Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгори муваффақ

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир дар кишвари соҳибистиқлоламон дар муасcисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ интихоби занон ба мансабҳои роҳбарикунанда бештар ривоҷ ёфт. Шумораи занҳо дар тамоми зинаҳои идоракунии соҳаи маориф ва илм афзуд.

Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 188 нафар зан фаъолият доранд. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда 54 нафар - 1 муовини ректор, 8 мудири кафедра, 3 декан ва 42 нафар дар сохторҳои гуногун кор мекунанд.

Маҳрамбӣ Нусратуллозода аз қабили чунин занҳои фаъол аст.

Ӯ зодаи ноҳияи Муъминобод деҳаи Боғи Ҳабиби Ҷамоати деҳоти Балхоб мебошад. Баъд аз хатми мактаби миёна соли 1997 ба факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 2002 бомуваффақият хатм намуд. Маъмурияти донишгоҳ Маҳрамбиро ба ҳайси ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо ба кор қабул кард. Солҳои 2015 – 2018 ба сифати ассистенти кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ, соли 2019 ҳамчун роҳбари бахши таҷрибаомӯзии факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг фаъолият дошт.

Дар ин муддат дар мавзӯи «Методикаи истифодаи технологияи иттиолоотӣ-иртиботӣ ҳамчун омили рушди зеҳнии хонандагон зимни таълими математика» таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи АМИТ Табарӣ Абдулло Ҳабибулло ва машварати доктори илми педагогӣ, професор Шарифзода Ҷумъа Шариф кори илмӣ-таҳқиқотӣ ба анҷом расонид. Айни замон номзади илмҳои педагогӣ, саромӯзгор, декани факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанги ДДК ба номи устод Рӯдакӣ  мебошад.

Маҳрамбӣ Акбарова дар баробари фаъолияти расмӣ як силсила корҳои илмиро ба анҷом расонидааст. Чандин дастури таълимӣ, китоби дарсӣ, монография, мақолаи илмӣ ва зиёда аз 12 мақолаи марбут ба самтҳои тарбиявӣ, иҷтимоӣ ва мақолаҳои фарогири мушкилоти ҷомеаро дар рӯзномаҳо ба табъ расонидааст. Барои фаъолияти босамараш бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ва илм мукофотонида шудааст.

Ҳамкорони ин муаллимаи заҳматкашу тозакор ба ӯ муваффақиятҳои тоза ба тоза орзу доранд.

 

Низом БАРОТОВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш