фасли сол мавҷуд аст? Маълум, ки 4 фасли сол. Дар баҳор намуди дарахт чӣ гуна аст? Хонанда посух медиҳад, ки баргҳои дарахт сабз буда, он ботароват ва дар нашъунамо мебошад. Чаро дар баҳорон дарахтон сабзанд? Ба ин суол ҷавоб медиҳад, ки баргҳои дарахтон аз нури офтоб баҳра гирифтаю решаҳои онҳо намиро ҷабида, рушду нумӯъ меёбанд. Ин, албатта, ҳодисаи биологист. Вазифаи омӯзгор дар ин лаҳзаҳо шарҳу тавзеҳ додани ҳодисаи биологии номбурда мебошад. Омӯзгор дар дарс сирф тамошобин буда наметавонад. Ҳамчунин, хонанда дар фасли зимистон лухту урён гардидани дарахтонро алоқадри дарку фаҳмиши худ бояд шарҳ бидиҳад. Баргҳо аллакай ба замин рехта пӯсидаанд. Шохаю навдаҳо хушк, сабзию таровате надоранд. Нумӯю рӯиш аз байн рафтааст. Суол ба миён меояд: чаро? Ин ҳолат ҳам ҳодисаи маълум буда, ба он марбут аст, ки дар ҳуҷайраҳои шоху навда ва решаи дарахтон ҳеҷ гуна реаксияи биологӣ ба амал намеояд. Чун ҳаво сарду офтоб камҳарорат мешавад, раванди инкишофи дарахт суст мегардад. Дар тобистон бошад, аслан дарахт ҳолати худро тағйир намедиҳад. Фақат ин ҷо ду омилро ба назар гирифтан шарт мебошад:

1. Оё  ин дарахт мевадиҳанда аст?

2. Агар дарахти бесамар бошад – чӣ?

Шурӯъ аз айёми баҳорон то охирҳои фасли хазонрез марҳалаҳои рушду инкишофи дарахтони мевадиҳанда ба шумор меравад. Чунончи, ток шоху панҷа зада, ғӯраҳои ангур сараввал ба шакли донаҳои кучак пайдо мешаванд. Пасон, оҳиста – оҳиста ҳамин донаҳо бо гузашти рӯзу ҳафтаю моҳҳо бузургу барҷаста шуда, ниҳоят об гирифтаю ранг бадал карда, тамъашон ширину лазиз мегарданд. То марҳалаи ниҳоӣ, агар донаҳо пухта нарасанд, маззаи туршу нохуше доранд. Ба ин монанд, дигар дарахтони мевадиҳанда чунин тағйироту табаддулоти биологиро аз сар гузаронида, самар меоранд. Аммо дарахтони бемеваи сояафкан вазъи дигар доранд. Тобистон баргҳои онҳо ҳамчунон сабз мемонанд. То тирамоҳ ин ҳолат давом меёбад…

Бубинед, дар атрофи як дарахт ва сохтори дохилию берунии он, тағйирёбии зоҳирии он чӣ қадар метавон сухан ронду андеша баён намуд. Танҳо омӯзгор бояд неруи хуфтаи зеҳнии шогирдонро ангезиш бидиҳад. Ин ангезиш тавассути суолгузорӣ ва «луқмапартоӣ» хонандагонро ба ковишу ҷустуҷӯҳо атрофи мавзӯъ ё масъала таҳрик медиҳад.

Саида САФАРОВА,

омӯзгори гимназияи №2,

барои хонандагони болаёқати

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш