Нашрияи Омӯзгор

Ҳунар беҳтар аз ганҷи қорун бувад

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Ҳунар дар ҳаёти ҳар як  шахс нақши созгоре мегузорад.  Шахси  ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Дар ҳақиқат,  ҳунар ва ҳунармандӣ сармояи  бузурги  инсоният ба ҳисоб мераванд.

Ҳунарманд кушиш бар он мекунад, ки  даркӯшоӣ кунад на дарбандӣ.

Мо – омӯзгоронро зарур аст, ки  дар ҷодаи  соҳибҳунар шудани ҳар як толибилм кӯшиш намоем. Барои насли наврас муассисаи  таълимӣ  боргоҳи илму маърифат ва шавқмандӣ ба ҳунарҳост.

Бинобар ин, ташкил ва гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар мавзӯи “Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ...” хонандагонро доир ба касбу ҳунари дилбастаи худ рӯҳбаланд ва дар оянда баҳри соҳибҳунар шудани онҳо санги асос гузошта, таҳкурсии аввалиндараҷа барои интихоб намудани ҳунари онҳо гардад.

Мувофиқи гузаронидани нақша - чорабиниҳои соатҳои тарбиявӣ дар як самт таҳсил барои ҳар як синф дар мавзӯъҳои “Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ...”, “Ҳунар аз ганҷи Қорун беҳ”, “Касби ман - ифтихори ман”, “Ҳунар - ганҷи бебаҳо” ба роҳ монда шудааст, ки мо метавонем  ин чорабиниҳоро зина ба зина бо тарзҳои гуногун ба нақша гирифта, амалӣ намоем. Дар вақти ташкил ва гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар мавзӯи зикргардида бояд ҷиҳати синнусолии хонандагонро ба инобат гирифт.

Ҳамчун муовини директор оид ба тарбия худро масъул ба назорати гузаронидани соатҳои тарбиявии роҳбарони синф ва дарсҳои кушод меҳисобам ва кӯшиш мекунам, ки раванди гузаронидани онҳоро ба назорат гирам. Зеро баъзе роҳбарони синф соатҳои тарбиявиро ба ном мегузаронанд ва ё дар саҳифаи дафтари синфӣ (журнал) қайд мекунанд, ки ин ба фоидаи раванди таълиму тарбия нест.

Масалан, агар роҳбарони синф мавзӯи “Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ...”-ро бо роҳу усулҳои гуногуни тарбиявӣ гузаронанд ва омӯзгорони технология (таълими меҳнат) дар дилу дидаи хонандагон шавқу завқи касбу ҳунарҳоро ҷой намоянд, хонандагон зуд ба касбомӯзӣ ҳавасманд мешаванд.

Ҳамчун дарси намунавӣ ба тариқи слайдҳо, намоишномаҳо касбу ҳунарҳои гуногун, бо меҳр ва дилгармӣ машғули ҳунармандиву ҳунаромӯзии бачагонро ба хонандагонам нишон диҳем, омӯзем, бубинед, ба чӣ гуна натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил мегардем.

Заҳмату талошҳои мо - омӯзгорон, баҳри ҳавасмандгардонии шогирдон ба касбу ҳунаромӯзӣ метавонад шавқу завқи шогирдонро боз ҳам баланд бардорад.

 

Маҳмадсидиқ МИРЗОЕВ,

муовини директор оид ба тарбияи мактаби №48,

ноҳияи Рӯдакӣ,

Мусаллама ГИЁЗОДА,

омӯзгори ҳамин мактаб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш