Нашрияи Омӯзгор

«Хуҷаста бод Истиқлол!»

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Тавре огаҳӣ дорем, бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юм то 9-уми апрели соли равон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони “Хуҷаста бод Истиқлол!” баргузор мешавад. 2-юми апрел дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб маросими ифтитоҳи фестивали мазкур баргузор гардид. Дар қисмати аввали чорабинӣ меҳмонон намунаи корҳои эҷодии хонандагони мактабҳои №№1, 7, 30, 50, 52 ва 53-ро тамошо карда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Шоирони ширинкалом Ҷӯра Ҳошимӣ ва Файзи Ашӯр барои кӯдакону наврасон аз эҷодиёти хеш шеърҳо қироат намуданд. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳомидиён ва мудири бахши раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Абдураҳим Одинаев ҳозиринро ба муносибати кушодашавии фестивал шодбош намуданд. Гурӯҳи кӯдакону наврасони ҳаваскор бо барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

“Омӯзгор”,

Саодат АБДУЛҲАКИМЗОДА,

корманди Китобхонаи оммавии  вилояти Хатлон ба номи С.Айнӣ  дар шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш