Нашрияи Омӯзгор

Замину осмони ман тӯӣ, модар!

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Истифодаи эҷодиёти шоири тавонои миллат, устод Лоиқ Шералӣ дар таълиму тарбияи хонандагон дар рӯҳияи инсондӯстию башарпарварӣ, муҳаббат ба Ватан ва халқу миллат, ифтихори миллию хештаншиносӣ нақши муҳим ва созанда дорад.

Дар китобҳои дарсии тамоми зинаҳои таҳсилот намунаҳо аз осори ин шоири шаҳир ворид карда шудаанд. Илова бар ин, омӯзгор метавонад дар рафти таълиму тарбия аз нигоштаҳои Лоиқ Шералӣ ба таври васеътар истифода намояд. Эҷодиёти шоир муҳимтарин василаи тарбияи маънавии хонандагон маҳсуб меёбад. Маълум, ки як ҷанбаи тарбияи шогирдон талқини эҳтиром нисбат ба волидон мебошад. Як қисмати ашъори устод Лоиқ ба модар бахшида шудааст ва ин гуна шеърҳои шоир зери унвони «Модарнома» ба ҳам омадаанд. «Модарнома»-и устод Лоиқ воситаи басо муассири даъвати ҳамагон ба эҳтироми модарон мебошад. Омӯзгор дар синфҳои ибтидоӣ бо истифода аз ин силсилаи ашъори устод дар умқи дили шогирдон ҳисси эҳтиром ба модарро неру мебахшад. Образи модар дар шеъри шоири номвари миллат фарогиру муассиру ифтихорист. Модари шоир симову ниҳоди куллан тоҷикона дорад ва қалбаш саршор аз орзуву ормонҳост. Ӯ, пеш аз ҳама, фикру зикри фарзанди дилбанд дорад, меҳру муҳаббаташ ба ӯ беинтиҳост. Модар танҳо ба хотири фарзанди азизу хушбахтиву ояндаи дурахшони ӯ зиндагӣ мекунад ва ниятҳои нек дорад. Фарзандро пайваста насиҳат менамояд, ки накукору хушрафтор бошад, баду некро фарқ кунад, Ватанро дӯст дорад ва соҳибхирад бошад. Ин нуктаҳоро дар шеърҳои «Насиҳати модар», «Нону насиб», «Қарз», «Суруди модар», «Ҷомаи гадоӣ»… метавонем равшан ба мушоҳида бигирем. Устод Лоиқ, ба таъкиди аҳли таҳқиқ, аввалин шеъри баланду дилписандро дар ситоиши модари тоҷик дар адабиёти муосири мо бо номи «Ба модарам» гуфтааст ва ин шеър сазовори баҳои баланди устод Мирзо Турсунзода гардидааст. Дар шеъри мазкур симои модар рӯшану барҷаставу хотирмону нуронӣ аст, хонандаро ба ҳаяҷон меоварад ва ҳисси эҳтиромашро нисбат ба модар дучанд месозад. Пайванди дилбанди модару фарзанд, мақому мартабаи волои модар дар шеъри «Дар шаби борон» басо муассир аст, хонандаро ба диққат оварда, мутаассир месозад. Дигар  шеъри барҷастаи устод Лоиқ дар ситоиши модар «Қасидаи модар» ном дорад, ки бо байти зер оғоз меёбад:

Сад ҷону дил фидои як муддаои

модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои

модар.

Истифодаи ин шеър дар ҷараёни таълиму тарбияи хонандагон хеле самаровар хоҳад буд ва муҳаббати хурдтараконро ба модар тақвият хоҳад бахшид.

Устод Лоиқ дар ғазале меоварад:

Замину осмони ман тӯӣ, модар,

тӯӣ, модар,

Ҷаҳони бекарони ман тӯӣ,

модар, тӯӣ, модар.

Оре, модар буду набуди мо, тамоми ҳастии мо, маънии зиндагии мо, тобу тавони мост. Эҳтирому бузургдошти ӯ қарзи асосии ҳар як фарзанд аст. Ин маъниро зимни дарсҳо омӯзгор бояд ба шогирдон мунтазам гӯшрас намояд.

Анора КАРИМОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №91-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш