Дар байни мо одамони дорои хулқу атвори неку ҳамидае ҳастанд, ки онҳоро бо як дидан, аз як суханронӣ, аз як нигоҳу амалашон муайян кардан душворӣ надорад. Чунин инсонҳоро маҷозан заминӣ мегӯянд.
Ин гунаҳо ҳар кори некеро, ки анҷом медиҳанд, онро вазифа ё қарзи шаҳрвандии худ медонанд. Онҳо дар муносибат ҳалиму меҳрубон, нармгуфтору хушмуомила, дар суханронӣ дурандешу бомулоҳиза ва дар аҳду паймон содиқу вафодоранд
Ду сол аст, ки мо – омӯзгорону мураббиёни мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор дар ноҳияи Шаҳринав бо ҳамин гуна шахсе, ки сифатҳояшон дар боло зикр гардид, фаъолият дорем. Ба ростӣ, то ба ин муассиса ба кор омаданашон мо Намозхон Бобоевро намешинохтем. Бо 5-7 нафар собиқ директорони мактаб-интернате, ки пештар кору фаъолият доштем, ҳама кадрҳои худӣ, яъне шаҳринавӣ буданд. Акнун директори нав тамоман одами нав, аз дигар минтақа буд. Дар бораи ӯ ҳар кас ба таври худ андеша мекарду хулоса мебаровард. Аниқтараш, мо аз омадани Намозхон Бобоев чандон розӣ набудем.
Вале аз ҷамъомади нахустине, ки роҳбари нав бо мо гузаронд, фикру андешаҳоямон ба куллӣ тағйир ёфт. Хулоса, аз як суханрониашон ва аз рафтору муносибатҳои нахустинашон мо дар симои он кас инсони комил ва роҳбари чашмикордонро дидем. Дар рафти фаъолияти якҷояамон дарк намудем, ки устод соҳиби дониши казоӣ, маданияти баланд, фарҳанги ғанӣ ва хислатҳои неки инсонӣ ҳастанд, қобилияти ташкилотчигии хуб доранд.
Вақте ки то андозае аз зиндагиномаи Н.Бобоев воқиф шудем, маълум гардид, ки ҳисси кордонию масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ ҳанӯз дар солҳои аввали фаъолияти омӯзгориашон дар ниҳоди эшон ҳувайдо гардида будааст. Масалан, вақте ки баъди хатми Институти педагогии шаҳри Кӯлоб (соли 1978) тибқи роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба кор фиристода мешаванд, бо назардошти ташкилотчии хуб ва донишу маҳорати баланд доштанашон баъди як соли омӯзгорӣ он касро ба ҳайси муовини директори мактаб ба кор мегиранд. Ё худ, соли 1980 Н.Бобоев ба мактаби миёнаи №28-и ноҳияи Фархор ба сифати омӯзгор ба кор меоянд ва дере нагузашта дар ҳамин таълимгоҳ ҳамчун директор ва баъдтар дар муассисаи таълимии №25 ба сифати ҷонишини директор фаъолияташро идома медиҳад. Минбаъд Намозхон Бобоев тӯли 10 сол (1986-1995) ба ҳайси мушовир, нозири шуъбаи маориф адои вазифа кардаанд.
Меҳнати софдилона, муносибати ҳалимона, маҳорату истеъдод ва санъати баланди роҳбарӣ Н.Бобоевро ба ҷабҳаҳои дигари фаъолият водор сохт. Номбурда солҳои зиёд дар вазифаҳои мутахассиси масъалаҳои иҷтимоӣ ва маданӣ, мудири шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ (дар ноҳияи Фархор) фаъолият намудааст. Ана, ҳамин меҳнати софдилона ва кори бенуқсонашон он касро муттасил, зина ба зина ба пойтахти ҷумҳуриамон - шаҳри Душанбе овард. Дар ин ҷо Намозхон Бобоев солҳои 1998-2015 дар вазифаҳои гуногун: мутахассиси идораи кадрҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси Маркази идораи лоиҳаи кредит дар соҳаи маориф, муовини сардори идораи кадрҳо, сардори раёсати таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ ва илмию методӣ, мудири бахши муассисаҳои интернетӣ ва таҳсилоти иловагии раёсати таҳсилоти мактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ (барои бачаҳои душвортарбия), директори мактаб-интернати кӯдакони нобино дар шаҳри Ҳисор фаъолияти пурмаҳсул ва кори бенуқсон дошт.
Аз бозе ки Н.Бобоев дар мактаб - интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав ба ҳайси роҳбар адои вазифа доранд, дар ҳаёти парваришгоҳ як қатор тағйироти миқдорию сифатӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Муҳимаш он аст, ки мо аз устод чи дар соҳаи таълиму тарбия (методу усулҳои таълим) ва чи дар ҷодаи одаму одамгарӣ, бисёр чизҳоро омӯхтем.
Дар тӯли зиёда аз 42 соли кори пурмаҳсулашон дар куҷое, ки фаъолият доштанд, саҳми муносибе гузошта омаданд.
Дар баробари пеш бурдани кори таълиму тарбия, саҳм гирифтан дар корҳои ободонию созандагӣ, инчунин, ба корҳои эҷодӣ машғул шуда, муаллифи китоби вобаста ба таълиму тарбия, дастуру тавсияҳои методӣ ва чандин мақолаҳои ҷанбаи илмию тарбиявидошта низ мебошанд. Ба фаъолияти минбаъдаи устод комёбиҳои беназир таманно дорем.
Майсара Ҷумаева,
Олга Половова,
Саодат Олимова,
Ҳамроқул Маллаев,
омӯзгорони мактаб-
интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар
ноҳияи Шаҳринав
Иловакунӣ
Иловакунии фикр