Барои шахси муваффақу бообрӯ шудан бояд инсон масъулиятшинос бошад. Масъулият дар кор, дар оила ва умуман, дар ҷомеа пайдо мешавад. Вақте ки инсон кору фаъолияти худро дӯст медорад, вазифаҳои аз тарафи маъмурият додаро хуб иҷро мекунад, дар ҷомеа ин гуна шахсро масъулиятшинос мегӯянд.
Ин гунаҳо вақте ки ба ягон шахс ваъда медиҳанд, албатта, ваъдаи худро дар вақташ иҷро мекунанд. Масъулиятшиносӣ аз хурдсолӣ ва синни мактабӣ дар тафаккури шахс ташаккул меёбад. Дар мактаб талабагон таҳсил мекунанд, илм меомӯзанд. Вақте ки омӯзгор ба онҳо ягон вазифа медиҳад, онҳо масъулиятро ҳис карда, вазифаи додаи омӯзгорро сари вақт иҷро мекунанд. Ҳар як шахс баъди хатми мактаб дар зиндагӣ роҳи худро интихоб менамояд.
Масалан, баъзеҳо донишҷӯ мешаванд, баъзеҳо оиладор мешаванд ва баъзеи дигар бошад ба ин ё он кор машғул мегарданд. Дар ҷараёни кор масъулияти инсон боз ҳам баландтар мешавад. Агар шахс бисёр меҳнат кунад, кори худро дӯст дорад, бо ҳамкорон муносибати хуб дошта бошад, ҳамагон дарк мекунанд, ки ӯ масъулиятшинос аст. Ин гуна шахсро хазинаи тиллоии ҷомеа мегӯянд. Зеро ӯ аллакай мавқеи худро дар ҷомеа ишғол намудааст. Ривояте ҳаст:
Як шахси ноком аз марди муваффақ пурсид: «Кори ман ҳеҷ вақт барор намегирад. Ҳар коре, ки мекунам, ҳамааш баръакс, вайрон мешавад. Ту чӣ хел фикр мекунӣ, чаро?» Дар ҷавоб шахси муваффақ пурсид: «Дар кадом кор ту муваффақ нагардидӣ?»
- Ҳама кори ман муваффақ намегардад, - ҷавоб дод шахси ноком. - Масалан, дирӯз ман ба кор дер рафтам ва сардор маро муҷозот намуда, аз ҳисоби моҳонаам ҷарима ситонид.
-Чаро ту ба кор дер рафтӣ? пурсид он шахс.
- Чунки дирӯз, вақте ки ман ба кор рафта истода будам, ногаҳон ба роҳбандӣ дучор омадам, - ҷавоб дод ва илова намуд: - Ман барои ин ҳодиса айбдор нестам.
- Фаҳмидам. Гуфт шахси муваффақ. Боз дар кадом кор муваффақиятро ба даст наовардӣ?
Марди ноком фикр кард ва гуфт: - Боз ман чанде пеш бо автомошинаам ба садама дучор омадам.
-Фикр кун, барои чӣ ба садама бархӯрдӣ? - пурсид шахси муваффақ.
-Чунки роҳ яхбаста буд. Ва боз ман ба ин айбдор нестам. Ман намедонистам, ки ногаҳон сардӣ роҳро ба ях табдил медиҳад.
- Фаҳмидам, - гуфт он шахс. - Боз дар чӣ ту номуваффақ ҳастӣ?
- Дар ҳаёти оилавӣ муваффақ нестам, чунки ҳамсарам бо ман муносибати хуб надорад.
-Дар ин ҳолат ҳам шумо айбдор нестед? - пурсид шахси муваффақ.
-Албатта, айбдор нестам. Агар ҳамсарам хислати бад дошта бошад, оё ин айби ман аст?
-Ҳамааш фаҳмо, - мисли пизишке, ки беморро ташхис мекунад, - гуфт шахси муваффақ.
- Чӣ ба ту фаҳмо? - пурсид шахси ноком.
- Аз гуфтаҳоят фаҳмидам, вақте ки корат муваффақ намегардад, ту пеш аз ҳама шароитро айбдор мекунӣ ва бинобар ин ба худро беҳтар кардан кӯшиш намекунӣ. Агар ба ислоҳи хатоҳо ҳаракат намекунӣ ва дигаронро дар хатоҳоят айбдор мекунӣ, ту ҳамин хел номуваффақ мемонӣ.
Аз ҳамин сабаб бояд ҳар як шахс, вақте ки ба хато роҳ медиҳад, бояд хатои кардаашро ба дӯши дигарон нагузорад. Масъулиятро ҳис карда, хатояшро сари вақт ислоҳ намояд. Агар инсон масъулиятшинос бошад, зина ба зина дар рафти кору фаъолияти худ ба муваффақиятҳо ноил мегардад. Обрӯю эътибори чунин шахс дар ҷомеа боз ҳам баландтар мешавад. Аз ин бармеояд, ки агар инсон аз овони кӯдакӣ масъулият ҳис нанамояд ва дар мактаб вазифаи додаи омӯзгорро саривақт иҷро накунад, дар оянда вақте ки ба кор шурӯъ менамояд, ҳамин хел бемасъулият мемонад. Бинобар ин, инсон аз хурдӣ бояд дар худ масъулиятро ҳис намояд ва ба корҳои кардаи худ ҷавоб дода тавонад.
Дилбар Самадова,
омӯзгори коллеҷи тиббии
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Иловакунӣ
Иловакунии фикр