Нашрияи Омӯзгор

Кибру ғурур – рафтори нозарур

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 1065        Шарҳ: 0

 

Кибру ғурур, худпарастӣ, гарданфарозии нораво, худро аз дигарон беҳтару болотар гирифтан, аз бузургии хеш ҳарф задан ва аз  тоҷу тахти худ нозу ифтихор намудан аз хислатҳои ношоистаи инсониянд. Аз ин рӯ, Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и шуҳравари худ ба ин масъала зуд-зуд рӯй меорад.

Ӯ дар байти поёнӣ чун муаллими бузурги инсоният моро  таълим медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ ба донишу ҳунари худ  ғарра нашавем, фиребои қудрату шуҳрати худ набошем ва пайваста дар андешаи фарогирии илму дониш, ҳунар ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бошем:

Машав ғарра з-оби ҳунарҳои хеш,

Нигаҳ дор бар ҷойгаҳ пои хеш.

Фурӯтаниву хоксорӣ зинати инсонҳост. Ин гавҳари ноёб дар вуҷуди ҳар инсон парвариш ёбад, ӯро шарафманд бигардонад. Агар корат омад карда бошад, аз поёни корат андеша бикун ва аз интиқому кайфари рӯзгор ғофил мебош, зеро дар ҳар бароре нобаробариҳо низ бувад ва бисёр иттифоқ афтода, ки  соҳибдавлатон муфлису  бенаво гаштаанд:

Манӣ чун бипайваст бо Кирдгор,

Шикаст андароварду баргашт кор.

Бо азму ирода, ба заҳматҳои пайваста, бо талошу ҷустуҷӯ метавонӣ ба манзил бирасӣ, қуллаҳои муродро тай бинамоӣ. Чун аз шодию пирӯзӣ бархӯрдор гардидӣ, ҳаргиз «сар ба бод» мадеҳ, яъне ифтихору ғурур макун, то ин ки бахти бедори ту ҷовидону поянда бимонад:

Аз ин пас, ки гаштем пирӯзу шод,

Набояд сари хеш додан ба бод.

Вожаи «ҳаво» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои орзу, майл ва ҳавас омадааст. Аммо чун ба байтҳои поёнӣ бо дидаи ибрат менигарем, ин вожа тобиши дигар, маънои даст кашидан аз худбиниву ҳавобаландиро дорад.

В-агар чира гардад ҳаво бар хирад,

Хирадмандат аз мардумон нашмарад.

***

Бинеҳ кинаву дур бош аз ҳаво,

Мабодо ҳаво бар ту фармонраво.

Ин нукта равшану саҳеҳ аст, ки баъзе инсонҳо «ба ҷуз хештанро надонанду бас». Онҳо гирифтори ҷоҳу мансаб ва дарёти симу заранд. Ин номардони беҳиммат аз дӯстиву меҳрубонӣ ва ихлоси ҳақиқӣ фарсахҳо дуранд ва бо худнамоиву гарданфарозии нораво хирмани умри худро барбод медиҳанд:

Ҷуз аз хештанро нахоҳанду бас,

Касеро набошанд фарёдрас.

Худписандӣ далели нодонист. Кибру мастӣ моро ба худписандӣ, худпарастӣ ба пастӣ бибарад. Ҳастанд шахсоне, ки шавқу рағбат ба донишандӯзӣ надоранд. Дар такмили дониши худ бурдбор нестанд. Онҳо заррае хирад надоранд, зи сар то по бегона аз илму маърифатанд. Эшон ҳар лаҳза дар назди мардумони оқилу доно сустию оҷизии худро эҳсос намуда, сарафгандаву хиҷил хоҳанд монд.

Ба як парри пашша надорад хирад,

Азеро касеро ба кас нашмарад.

Мардумони нодону кӯтоҳназар бо дониши ночизи худ кибру ғурур варзида, чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё донои ҷаҳон эшонанд. Вуҷуди онҳо аз даъвоҳои беҳуда пур аст, на аз донишу маърифат. Ин зумра одамон беҳтар он аст, ки хомӯш бошанд, зеро аз аввалин мулоқот кӣ буданашон маълум мегардад. Чун ба бемағзӣ шинохта шуданд, боиси мазаммати мардум мегарданд:

Чу дидам кунун донишу рои ту,

Дурӯғ аст яксар саропои ту.

Бояд гуфт, ки Абулқосим Фирдавсӣ бо шеваи ширину гуворо аз таҷрибаи зиндагӣ панде медиҳад, ки инсонҳои рӯи олам бо гуногунии расму оин ва забону миллат аз як падару модаранд. Онҳо одамизода мебошанд, яке аз дигаре бартарӣ надорад.

Пас, писандида он аст, ки аз кибру ғуруру худписандӣ дар канор бошем. Худро аз дигарон болотару беҳтар надонем, беҳтар он аст, ки дигаронро аз худ беҳтару болотар донем, ба онҳо бо чашми шубҳа нигоҳ накунем. Ҳикмати зиндагӣ он аст, ки хоксорию тамкин ва виқору шикастанафсиро гавҳари одамӣ донем. Меҳру вафо, адолату инсоф ва лутфу хуширо ба инсонҳои рӯи олам пеш гирем:

Ки мардум ба мардум бувад арҷманд,

Агарчанд бошад бузургу баланд.

 

Мирзосаид Муъминов,

омӯзгори мактаби №25,

шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш