Нашрияи Омӯзгор

Номи неку монда аз ӯ

Сана: 2021-04-14        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Ба ҳама маълум аст, ки солҳои навадуми асри гузашта аз дасти ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ теъдоде аз зиёиёни кишвар кушта шудаанд. Журналисти варзида ва ходими намоёни сиёсӣ Муродулло Шерализода низ аз шумори онҳо буд. Ӯро панҷуми майи соли 1992 бо супориши саркардаи ташкилоти террористии наҳзатӣ қотилони гурӯҳи мулло Абдуғаффор дар саҳни ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ  бо шеваи ниҳоят бераҳмона куштанд.

Ин террор на танҳо нисбат ба Муродулло Шерализода, балки  нисбат ба журналистикаи тоҷик ва озодии сухан низ буд. Зеро ин рӯзноманигори тоҷик ҳамчун сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» ҳамеша ҳақиқатро баён мекард ва дар набарди иттилоотӣ бо душманони миллат муборизаи беамон мебурд.

Журналисти овозадори тоҷик Муродулло Шерализода дар  соли 1945 дар шаҳри Панҷакент зода шудааст. Мавсуф Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм карда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа намудааст. Аз ҷумла, ҳамчун ходими адабии рӯзномаи “Маориф ва маданият” (1966) бомуваффақият фаъолият кардааст. Таҷрибаи кор дар хориҷ аз кишварро ӯ дар Афғонистон гузаронида, ду маротиба (солҳои 1970-1974 ва 1978-1982) дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобули Афғонистон ба сифати тарҷумон фаъолият намудааст. Солҳои 1974-1978 ва 1982-1987 устод дар вазифаҳои ходими калони илмӣ, мудири сектори тарҷумаи Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон адои хидмат кардааст. Баъдан ӯро ба КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон ба кор даъват намуданд, ки он ҷо ба сифати бозрас (инструктор)-и шуъбаи муносибатҳои хориҷӣ (1987-1988) ва ёвари котиби якуми КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон (1988-1990) ифои вазифа доштааст. 5 октябри соли 1990 устод Муродулло Шерализода бо Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сармуҳаррири  рӯзномаи “Садои мардум”- нашрияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон таъйин гардида буд.

Замони дар вазифаи сармуҳарририи нашрияи бонуфузи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон - рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият кардан матолиберо мунташир месохт, ки аз воқеияти рӯзгору зиндагии миллӣ  бармеомад. Ӯ аз тариқи минбари матбуоти мардумӣ дар робита бо масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва соири мушкилоти мардумӣ гузоришу мусоҳибаҳо ва матолибу мақолаҳои ҷолиби публитсистӣ интишор медод.

 Махсусан, ҳассосиятҳои замон, ки ибтидои солҳои навадуми асри бист бар асари бетафовутию саҳлангории иддае аз зиёиён ва сиёсатмадорони ватанӣ, заъфи фикрию сиёсӣ, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа ба вуҷуд омада буданд, дар рӯзномаи “Садои мардум” хеле хуб инъикос меёфтанд.

Ин журналисти варзида бар мабнои донишу биниш ва собиқаи зарурии рӯзгор хуб дарк карда буд, ки ҷаҳолату хурофот дар ҳар шакле боздорандаи инкишофу тараққиёт аст ва зиёда аз ин, абзори шикасту заволи фикрию эҷодии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Мубориза бо неруҳои тахрибкор, мутаассиб ва хурофотӣ, ки ибтидои солҳои навадуми асри бист барои рӯйи даст гирифтани қудрати сиёсию низомӣ фурсатшуморӣ мекарданд, аз авлавиятҳои кори рӯзноманигорӣ, сиёсӣ ва фарҳангии М.Шерализода ба шумор мерафт. Ин буд, ки то вопасин дақиқаҳои зиндагӣ ӯ дар миёни мардум буд, барои амнияту суботи кишвар аз тамоми имкнониятҳо истифода бурд ва саранҷом дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти миллат ҷон бохт.

Бо қатли устод Шерализода гурӯҳҳои табаҳкори наҳзатӣ мехостанд, ки тарсу ҳаросро дар ҷомеа вусъат бахшанд ва мардумро таҳти тасаллут қарор бидиҳанд.

Аммо рӯҳи бебок ва озодихоҳи миллати тоҷик бар ҷаҳлу хурофот пирӯз гардид ва миллати тоҷикро бо бозсохти давлати навин раҳнамун сохт...

     

Субҳиддин ЗИЁЕВ,

ходими пешбари

илмии АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш